logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ЛАБИРИНТ»
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Ҳунарманд, бомаҳорат. 2. Яке аз рамзҳои миллӣ. 3. Навъи ширинӣ. 4. Романи адабиёти  муосири тоҷик. 5. *** Амиршоев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ. 8. Исми маъмулии мардонаи тоҷикӣ.  10. Муродифи вожаи Ватан. 13. Назм, тартиб. 14. Ҳаммаънои душман. 15. Ҳосил, натиҷа. 16. Котиб, хаттот. 18. *** Шарифзода, шоири тоҷик.  
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1. Кулли нақлиётро гӯянд.  4. «Нанг ва ***», романи  Нависандаи  халқии Тоҷикистон. 6. Шукркунанда. 7. «Вис ва ***». 9. Кӯҳу ***. 11.  «***атро чӣ кунам, гар  ту надорӣ сират» (Сайидо). 12. Як ҷузъи либос. 13. Хеле камёфт. 16. Хӯроки миллии тоҷикӣ. 18. Ҷирми осмонӣ. 19. Он, ки бо обёрӣ сару кор дорад. 20. Само, чарх, гардун.
 
Мураттиб  Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ,
сокини шаҳри Душанбе
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
 
bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
СЕ СОНИЯЕ, КИ ДУНЁРО БА ЛАРЗА ОВАРД
Рақобати ниҳоии бозии баскетбол миёни тимҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва ИМА дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Мюнхен – 1972 ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард. Мухлисон ин зӯрозмоиро, ҳатто финали фоҷиавӣ дар таърихи баскетбол унвон кардаанд. 
Мунтахаби шуравӣ дар қувваозмоӣ аз рӯйи ҳисоб пешсаф буд, вале 3 сония мондан то анҷоми вохӯрӣ Дуглас Коллинзи амрикоӣ ду зарбаи ҷаримавиро муваффақона иҷро карда, тимашро бо ҳисобӣ 50:49 ба пеш баровад. 
Баъди тайм-аути сармураббӣ баскетболбозони шуравӣ акнун бозиро оғоз карданд, ки бонги довар аз анҷоми вақт дарак дод. Мунтахаби ИМА пирӯзиашро ҷашн мегирифт, вале хушҳолии онҳо дер давом накард, зеро вақти боқимонда нодуруст ҳисоб шуда буд. Хуллас, се сонияи охири бозӣ аз нав доир шуд. Дар ин сонияҳои тақдирсоз ба Александр Белов муяссар гардид, ки тӯбро вориди сабад намуда, ҳисобро 51:50 ба фоидаи Иттиҳоди Шуравӣ тағйир диҳад. 
Амрикоиҳо дар маросими ҷоизасупорӣ ҳозир нашуданд ва то ҳол шикасти худро эътироф намекунанд. Медалҳои нуқраи онҳо бошад, дар Осорхонаи олимпии Лозанна маҳфузанд ва касе барои нишонҳо наомадааст.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
МАРИЯ КЮРИ – ФИДОИИ ИЛМ
Мария бори аввал соли 1903 дар соҳаи физика ба дарёфти ҷоизаи Нобел мушарраф гардид. Сипас, соли 1911 бори дувум бо ин ҷоизаи ҷаҳонӣ қадр шуд.
Мария Кюри нахустин бор дар таърих ба оламиён зуҳуроти радиоактивиро шарҳ дод. Ҳамроҳ бо шавҳараш Пйер Кюри тасаввуроти илмии олимони асри XIX - ро комилан тағйир ва ду элементи нави химиявӣ: радий ва полонийро кашф кард.
Ӯ тамоми ҳаёти хешро ба омӯзиши радиатсия сарф намуд, агарчи зарари онро барои ҷисму ҷонаш хуб медонист. Тааҷҷубовар нест, ки элементҳои радиактивиро аз озмоишгоҳ ба хонааш меовард ва ҳатто, дар сари мизи ғизохӯрӣ онҳоро меомӯхт.
Омӯзиши бидуни либоси муҳофизавӣ соли 1934 сабаби марги пажӯҳишгари маъруф ва воқеан ҳам, ӯ дар роҳи илм фидо шуд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
8.  ОСКАР ПИСТОРИУС - ДАВАНДАИ БЕПО
Оскар ҳамагӣ 11 моҳ дошт, ки кафи пойҳояшро буриданд, зеро модарзод пойҳои ӯ устухони соқ надоштанд. Бо вуҷуди ин, ин навраси африқоӣ аз зиндагии муқаррарӣ қафо намонд: мисли ҳама ҳамсолонаш мактабро хатм кард ва ҳамчун давандаи номӣ дар риштаи варзиши сабук сабзид. Теннис, оббозӣ ва полову навъҳои муҳорибаро бошад, барои худ хобби интихоб кард. Муваффақияти ғайриодии Оскар ин аст, ки ӯ бо вуҷуди бе пой буданаш, дар қатори варзишгарони солим қувваозмоӣ намуда, натиҷаҳои боварнокарданиеро соҳиб шудааст. Доварони байналмилалии ин навъи варзиш ғолибиятҳои бесобиқаи Оскарро миёни маъюбон дида, ба хулосае омаданд, ки ӯ қудрат дорад бо варзишгарони солим дар рақобат бошад. Ҳамин тавр, Оскари маъюб шуҳрати ҷаҳониро сазовор шуда, миёни дигар ҳамтақдиронаш як такони ҷиддиеро барои ба даст овардани муваффақиятҳои бештар ба вуҷуд овард. Ба ибораи дигар онҳоро бовар кунонд, ки бо кадом як айби модарзодие набояд худро аз дигарон камтар гирифт ва аз ҷомеа канор ҷуст.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АГАР МАРО  МЕКУШТЕД…
Бернард Шоуро дар айни авҷи шуҳраташ як нафар тасодуф бо велосипед зада, аз пой меафтонад. Бечора ронанда вақте кӣ будани ӯро мефаҳмад, ҳуш аз сараш мепарад ва илтиҷо мекунад, ки гуноҳашро бахшад.
- Бахшиш напурсед, писарам, мегӯяд ҷабрдида, - аз ду сар кори шумо омад накард. Агар мошин медоштеду маро зер мекардед, ана он вақт ҳамчун қотили Бернард Шоу номатон дар таърих мемонд.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
МАВЗЕЪҲОИ  ДАСТНОРАСИ САЙЁҲӢ
ҶАЗИРАҲОИ ПИТКЕРН
Ҷазираҳои Питкерн қаламрави бурунмарзии Британияи Кабиранд. Ҷазираҳо дар қисми ҷанубии уқёнуси Ором ҷойгир буда, бо Полинезияи Фаронса ҳамсарҳад мебошанд. 
Питкерн яке аз панҷ ҷазира аст, ки он ҷо одамон истиқомат мекунанд. Боқимонда ҷазираҳо бинобар нарасидани оби ошомиданӣ беодаманд. Он камаҳолитарини минтақаи ҷаҳон аст. Аҳолиаш 56 нафар мебошад. 
Бо вуҷуди мавҷудияти нақлиёти ҳозиразамон онҳо ҳанӯз ҳам, яке аз ҷамоаҳои ҷудогона ва минтақаашон аз дастнорастарин дар сайёра ба шумор меравад. Дар ҷазира фурудгоҳ нест ва барои расидан ба он аз материк бояд дар киштӣ то даҳ рӯз шино кард ва аз наздиктарин хати парвоз (Полинезия) бояд тавассути баҳр яку ним рӯз рафт.
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
НОГУФТАҲО АЗ ОЛАМИ ПАРАНДАҲО
РАМЗИ ҒУРУРУ МАРДОНАГӢ 
Уқоб дар фарҳанги бисёр миллатҳо рамзи мардонагӣ ва ҷасорату шуҷоат аст. Одамони бонангу номусро ба уқоб ташбеҳ медиҳанд, ки бесабаб нест. Аввал ин, ки уқоб макони аз ҳама баландро барои зист интихоб менамояд ва ошёнашро бо баҳои ҷон муҳофизат мекунад. Бо вуҷуди он ки лонааш 2 метр бару ним метр паҳно дорад, сол ба сол онро васеътар менамояд. Инчунин, парандаест посдори мерос. Уқобон лонаҳои садсолаашонро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.  
Ғайр аз ин, уқоб қудрат дорад бо чашмони тезбинаш то 11,5 километрро бинад. Дар як вақт ду ашёро низ дида метавонад, ки инсон танҳо ба дидани яктои он қодир аст. 
Уқоб туфайли болҳои махсусаш, ҳатто дар тӯфон оромона парвоз менамояд. Баландии парвози ӯ то 9 километр аст, ки ҳатто на ҳар ҳавопаймо ин қудратро дорад. 
Дар Мисру Хитой рамзи Офтоб аст. Акси паранда дар парчами бисёр кишварҳо, аз ҷумла Россия, инъикос ёфтааст. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
БОДИНҶОН  НИКОТИН ДОРАД
Дар таркиби як килограмм бодинҷон 100 микрограмм никотин мавҷуд буда, ба бадан зарар надорад.
Бодинҷон барои тарки сигоркашӣ ёрӣ мерасонад. Ба фикри табибон, каме консентратсияи никотини таркиби бодинҷон вақти тарки сигоркашӣ барои бартарафии хумори сигор кифоя аст. 
Миқдори никотини як дона сигор ба миқдори никотини 10 килограмм бодинҷон баробар аст.
 
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ 
 
 
 
ЭКОВЕКТОР
ЧИЛДУХТАРОН 
Чилдухтарон – номи силсила-кӯҳест дар ноҳияи Муъминобод. Ин кӯҳҳо аслан муҷассамаи одамонеанд, ки ба худ асрори хосе доранд.  Ривояте ҳаст, ки дар замони хеле қадим, тӯдаи золимон ба сарзамини Муъминобод ҳуҷум мекунад. Чил духтари паричеҳра аз онҳо гурехта, дар ниҳояти ноилоҷӣ ва ба хотири нигаҳ доштани покдоманӣ ба Худо рӯ меоранд, то онҳоро ба санг табдил диҳад. Ҳамин тавр, чил ҳури заминӣ ба санг мубаддал шудааст.
Ин ҷо аз зеботарин мавзеъҳои сайёҳии кишвари мо буда, филми маъруфи «Рустам ва Суҳроб» аз ин рӯ, дар ҳамин ҷо ба навор гирифта шудааст.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
ХОҲАРИЮ БАРОДАРӢ ДАР РАҲМИ МОДАР
 
Бонуе дар раҳми худ дугоник дошт. Дар давраи дуҷонӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд. Духтурон марги ӯ ва яке аз тифлонро қабл аз таваллуд тахмин карданд, зеро дар санҷишҳои махсус нуқсе ошкор шуда буд.
Ниҳоят табибон маҷбур шуданд, ки ҷарроҳӣ гузаронанд. Дар рафти ҷарроҳӣ табибон ангушти ҳайрат газиданд, зеро тифлак дасти ҳамроҳи худро дошта буд.
Дугоникҳо солим ба дунё омаданд. Аҳли тиб хулоса карданд, ки агар духтарак дасти писаракро намедошт, шояд ӯ нобуд мешуд.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
БЕРУН АЗ СИЁСАТ
ПРЕЗИДЕНТ – БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ ТЕННИСИ РӮЙИ МИЗ
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар байни сарварони кишварҳои дигар бо оромӣ, тамкин ва ҷиддият шинохта шудааст. Ӯ стресси кориро бештар бо мутолиаи китобҳои саргузаштӣ, бадеӣ ва сиёсӣ ҷуброн мекунад. Донандаи 4 забони хориҷӣ: чинӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва русист.
Илова ба ин ҳама, ӯ яке аз беҳтарин варзишгарони тенниси рӯйи миз дар Қазоқистон аст. Пеш аз ба мансаби президентӣ расидан, 13 сол сардори Федератсияи тенниси рӯйи миз дар ин кишвар буд. Моҳи майи соли ҷорӣ ба синни 69 мерасад, аммо бе ҳеҷ дудилагӣ бо варзишгарони ҷавон сабқат меварзад, зеро ҳолати ҷисмонии худро хуб нигоҳ доштааст.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
ОМӮЗГОРРО АЗ САРАТОН НАҶОТ ДОДАН ХОСТАНД
Хонандагони дабистоне аз Ню-Ҳемпшири ИМА огоҳ шуданд, ки  омӯзгорашон мубталои саратон гаштааст. Онҳо 8 ҳазор доллари ба хотири ҷашнгирии ҷамъбасти соли таҳсил ҷамъшударо ба ӯ доданд.
Рӯзноманигорон дар мавриди даст кашидани хонандагон аз сафари анъанавии тобистона ба кӯҳсор ҷиҳати ёрӣ ба муаллимашон дар мубориза бо саратон матолиб нашр намуданд. Падару модарони шогирдон низ аз ин хайрхоҳии фарзандон шод гардиданд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ҲАР ЧИ ШУДАНАШ МУМКИН…
Соли 1972  як ҳиндубачаи миёнаҳол ба  Ҷон Леннон, шахсияти хеле шуҳратманд, асосгузори гурӯҳи он вақт оламгири «Битлс» нома навишта хоҳиш мекунад, ки барои саёҳати ҷаҳонгардияш каме маблағ хайр кунад. Леннони худписанду болоназар бо тамасхур чунин посух медиҳад:
- Чашмонатро пӯшу тасаввур кун, ки дунёро тамошо дорӣ, шояд тахайюли рангинат туро ба орзуҳоят мерасонад.
Бовар нокарданист, вале соли 1995, яъне  баъд аз 15 соли даргузашти Леннон ҳамон ҳиндубача номаи ҷавобии ӯро дар музояда фурӯхта, ба сайри ҷаҳон мебарояд ва ба мақсадаш мерасад. 
 
Аз русӣ тарҷимаи  Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ТӮБ АЗ МӮЙИ ИНСОН
 
Стив Уорден, сартарош ва ороишгар аз Кембриҷ, дар фикри ба вуҷуд овардани ягон падидаи нодир буд ва бо шарофати касбу кораш ба ин орзуи худ расид. Ӯ аз мӯйи сари мизоҷони худ, ки давоми солҳои фаъолияташ ҷамъ намуда буд, бо истифода аз ширеш тӯб сохт ва номи онро Хосс монд. Он нахуст ба андозаи тӯби бейсбол буд ва мунтазам калон шудан гирифт. Стив тӯби ғайриодиашро ба намоишгоҳи «Comic Con» гузошта, аз мизоҷон хост, ки барои калонтар шудани тӯби мазкур мӯйҳои худро дареғ надоранд. Ҳозирин дарҳол саҳми худро гузоштанд. Тӯб102,12 кг вазн дорад ва ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
 
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ 
ПАРВОЗИ АВВАЛИН ЗАН БА КАЙҲОН
Валентина Терешкова дар таърихи инсоният аввалин зане гардид, ки  ба кайҳон парвоз намудааст. Ин ҳодиса 16 июни соли 1963 сурат гирифт. 
Ӯ соли 1937 дар деҳаи хурде андар наздикии Ярослав таваллуд шуда,  дар синни 26 - солагӣ аввалин кайҳоннавардзан гардид. Аз хурдӣ ба навъи махсуси варзиш – паридан бо парашют завқ дошт. Бинобар ин, дар наврасӣ  ва ҷавонӣ ҷиддан ба он машғул гардида, ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гардид. Ҳамин сабаб шуд, ки Валентинаро барои парвоз ба кайҳон ҷалб намуданд. 
Ӯ парвозашро ба кайҳон то охирин лаҳза махфӣ нигоҳ дошт. Пеш аз парвоз ба хешовандон гуфт, ки ба мусобиқаи десантчиён меравад. 
Баъди Валентина Терешкова қариб 70 зан аз мамлакатҳои гуногун ба кайҳон парвоз кардаанд.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
КИТОБ ВА ЗАМОНИ МО 
«ПАДАРИ  САРВАТМАНД, ПАДАРИ КАМБИЗОАТ»
Роберт Кийосаки  -  сармоягузори  шинохтаи   Амрико  ва  Шэрон Лектер  -  бизнесвумени амрикоӣ, таъсисдиҳандагони   ташкилоти таълимоти молиявии «Pay Your Family First»  китобашон  -   «Падари  сарватманд, падари камбизоат»-ро чоп карда, бениҳоят машҳур шуданд. Он дар бораи   волидайни  доро  ба фарзандаш чиро меомӯзад ва  падару модари камбизоат ба фарзандаш чиро  намеомӯзонад, хони баҳс меорояд.
Китоб аз асрори сарватманд шудан нақл карда, тавсия медиҳад, ки фикрронии одами дороро  ба даст оварда  бошем, на сарвати онҳоро. Шахсони доро  барои ба даст овардани   маблағ одатан кори ҷисмонӣ намекунанд, балки роҳҳои кор фармудани маблағро меҷӯянд. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2022    №: 45    Мутолиа карданд: 2397
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед