logo

иҷтимоиёт

ГУРДОФАРИДОНИ ПАРЧАМБАРДОР. АЗ ДАСТОВАРДИ МИҶГОНА ТО ДУРАХШИ ГУЛСУМБӢ

 
Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ бонувони тоҷик дар ҷодаи варзиш ба натиҷаҳои назаррас ва ифтихорафзо даст ёфтанд. Ҳамин аст, ки сол ба сол сафи ҷавондухтарони варзишгар зиёд шуда истодааст. Гурдофаридони майдон тавонистанд дар бонуфузтарин мусобиқоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, дирафши кишварро боло намоянд. Агар дар замони шуравӣ исми Зебунисо Рустамова вирди забонҳо буд, ҳоло ҷаҳониён ба неруи зани тоҷик қоиланд. 
 
МУШТИ ТИЛЛООВАР
Воқеан, хурсандиовар аст, ки имрӯз бонувони тоҷик дар майдонҳои бузурги ҷаҳон Ватани азизамонро ба таври шоис-та муаррифӣ мекунанд. Ҳар як дастоварди онҳо эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад. Танҳо соли рафта бонувони мо аз мусобиқоти байналмилалӣ ба хазинаи варзишии кишвар 129 медал ворид карданд. Ин шумора қариб 50 дарсади нишонҳое, ки варзишгарони мамлакат (398 медал) аз мусобиқоти байналмилалӣ ба даст овардаанд, ташкил медиҳад. Дар ин миён медали тиллои Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс (7 – 11 декабр, Нижневартовск, Россия) аз дастоварҳои беназири бонувон дар таърихи варзиши тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар баробари Миҷгона соли гузашта дигар духтарони тоҷик низ дар мусобиқоти байналмилалӣ муваффақ шуданд, вале дастоварди беҳтар ба марбут номи ӯст. Ҷавондухтари тоҷик ҷоми ҷаҳонро соҳиб гардид ва ба шарафаш Суруди миллии Тоҷикистон садо дод. Тавре худаш низ гуфт, хотирмонтарин лаҳза бароям ҳамоне буд, ки ба пояи мақоми аввал баромадаму он ҷо Суруди миллӣ садо дод ва Парчами давлатӣ барафрохта шуд.
1 марти соли ҷорӣ дар маросими ҷоизасупории соҳаи варзиши мамлакат дар соли 2021 Миҷгона Самадова барои ғолиб омадан дар ҷоми ҷаҳон ва барандаи медали биринҷӣ гардидан дар чемпионати Осиё Беҳтарин варзишгарбонуи соли 2021 эътироф шуд. 
 
ГУЛСУМБИИ РЕКОРДДОР
Бонуи давандаи тоҷик Гулсунбӣ Шарифова, ки дар аввал футболбоз буд, тавонист дар муддати кӯтоҳ дар варзиши сабук ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад. Агар гӯем, ки ӯ дар қораи Осиё ба ситораҳои дурахшон табдил ёфт, хато нахоҳем кард, зеро дар варзиши сабук 9 рекорд гузоштааст. Соли гузашта барои варзишгар, аз ҷумлаи солҳои хотирмон буд, чунки дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд дар масофаҳои 200 ва 400 метр мақоми аввалро касб намуд. Гузашта аз ин, масофаи 200 метрро бо натиҷаи 22,72 сония давида, меъёри олимпиро (22,80) иҷро кард, ки ин нишондод дар Осиё беҳтарин эътироф гашт. Инчунин, Гулсумбӣ ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 роҳхат гирифт, вале бо сабаби ҷароҳат бардоштани пояш натавонист дар ин мусобиқоти бонуфуз ширкат намояд. 
Бар пояи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонувоне, ки дар риштаҳои олимпӣ ва ғайриолимпии варзиш кишварро дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд, беш аз ҳазор нафаранд. Суҳбат бо варзишгарон ва кӯшишу заҳматҳои пайвастаашон дар тамринҳо нишон медиҳад, ки онҳо мехоҳанд бо маҳорату малакаи баланди хеш дар ҷаҳон номи зани тоҷикро мисли Парчами Тоҷикистон боло бардоранд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2022    №: 45    Мутолиа карданд: 577
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед