logo

иҷтимоиёт

НИГОҲИ ОСМОН БА ЗАМИН. СУХАНОНИ АРЗИШМАНДИ БУЗУРГОНИ ҶАҲОН ДАР БОРАИ МОДАР

 
Як инсон то замоне, ки модар дорад, фақир нест.
 
***
Шояд як модар битавонад бо фарзанди болиғи худ мухолифат кунад, аммо ҳаргиз наметавонад дар баробари як кӯдаки хурдсолаш, ки бозувони кӯчакашро ба сӯяш дароз карда, то ӯро дар оғӯш бигирад, мухолифат кунад.
***
Дар дунё ду тасвир барои ман зебост: тасвири гул ва тасвири модарам.
***
Модар мояи зиндагӣ аст.
***
Ҳеҷ зане ҷуз модар дар зиндагӣ пайдо намешавад, ки ишқу ҷавонӣ ва орзуҳои худро муфт ва мусаллам дар ихтиёри кас бигузорад.
 
***
Ба биҳишт намеравам, агар модарам он ҷо набошад.
 
***
Барои модар вожае зеботар аз фидокор наметавон ёфт.
 
***
Ин як қоидаи куллӣ аст, ки ҳамаи мардони барҷаста авомили бартарии худро аз модаронашон ба ирс мебаранд.
 
***
Ҳар он чиро кӯдак наметавонад бигӯяд, модар мефаҳмад.
 
***
Дар тамоми дунё танҳо як кӯдаки зебо вуҷуд дорад, ки ҳар модаре дорад.
***
Модар соҳиле аст, ки мо ҳама осебҳо, нигарониҳоямонро дар он ба ҷо мегузорем.
***
Модар диле барои шунидану фаҳмидан ва ишқе бидуни шарт дорад.
***
Модар созандаи ҷаҳон ва тоблуи Офаридгор аст.
 
***
Вақте модар бошед, ҳеҷ вақт дар афкоратон танҳо нестед. Ҳар модар дар бораи ҳар чиз ду бор фикр мекунад: як бор барои худаш ва як бор барои фарзандаш.
***
Модарам зеботарин зане буд, ки то ба ҳол дидаам. Тамоми чизе, ки алъон ҳастам, ба хотири модарам аст.
Ҳамаи  муваффақиятам дар зиндагиро ба хотири тарбияти ахлоқӣ, фикрӣ ва ҷисмӣ медонам, ки модарам бароям фароҳам кардааст.
 
***
Ман аз ишқ бадам меояд, барои ин ки як бор ошиқ шудам ва модарамро фаромӯш кардам.
***
Модари ман сахтиҳои зиёде ба хотири ман кашид, аммо фикр мекунам, аз тамоми ин сахтиҳо дар зиндагӣ лаззат бурдааст.
 
***
Танҳо модарон метавонанд ба оянда фикр кунанд, чун онҳо ояндаро бо таваллуди фарзандонашон сохтаанд.
 
***
Дунё ҳар чи дорад, аз ман аст ва ман ҳар чи дорам, аз модар.
 
***
Он гоҳ, ки фариштагон дар осмонҳо сар дар гӯши якдигар ниҳода ва наҷвогарона нағмаҳои пуршӯри ишқро сар медиҳанд, ҳаргиз наметавонанд калимае осмонитар аз модар биёбанд.
 
***
Модар ҷилваи Ҳақ аст, ризояти Худо аст, бояд Худоро хушнуд нигоҳ дошт.
***
Ҳеҷ гуле атр, рангу зебоии модарро надорад.
 
***
Устувортар аз ҳамаи пайвандҳо пайванде аст, ки дар миёни модару фарзанд барқарор аст.
***
Эй модар, ту монанди ситораи муқаддас дар осмони абадият собит ва дурахшон хоҳӣ монд.
***
Модар нигоҳи Осмон бар Замин аст.
 
***
Сарнавишти ояндаи як кӯдак ҳамеша кори модар аст.
 
***
Дар танҳоӣ ҳам танҳо нестем, чун нигоҳи модар бо мост. Марг ҳам нигоҳи ӯро аз мо намегирад.
***
Модар шудан марҳалаи камоли зан аст.
 
Интихоб ва баргардон аз хати арабиасоси форсӣ,  
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2022    №: 45    Мутолиа карданд: 575
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед