logo

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои кишоварзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода дар ҷаласаи 5-уми вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои табиӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ», ки тариқи маҷозӣ доир гашт, сухан ронд, - иттилоъ дод шуъбаи матбуот ва иттилооти вазорат.
Дар ҷаласа вазирони кишоварзии Тоҷикистон ва Туркманистон, муовинони вазирони кишоварзии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, муовини директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва намояндагии минтақавии ин ниҳод ширкат варзиданд.
Иштирокдорон тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи устувори захираҳои табиат, эрозияи хок, барқарор ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии чарогоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
 
Ба 12 муассиса созҳои миллии мусиқӣ тақдим гардид
Ба 12 муассисаи таълимии Вазорати фарҳанг 137 сози миллии мусиқӣ, аз қабили 20 рубоб, 20 рубоби прима, 12 дутор, 20 ғиҷак, 11 чанг, 6 конун, 10 танбӯр, 2 пианино, 16 най, 20 доира тақдим гардиданд, - иттилоъ дод маркази матбуоти ниҳод.
Дар маросими тақдими созҳои мусиқӣ вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода иштирок намуд. Зикр гашт, ки ин амал баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи фарҳанг ва мукаммалгардонии муассисаҳои таълимии тобеи вазорат бо созҳои миллии мусиқӣ роҳандозӣ шуд.
 
 
 
 
Дар 5 сол беш аз 9 миллион ниҳол шинонда шуд
Тайи 5 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион ниҳоли дарахтони боровару сояафкан шинонда шуд ва ин раванд солҳои оянда низ идома хоҳад ёфт, то иқтидори коҳиш додани гази карбон дар Тоҷикистон афзоиш ёбад. 
Илова бар ин, майдони умумии ҳудудҳои ҳифзшавандаи Тоҷикистон аз 2,8 фоизи майдони умумии кишвар аз соли 1991 то соли 2021 - ум 22 фоиз зиёд шудааст. 
Ин нуктаро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ дар пойтахти Кения - шаҳри Найробӣ зикр намуд.
Ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди шаст дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, он макони асосии пиряхҳои минтақа аст. Қисми асосии захираҳои об дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар таъмини об ва рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.
 
 
 
 
Беҳтарин шаҳр ва ноҳияи варзишӣ дар соли 2021 
Дар маросими ҷоизасупории соҳаи варзиши мамлакат дар соли 2021 аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин шаҳр (ноҳия)-и варзишӣ дар соли 2021» шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Гулистон, Хоруғ ва ноҳияи Тоҷикобод бо назардошти таваҷҷуҳи хоссаашон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ғолиб дониста шуданд, - хабар дод Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Гуфта шуд, ки дар 5 соли охир дар пойтахт 262 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакона бунёд шуд. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои бонуфуз ширкат варзида, соҳиби 9 ҳазор медал гардиданд.
Айни замон, дар пойтахт бунёди варзишгоҳи бузург бо 30 ҳазор ҷойи нишаст ва 135 майдончаи варзиш дар назди биноҳои баландошёна идома дорад.
 
 
 
 
Шаклҳои нави COVID - 19 муайян карда мешаванд
Дар маросими қабули маводи зидди коронавирус муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки дар давраи пандемия дар доираи ҳамкориҳои тарафайн аз ҷониби ИМА ба Тоҷикистон шумораи зарурӣ ва саривақтии ваксинаҳои “Модерна” ва “Пфайзер” ҳамчун ёрии башардӯстона ворид шуданд. 
Соли 2021 тавассути барномаи Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон 4 маҷмуи озмоишгоҳҳои вирусологии ТЗП/ПЦР бо 3 дастгоҳи занҷираи полимеразӣ тақдим шуд.
 
 
 
 
Озмуни беҳтарин мақолаи наврӯзӣ
Ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ дар бораи Ҷашни Наврӯз»-ро барои омӯзгорону донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва журналистони касбӣ эълон намуд.
Гуфта мешавад, ки ҳар муаллиф метавонад ба озмун як мақола пешниҳод намояд, ки он фарогири мавзуъҳои нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯзи байналмилалӣ, Наврӯз - қадимтарин ҷашни мардуми тоҷик, расму оин ва анъанаҳои инсонпарваронаи Наврӯз бошад.
Барои ҷойи аввал 1500, дуюм 1000 ва сеюм 500 сомонӣ муқаррар гардидааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1150
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед