logo

иҷтимоиёт

МАНУ УСТОД ШИРИН БУНЁД

 
Соли аввали корам дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Шуғнон буд. Баҳорон ба мактаб ҷиҳати санҷиши омодагиҳо ба интихоботи вакилони Шурои Олӣ як ҳайати бонуфузи гурӯҳи корӣ омад. Онҳо дар баробари дигар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ газетаи девориро ҳам аз назар гузаронданд. Баъди дарс Оғоназар Ғоибназаров, директори мактаб, маро назди худ хонд. Дар ҳуҷраи директор шоири шинохта Ширин Бунёд, рӯзноманигори варзида Наҷмиддин Шоҳинбод ва чанд нафари дигар аз ҳайати намояндагон  нишаста буданд.
- Додарам, ту хеле ҷавон будаӣ, - ба гап сар кард устод Ширин Бунёд, - хаёл кардам, ки ҳозир як омӯзгори солхӯрда аз дар медарояд. Вале хеле шодам, ки ту ҷавонӣ. Гап сари он ки газетаи девориро ту мебаровардаӣ. Хеле заҳмат кашидаӣ. Ҳам забон ва ҳам муҳтавову ҷобаҷогузории мақолаҳо ба мо хеле писанд омад. Ман ҳозир гуфтам, на ҳар газетаи ноҳиявӣ дар ин сатҳ мебарояд. Барои мо ҳам (манзур рӯзномаи “Бадахшони советӣ”) навис. Қалам доштаӣ.
Бо пешниҳоди устод робитаам бо “Бадахшони советӣ” оғоз гардид. Устод Ширин Бунёд он вақт  мудири шуъбаи маориф, илм ва фарҳанги рӯзнома буд. Ман ҳафтае як маротиба ба редаксия меомадам. Мақола ё шеър меовардам. Онҳо нашр мешуданд. Вале дар масъалаи шеър устод Ширин  тавсия доданд, ки шитоб накунам. “Соле як ё ду шеърат ба чоп равад, кифоя, - мегуфтанд. - Бигзор хонандаи газета шеърҳои туро интизор шавад”. Баъзан барои як калимаи ноҷо шеър ҳафтаҳо дар пеши устод мемонд. Агар худам калимаи мувофиқ  пайдо мекардам, зуд ба устод хабар медодам, агар ӯ меёфт, бо камоли хурсандӣ маро огоҳ мекард ва мегуфт: “Ана акнун метавонем, бо дили пур шеърро ба чоп супорем”. Баъдан узви маҳфили адабии назди  рӯзномаи  “Бадахшони советӣ”, ки бо ташаббуси устод Ширин ташкил шудаву худ онро сарварӣ мекард, гардидам. Дар маҳфил шеърҳоямон мавриди таҳлил қарор дода мешуданд, ҳусну қубҳашонро нишон медоданд. Бо қувваи аъзои маҳфил дар деҳоти вилоят маҳфилҳои шеъру адаб  ташкил мешуданд. Мо аз чакидаҳои хомаи худ намунаҳоро мехондем. Вале устод бештар беҳтарин намунаҳои шеъри тоҷикро  нисори ҳаводорони шеъри ноб мекард.
Устод аз муваффақияти шогирдон хеле хурсанд мешуд. Агар шеъри шогирде писанд меафтод, онро гаштаву баргашта мехонд ва бо  мамнунӣ сар меҷунбонду “баҳ - баҳ, ана шеър”, - мегуфт.  Ёд дорам, боре бо номи “Шеър банд” як чакомаамро  ба устод пешниҳод намудам. Устод онро хондаравон оҳиста – оҳиста бо оҳанги шевое замзама кардан гирифт:
Суҳбати  аҳли  дардро,
Нукташинос мардро,
Нуқта ба нуқта ёд кун,
Ҷумла ба ҷумла шеър банд.
Лаъли  лаби  нигораке,
Шӯхаки беқарораке, 
Гӯша ба гӯша бӯса деҳ,
Бӯса ба бӯса шеър банд.
Лаб-лаби  чашмаи  Саҷар,
Гар бикунӣ яке гузар.
Қатра ба қатра нӯш кун,
Ҷуръа ба ҷуръа шеър банд.... 
- Медонӣ,- гуфт устод,- шеъри хуб худаш ба худ оҳанг мебандад. Ана дар ин шеърат такрор омадани калимаҳо ба ҳусни шеър ҳусни нав зам кардаанд, балки ба он оҳанг  бастаанд.
Ширин Бунёд дар жанри публитсистика ҳам  беҳамто буд. Бештар очерк менавишт. Эҷоди ҷавононро ҳам дар ин  жанр мутолиа мекард ва тавсияҳои беғаразу муфид медод. 
Устод бо тамоми камолоташ  хеле хоксор буд. Шоири халқии Тоҷикистон худро дар ягон маҳфил аз касе боло намегирифт. Баъзан  шогирдон хоҳиш мекарданд, ки устод суруде сарояд ва ӯ бетакаллуф қашқарчаашро ба даст мегирифт.
Соле ба Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагӣ медидем. Барои барномаи фарҳангӣ шеър лозим шуду ба устод муроҷиат кардам. Он вақт Ширин Бунёд  хабарнигори махсуси рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ВМКБ буд. Рӯзи дигар маҷмуаи шеърҳояшро ба ман  фиристод, ки дар он чунин навиштае буд: “Ба шоир ва дӯсти хоксорам Раҳмони Гулзор аз муаллиф”. Ба андеша рафтам: “Чи қадар бузургӣ ва, ҳамзамон, хоксории инсон  дар дили фарохи устод Ширин Бунёд маъво дошт”.
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2022    №: 46    Мутолиа карданд: 684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед