logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР

9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ворид шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср самимона истиқбол гирифтанд.
 
БОЗДИД АЗ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ “ҶИПТО ФАРМА” ВА “T&C GARMENTS”  ДАР ШАҲРИ АЛ – ХАНКА
9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар минтақаи Ал - Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Си Гарментс” (“T&C Garments”) боздид намуданд.
Дар корхонаи “Ҷипто фарма” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари Миёна ба ҳисоб меравад. Корхона дорои қудрат ва тавоноии истеҳсоли тамоми намуди доруҳои табобатӣ мебошад.
Корхонаи “Ҷипто фарма” яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолии доруи рақобатпазир дар ҷаҳон аст.
Ширкати мазкур пурра барои истеҳсоли доруҳои гуногуни тиббӣ дар масоҳати 180 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Як қатор доруҳои дар олам маъруф, дар ин ширкат истеҳсол мешаванд. 
Баъди  шиносоӣ  бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони соҳаҳои саноату тандурустӣ ва ширкати дорусозии мисрӣ оид ба рушди ҳамкорӣ, имконияту захираҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар, суҳбати созанда доир карданд.
Сипас, дар минтақаи саноатии Ал-Ханка Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкати “Ти энд Си Гарментс” (“T&C Garments”) шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур ширкати муштараки саноатӣ доир ба истеҳсоли матоъ ва дӯхти сарулибосҳо аз матои ҷинс мебошад.
Корхона аз ҷониби ширкатҳои мисрии “Толба Груп” ва “Тай Груп”-и Туркия соли 2010 таъсис ёфтааст.
Бо истифода аз технология ва системаҳои пешрафта, ин иншооти истеҳсолӣ дар шаҳри Обури Миср дар масоҳати 68 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, 4 ҳазор коргар дорад.
Дар ҳамин ҷо пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва иқтидори истеҳсолии он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти корхона оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ-истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахта, нахи пахта ва матоъҳои босифат, суҳбати самимӣ доир намуданд.
 
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТАМАДДУНИ МИСР
9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд.
Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигора мебошад. Осорхона дар баробари ба маъраз гузоштани дастовардҳои Миср дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ аз ибтидои таърих то замони муосир ва аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср нақл мекунад.
Корҳои таъсиси Осорхонаи миллии тамаддуни Миср бо иқдоми ЮНЕСКО дар доираи ташаббуси байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси Осорхонаи миллии тамаддун ва Осорхонаи Нуба дар Асвон пас аз ковишҳои бостоншиносӣ соли 2000 оғоз ёфта, сохтмони бино соли 2021 ба итмом расид. Маросими ифтитоҳ бо чорабинии муҳташами байналмилалӣ  “Паради Мумиҳо” баргузор гардид.
Нигораҳои осорхона дар 9 толор, аз ҷумла як намоишгоҳи асосии доимӣ оид ба муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни Миср, бо шаш намоишгоҳи мавзуӣ, аз қабили “Субҳи тамаддун”, “Дарёи Нил”, “Навиштаҷот”, “Давлат ва ҷомеа”, “Фарҳанг”, “Эътиқод ва ғояҳо” ва намоишгоҳи мумиҳои подшоҳӣ ҷойгир шудаанд.
Осорхона дорои маконҳои калони муваққатии намоишӣ, толор ва маркази таълим ва тадқиқот, инчунин, намоишгоҳи марбут ба рушди шаҳри Қоҳираи Нав мебошад. Он ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоиши филмҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ, хизмат мекунад.
Дар толори асосии намоишгоҳи осорхона як қатор осори таърихӣ мавҷуд аст, ки дар бораи тамаддуни Миср аз давраҳои фиръавнӣ, юнонӣ, румӣ, қибтӣ, исломӣ ва давраи муосир ба тамошобин тасаввуроти васеъ медиҳад.
Толори мумиёҳо меҳмононро бо фазои водии Подшоҳон ошно месозад. Дар толор 20 мумиҳои подшоҳон, аз ҷумла 18 подшоҳ ва ду малика, аз сулолаҳои ҳабдаҳум то бистум иборат аст. Муҳимтарини ин мумиҳо мумии шоҳ Секенен Ра Тао, шоҳ Тутмоси III, малика Хатшепсут, шоҳ Рамзес II ва шоҳ Рамзес III мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек ҷиҳати рушду пешрафти кишвари дӯсти Ҷумҳурии Арабии Миср соядаст гузоштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2022    №: 47    Мутолиа карданд: 1479
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед