logo

Хабарҳо

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо хонум Сахиба Гафарова

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Сахиба Гафарова вохӯрд. 
Дар суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнипорлумонӣ, рушди муносибатҳои ҳамкорӣ, инчунин, ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ гаштанд.
Дар робита ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатӣ пешниҳод гардид, ки дар ҳошияи таҷлили сисолагии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ доир гарданд.
Пас аз мулоқот Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон имзо шуд.
 
 
 
Душанбе – Боку бародаршаҳр 
Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сарвари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку Элдар Азизов мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин, дар мубодилаи таҷриба дар байни  субъектҳои  хоҷагидории  шаҳрҳо  ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Дар фарҷом Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боку ба имзо расид.
 
 
 
Боздид аз Агентии хизматрасонӣ 
Дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал оварданд.
Агентии мазкур бо ташаббуси Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев соли 2012 таъсис ёфта, дар марказҳои он шаҳрвандон метавонанд новобаста аз маҳали бақайдгирӣ, аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо ва 30 ширкату корхонаҳои хусусӣ беш аз 320 намуди хизматрасонии электрониро тибқи принсипи «равзанаи ягона» истифода баранд. Давомнокии миёнаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон 5-10 дақиқаро ташкил медиҳад.
 
 
 
Маҳдудиятҳо бардошта мешаванд
Аз 15 марти соли ҷорӣ фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба реҷаи одӣ гузаронда шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксиназанӣ пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. 
Дар ин бора қарори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. 
Тибқи қарор, гувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад. Ҳамчунин, баргузор намудани ҷашнҳои домодию арӯсӣ ва дигар маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешаванд.
 
 
 
Қадрдонии заҳмати хизматчиёну поккорон 
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи раиси шаҳр, дигар воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва занони собиқадору фаъол бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии Наврӯз ба 4000 нафар занону бонувон туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ тақдим гардиданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, ҳамчунин, дар доираи таҷлили Рӯзи Модар муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ба аёдати занони собиқадор рафтанд. Иҷрои чунин амал қадршиносии меҳнати собиқадорон маҳсуб ёфта, амалӣ намудани он дар ноҳияҳои пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 935
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед