logo

Хабарҳо

ПАНҶАКЕНТ. ДАШТҲО САМАР МЕОРАНД

Барои аз худ кардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самаранокии он, афзудани истеҳсолот ва рушди боғу токпарварӣ дар шаҳри Панҷакент дар мавсими нави баҳор 150 гектар боғ бунёд меёбад.
Ин заминҳо наздик ба панҷоҳ сол бинобар мушкилии об аз кишт дар канор монда буданд. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  соли равон тариқи бунёд кардани пойгоҳи обкашӣ ба маблағи 2,8 миллион сомонӣ аз нав пурра  обёрӣ мешавад. 
Бино ба иттилои Қурбонмурод Усмонов, сардори  идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр пойгоҳи обкашӣ бо ҷалби мутахассисони варзида дар муддати кӯтоҳ бунёд шуда, аз даҳаи дувуми моҳи март мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Заминҳо аз ҳисоби дарёи Зарафшон дар баландии зиёда аз 80 метр ва тавассути лӯлаҳои махсус дар масофаи 1200 метр  тамоми фасли сол бо об таъмин мегарданд.  Тасмим аст, ки дар ин мавзеъ  имсол 50 гектар боғи чормағз, 36 гектар сиёҳолу, 26 гектар токзор, 16 гектар себ, 4 гектар олу ва 12 гектар тутзор бунёд шавад. Бо ширкати қариб 300 саҳмдор аз 37 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ  шинондани ниҳолҳои чормағзу сиёҳолу ва токи ангур  шуруъ шуда, то фарорасии Наврӯзи оламафрӯз идома меёбад.
- Боғҳои нав  мутобиқи талаботи технологияҳои пешқадами суперинтенсивӣ бунёд  мешаванд. Дар мавсими имсола  дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳр зиёда аз 200 гектар боғҳои нави замонавӣ мавриди парвариш қарор мегиранд, - гуфт Ғолибҷон Гадоев, сардори раёсати кишоварзии шаҳр.
 
 
 
 
ЗАФАРОБОД.  ТО СОЛИ 2025 КИШОВАРЗОН ПУРРА БО ОБ ТАЪМИН МЕГАРДАНД
Зафаробод аз ноҳияҳоест, ки кишоварзони он танҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ парвариши зироатҳоро ба роҳ мемонанд. Пойгоҳҳои обкашӣ  дар ноҳия ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шудаанд. Бинобар фарсудашавии таҷҳизотҳо дар мавсими обёрӣ дар онҳо тез-тез садамаҳои техникӣ ба амал омада,  деҳқонон ба норасоии об рӯ ба рӯ мешаванд. Ҷиҳати ҳалли  мушкили пешомада, дар ноҳия дар маҷмуъ,  бо маблағи 56,8 миллион доллари ИМА барнома тарҳрезӣ шудааст. Татбиқи он шароит фароҳам меорад, ки то соли 2025 ин масъалаи муҳим  комилан ҳалли худро ёбад. 
Тавре Раҷаббой Ашӯр-зода, раиси ноҳия, иброз дошт, соли равон бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 10 миллион сомонӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5 миллион сомонӣ аз шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дастгоҳи обкашӣ ворид карда мешавад. 
Танҳо соли 2021 деҳқонони ноҳия дар маҷмуъ, ба маблағи 507 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол кардаанд.  Дар панҷ соли охир дар ноҳия дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ чанд корхонаи коркарди пахта, маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва пӯст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то 250 - 300 сокини маҳаллӣ бо ҷойи нави кор таъмин шуд.
 
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 854
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед