logo

порлумон

ҚОНУНГУЗОРӢ. ИХТИЛОФОТ ДАР МАҚОМОТИ АДЛИЯ БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Бо мақсади самаранокии ташкили фаъолият, истифодаи мувофиқи институти ҷойивазкунӣ ва бартараф намудани ихтилофот дар мақомоти адлия ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» тағйироту илова ворид шуд.
 
Музаффар Ашуриён, вазири адлия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки ҷиҳати мутобиқ намудани номи моддаи 9 Қонун (Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои нотариалии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо) ба матни он номи модда дар таҳрири нав, яъне «Нотариати давлатӣ» ифода гардид. 
- Дар асоси моддаи 30 Қонун тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад. Меъёри мазкур дар мухолифат ва такроршавӣ бо моддаи 261 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  (Ҷойивазкунии  (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ) қарор дошта, дар амалия гуногунфаҳмиро ба миён овард. Чунки, тибқи қонуни хизмати давлатӣ қоидаҳои гузарондани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатиро Президенти кишвар тасдиқ менамояд. Дар заминаи меъёри мазкур, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2019, № 1328 «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тибқи он танҳо мансабҳои категорияҳои олӣ, якум ва дуюм бо ҷойивазкунӣ фаро гирифта шуда, ҷойивазкунии дигар категорияҳо бо ҳавола ба қонунгузории соҳавӣ, инчунин, Президенти мамлакат ё Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегирад, - гуфт вазири адлия.
Тибқи лоиҳа дар ном, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» калимаи «роҳбарикунанда» ба калимаҳои «роҳбарикунанда ва дигар кормандони» иваз шуда, ҳамзамон, қисми 3 моддаи 30 дар таҳрири нав ифода гардида, ба моддаи қисми 4 илова гашт.
Музаффар Ашуриён зарурати тағйиру иловаро чунин асоснок кард: «Дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мақомоти адлия воҳиди сохтории ягона надошта, ду зернизоми он – мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ алоҳидаю мустақил фаъолият менамоянд. Ҳарчанд моҳиятан бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ ҳамчун воҳиди мустақил аз лиҳози шумораи кормандон ва сарбории кор ба раёсат баробар бошанд ҳам, тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири бахш, нотариуси калон ва нотариус мувофиқан ба категорияҳои чорум, панҷум ва шашум мансуб дониста шуда, масъалаи ҷойивазкунии онҳо танзим нашудааст». 
Дар пайи ин тағйирот, ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» амалӣ гардида, тартиби  ҷойивазкунии  кормандони дигари мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2022    №: 47    Мутолиа карданд: 4891
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед