туризм
АГРОЭКОСАЙЁҲӢ. ИМКОНИЯТИ РУШД ВА ДУРНАМОИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон дар ҳамбастагии фазоҳои гуногуни табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва этникӣ сарзамини аҷиб мебошад. Дар ин ҷо метавон навъҳои гуногуни сайёҳиро рушд дод, ки яке аз онҳо агроэкосайёҳӣ мебошад.
Ба андешаи мутахассисон, сайёҳии кишоварзӣ танҳо хоси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бо фаъолияти онҳо алоқаманд нест. Дар таҷрибаи рушди сайёҳии бисёр кишварҳо сайёҳии экологӣ ва сайёҳии кишоварзӣ мафҳумҳои ҳамдигарро пурракунанда ва бо ҳам алоқаманд дониста шуда, дар як бахши агроэкосайёҳӣ муттаҳид шудаанд. Тавре коршиносони соҳа иброз доштаанд, ин навъи сайёҳӣ метавонад яке аз механизмҳои баланд бардоштани самаранокии кишоварзии Тоҷикистон ва, дар маҷмуъ, иқтисодиёт гардад. Азбаски 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ин омил метавонад боиси инкишофи инфрасохтори наздишаҳрӣ, баландшавии сатҳи зиндагии сокинон ва ҷалби сармояи иловагӣ ба иқтисодиёт гардад.
Бо назардошти ин, Тоҷикистон ният дорад ин намуди сайёҳиро ба роҳ монад. Бо ин мақсад, ба боғҳои себу ангур хатсайрҳо кушода шуданд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта, ба пахтазор баровардани гурӯҳҳои сайёҳон пешбинӣ шуда буд, вале бинобар пандемия нақшаҳо амалӣ нагаштанд.
ҲАВАСМАНД НАБУДАН - МУШКИЛИ АСОСӢ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агроэкосайёҳӣ дар баробари дигар корҳои кишоварзӣ инкишоф меёбад ва иқтидори мавҷуда барои рушди ҳамаҷиҳатаи он амалан истифода намешавад. Ин ҷо ҳавасманд набудани деҳқонон барои ташкили чунин навъи сайёҳӣ мушкили асосӣ арзёбӣ мешавад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки барои пешрафти агроэкосайёҳӣ тадбирҳо дар самти ташаккули фарҳанги сокинони деҳот муҳим мебошад. Дар акси ҳол сайёҳӣ дар деҳот самаранок нахоҳад буд. Инчунин, меҳмоннавозии классикии мардум ба манбаи даромад табдил ёфтани сайёҳӣ то андозае монеа эҷод мекунад. Муҳим он аст, ки дар ин ҳол имкониятҳои табиии Тоҷикистон ройгон истифода мешаванд.
Аммо, ин тамоюл на дар ҳама минтақаҳои кишвар дида мешавад. Дар ВМКБ, ноҳияи Варзоб ва минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат назари мардум ба сайёҳӣ дигар аст. Дар ин ҷойҳо сокинон ба сайёҳон манзилҳои истиқоматии худро барои будубоши муваққатӣ пешниҳод медоранд. Чунин хонаҳои истиқоматӣ барои сайёҳоне, ки имкониятҳояшон маҳдуданд, махсусан барои сайёҳони дохилӣ, ниҳоят мувофиқ аст. Ин омил метавонад ҳам ба сайёҳии дохилӣ ва ҳам барои даромади муносиби сокинони маҳаллӣ заминагузор бошад.
ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар Ғарб агроэкосайёҳӣ то рафт маъмул шуда истодааст. Шаҳрнишинон гузарондани вақти худро бештар дар деҳот афзал мешуморанд, то аз ҳавои тоза нафас гиранд, табиатро тамошо кунанд, дар хонаи деҳқонон истиқомат ва дар саҳрову боғ кор карда, маҳсулоти тоза истеъмол намоянд. Ин намуди сайёҳӣ дар кишварҳои ИМА ва Аврупои Ғарбӣ дар тули 20 соли охир ба як соҳаи мустақил ва сердаромади сайёҳӣ табдил ёфт. Дар ин кишварҳо сафар ба деҳот пас аз истироҳат дар соҳили баҳр дар ҷойи дуюм меистад. Садҳо ҳазор сокинони деҳот омодаанд дар хонаҳои худ сайёҳони инфиродӣ, оилаҳо ва гурӯҳҳои калонро қабул намоянд.
Сайёҳӣ дар деҳот то пандемия, тибқи маълумоти СҶС яке аз панҷ самти стратегии ҷаҳонии рушди сайёҳӣ арзёбӣ мешуд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, то пандемия ҳамасола 700 миллион сайёҳ аз мавзеъҳои гуногуни ҷаҳон дидан мекард, ки тақрибан аз 10 то 30 дарсади онҳоро сайёҳии агроэкосайёҳӣ ташкил медод. Аммо, ин рақам танҳо сайёҳии байналмилалиро тавсиф мекунад, шумораи сайёҳони дохилӣ бамаротиб бештар аст.
БАРТАРИЯТҲОИ САЙЁҲИИ АГРОЭКОСАЙЁҲӢ
Назар ба дигар навъҳо ташкили сайёҳӣ дар деҳот як қатор бартариятҳо дорад. Барои оғози тиҷорати сайёҳӣ сармоягузории калон лозим нест: деҳқонони хоҳишманд бо хароҷоти камтарин метавонанд ин тиҷоратро оғоз намоянд. Ҳамзамон, ба ин восита, дар деҳот ҳунармандӣ инкишоф ёфта, фарҳанги тиҷоратии мардум баланд мегардад. Гузашта аз ин, маҳсулоти хӯрокворӣ дар деҳот назар ба шаҳр 2 - 2,5 баробар арзонтар аст, ин хароҷоти сайёҳонро кам мекунад. Имкони истеъмоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, хӯрдани хӯрокҳои лазизи милливу маҳаллӣ, гаштугузор дар ҳавои тоза ва истироҳати дур аз издиҳоми одамон, иштирок дар иду ҷашнҳо ва расму оинҳои маҳаллӣ ба деҳа омадани сайёҳонро ҳавасманд менамояд.
Агроэкосайёҳӣ метавонад дар Тоҷикистон ҳам рушд кунад, ки ба сатҳи зиндагии аҳолии деҳот таъсири мусбат мерасонад. Дар ҳамин ҳол, рушди дигар бахшҳои алоқаманд, назири алоқа, нақлиёт, инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои кории нав таъмин мегарданд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.03.2022 №: 47 Мутолиа карданд: 7579