logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

11 март миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса самимона табрику таҳният мегӯям.
Густариши бомароми муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямонро, ки тули ин солҳо ҷанбаҳои наву созанда касб намуданд, боиси қаноатмандӣ медонем.
Тавсеаи минбаъда ва инкишофи рӯзафзуни муносибатҳои ҳамкорӣ бо Фаронса яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мо ба ин раванд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати рушду нумӯи ҳар чи бештари онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн саъю кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем.
Итминон дорем, ки бо саъю талошҳои муштараки мо дар роҳи ба пояҳои баландтар баровардани ҳамкориҳо дар бахшҳои созгор ба манфиати мардумони ду мамлакат натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Фаронса амну субот, саодат ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам».
 
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Дар ин рӯзҳо, ки Фаронса ва Тоҷикистон аз 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатиашон истиқбол менамоянд, ман аз фаъол гардидани мубодилаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ин сол, аз ҷумла ба шарофати сафари Шумо дар моҳи октябр ба Париж изҳори хушнудӣ менамоям.
Намоишгоҳи “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки мо дар моҳи октябр дар Осорхонаи санъатҳои осиёии "Гимей"-и Париж муштаракан ифтитоҳ намудем ва муваффақияти азимро соҳиб гардид, аз кори бисёрсолаи ду ҳайати археологии фаронсавӣ ба Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ниҳоят хуби миёни Фаронса ва Тоҷикистон дар ин соҳа дарак медиҳад.
Ман мехоҳам, ки ба ҳамкориҳои муштаракамон дар ҳама соҳаҳое, ки замони сафари Шумо ба Париж мушаххас сохта будем, идома диҳем. Бахусус шодам, ки муносибатҳои нави шарикӣ дар соҳаи ҳамкориҳои донишгоҳӣ, дар мисоли созишномае, ки ба наздикӣ миёни Донишгоҳи миллии забонҳои Шарқ ва фарҳанг ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистони шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барқарор карда шудаанд.
Дар  ҳоле  ки  мо  ба  30  соли гузашта менигарем, ман мехостам бори дигар ба кишвари Шумо барои вогузории пойгоҳ ба қисми фаронсавии ҳарбӣ-ҳавоӣ дар шаҳри Душанбе дар давраи аз соли 2001 то соли 2014 миннатдории Фаронсаро иброз намоям. Дар баробари ин, бар асоси уҳдадориҳои гирифтаи худ, Фаронса Тоҷикистонро дар самти интиқолоти ҳавоӣ дастгирӣ намуд. Боиси хушҳолии ман аст, то эълон намоям, ки Парлумони Фаронса Созишномаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки мо соли 2019 дар Париж ба имзо расонда будем, ба таъйид расонд.
Хостори он ҳастам, ки мо ба муколамаи стратегӣ оид ба вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ки қаблан оғоз бахшида будем, идома диҳем. Шиддат дар сарҳадот нигаронии минтақаро ба бор овардааст. Фаронса суботи минтақавиро дар Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим медонад. Мо омодаем бо тамоми шарикони худ гуфтушунид анҷом диҳем ва ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва САҲА таҳким бахшем.
Лутфан, ҷаноби Президент, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред».
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2022    №: 48    Мутолиа карданд: 3109
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед