logo

Хабарҳо

Толори Тоҷикистон ба номи Эмомалӣ Раҳмон дар Уфа

 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими ифтитоҳи Толори Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа ширкат варзид.
Тавре сафорат хабар дод, кошинкории рангоранги сақф, навиштаҷоти мавзуӣ ва таҷҳизоти муосири толори таълимӣ ба ҳар донишҷӯ имкони шиносоӣ бо анъана ва таърихи пурғановати Тоҷикистонро фароҳам меорад.
 
 
 
Беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмат даъват мешаванд
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола новобаста  аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар ин самт мушкилиҳо низ ба назар мерасанд. 
Аз масъулони мақомоти вобастаи даъват тақозо мешавад, ки барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои муассир андешанд. Шумораи ҷавонони синни даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз миёни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолӣ беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Дар ин бора вазири мудофиа Шералӣ Мирзо зимни  машғулияти методӣ-таълимӣ, ки дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  бо мақсади  сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ доир гардид, изҳори назар кард.
 
 
 
11 март - Рӯзи матбуоти тоҷик
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси Вазорати фарҳанг 11 марти соли равон соати 15:00 дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи журналистон, вазорату идораҳои дахлдор, рӯзноманигорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи матбуот ҷамъомади идона баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорону фаъолони матбуот бо нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва ифтихорномаҳо қадр мегарданд. Ҳамзамон, дар саҳни осорхона намоиши китоб дар назар аст.
 
 
 
Беҳтарин ролики сайёҳӣ
Дар пойтахти мамлакат озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2022 гузаронда мешавад. Бо ин мақсад, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳр 140 ҳазор сомонӣ  ҷудо мегардад, - хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Бо қарори раиси шаҳр аз 5 март Низомнома ва ҳисобномаи хароҷотии озмун тасдиқ гардид. Роликҳои тарғиботӣ бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳр, ҷалби сайёҳон ба пойтахти кишвар таҳия мегарданд.
 
 
 
Ҳавои номусоид ва бориш то охири ҳафта идома меёбад
Агентии  обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки ҳавои номусоид ва бориш дар ҷумҳурӣ то охири ҳафта идома меёбад. 
Дар робита ба ин ва баланд шудани заминаҳои ҳарорат дар кӯҳҳо обшавии шадиди барф ба амал меояд, ки метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо, инчунин, вайрон шудани хати соҳили дарёву кӯлҳо гардад. Дар натиҷаи бориш хатари фаромадани тарма, сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чарондани чорво худдорӣ намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1072
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед