logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Қотил 23 сол паси панҷара рафт
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Ҷӯрабек Набиев барои куштани одам бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2 банди «е» Кодекси ҷиноятӣ) 23 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, маҳкумшуда 3 декабри соли 2021 дар заминаи рашк шаҳрванд А. Содиқовро бо зарби табар сахт маҷруҳ карда, ӯро бо бензин оташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Баъд аз ин амали ҷинояткорона Ҷ. Набиев бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан худро ба дор кашида, мехост худкушӣ намояд. Вале ҳамсояҳо аз ин моҷаро огоҳ шуда, ӯро аз банд раҳо карданд, ки акнун муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт сипарӣ хоҳад кард.
 
 
ИФРОТГАРОӢ
Мубаллиғи экстремизм аз озодӣ маҳрум шуд
Суди шаҳри Ваҳдат бо дастрасии моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ Раҳмонзода Беҳрӯзи Абдуллоҷонро барои ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон кард.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Беҳрӯзи Абдуллоҷон барномаҳои дорои мазмуни ифротгароиро, ки аз ҷониби саркардагони ташкилотҳои террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ҳаракати Толибон» таҳияву дар интернет пахш мешаванд, мунтазам тамошо намуда, тавассути саҳифаи шахсиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ҳадафмандона паҳн намудааст. 
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод.
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Фиребгар ба дасти милитсия афтод
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан алайҳи як сокини шаҳр, ки маркази матбуоти ВКД аз ӯ марди 65-сола ном мебарад бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.
Ин мард дар қаллобӣ гумонбар шуда, аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи декабри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 70 ҳазору 500 сомонӣ ва 8 ҳазору 450 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардондааст.
Ҳоло, вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дошта, тибқи муқаррароти ин банди қонун айбдоршавандаро ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз якҳазору чорсаду шаст то дуҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол таҳдид мекунад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2022    №: 47    Мутолиа карданд: 2695
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед