logo

иҷтимоиёт

АВВАЛИН МУҲАРРИРИ «БУХОРОИ ШАРИФ»

 
Оид ба арзишу аҳамияти нашрияи “Бухорои Шариф” дар таърихи адабиёту матбуот аз замони ҳузураш ҷусторҳои илмии фаровоне рух дода, рисолаву мақолаҳо таълиф шуда, аммо аз хусуси сайри корномаи худи Мирзо Ҷалоли сармуҳаррир  матлабҳо, асосан, танҳо дар заминаи маводи мунташиршудаи ӯ дар “Бухорои Шариф” изҳори назар гардида. Ҳар чи дар ин хусус гуфта шуда, аз баъзе зуҳуроти рӯзгори ӯ дар кишвари Озарбойҷон, хидматҳояш барои матбуоти озар, хосса дар заминаи чанде аз навиштаҳояш дар нашрияи форсии тоҷикии “Бухорои Шариф” сурат гирифтааст. Бо вуҷуди ин, дар байн бархе аз навиштаҳое низ ҳастанд, ки қазияи мавриди назарро ба таври ҷудогона ва андак муфассалтар фаро гирифтаанд. Аз пажӯҳишҳои аҳли таҳқиқи таърихи матбуоти тоҷикии ибтидои садаи бист – С. Айнӣ, И. Умняков, З. Раҷабов, И. Брагинский, И. Усмонов, 
Д. Давронов, В. Самад, А. Набавӣ, П. Гулмуродзода, Н. Ғаффоров, О. Салимзода, М. Муродӣ, 
Қ. Шарифзода, Қ. Расулиён, Н. Ковиёнӣ, Ҳ. Боқӣ, А. Шехов, М. Атоев ва дигарон ҳам оид ба чеҳраи мумтози Мирзо Ҷалол чанд мулоҳиза ба даст меояд. Бо вуҷуди ин, “ҳолномаву роҳи ҳаётии ӯ имрӯз кам омӯхта шудааст.” Барои ҷамъ овардану  фароҳам кардани манзараи зиндагӣ ва сайри таърихии фаъолияти густурдаи ин шахси муътабари маорифпарвар боз бояд фаротар рафт ва аз ҷустуҷӯҳои аҳли илми Озарбойҷон, Эрон, Туркия ва кишварҳои дигар низ метавон ба кор гирифт. Вобаста ба ин чеҳраи матбуот, чандин масъала ба миён меоянд. Аз ҷумла, чӣ сабаб дар миён аст, ки равшангарони тоҷикии айём “барои муҳаррирӣ”-и рӯзномаи “Бухорои Шариф” “аз Боку Мирзо Ҷалоли Юсуфзодаро оварданд”. Ба ин шубҳа нест, ки мақоми Мирзо Ҷалол дар таърихи равшангарии тоҷик хурд набудааст. Арзёбиҳои мунсифонаи яке аз пешвоёни равшангарии тоҷик дар ибтидои садаи бист, шоҳиди аслии рӯйдодҳо устод Садриддин Айнӣ дар китоби “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Таърихи инқилоби Бухоро” оид ба ин адиби рӯзноманавис ба тамоми пажӯҳишгарони тоҷик чун манбаъ хидмат карда, дар ин замина ҳар кадом пажӯҳанда аз доираи гуфтаҳои устод Айнӣ берун нарафтаанд. Чунин арзёбиҳои устод ҳамеша аҳамият ва арзиши баланд доштаанд: “Умури маънавии ҷарида роҷеъ ба Мирзо Ҷалол... буд”, Мирзо Ҷалол “...ҳаррӯза мақолаҳои маънидори нофеъ дар ғояти фасоҳату балоғат менигошт”, вай “марди соҳибқалами ғаюри ҳунарманд буд”, “аз усулу фурӯи улуми исломия воқиф ва аз аҳволи замон неку хабардор, бинобар ин, мақолаҳояшро ҳар кас ба рағбат мехонд”, “фазлу камолаш ба аксари аҳли хибрат маълум” ва ғайра. Чунин нақду назарҳо ба ҳар шахси огоҳ аз таърихи матбуоти аввалини тоҷик равшан аст ва борҳо аз онҳо баҳраманд шудааст.
Аммо маҷмуи зиндагиномаву сайри таърихии комили корномаи Мирзо Ҷалоли Юсуфзода ба тоҷикон бояд дақиқ шавад. Пардохтан ба ин мавзуъ боз як саҳифаи навтари корномаи ходими матбуотро равшан мегардонад ва ба ин васила, чанд нукта аз корномаи Мирзо Ҷалол рӯйи саҳифа меояд. 
Аввалин маротиба дар бораи Мирзо Ҷалол ба симати яке аз шахсиятҳои маъруфи Қаробоғ – шоир, шарҳнигор ва мусиқишинос дар “Тазкираи Навоб” - и Мир Муҳсини Навоб (1892) иттилоъ фароҳам омадааст: “Ҷаноби Охунд Мирзо Ҷалол Ҳоҷӣ Мирзо Алиакбар-ӯғлӣ аз аҳолии вилояти Қаробоғ аст. Соли 1862 зода шуда, ҳоло 33-сола аст. Ӯ ҷавонест хушқомат, хушхосият ва хуштабиат. Яке аз донишмандони Қаробоғ аст. Дар Кирмон дар ҳузури Ҳоҷӣ Муҳаммадхон бини Ҳоҷӣ Каримхон бини Заҳиру-д-Давлат Иброҳимхон илм омӯхтааст. Гоҳ ба туркӣ ва форсӣ шеър менависад. Девонаш мавҷуд нест”.
Аз он ки номи ӯ ба тазкира ворид шудааст, аз нуфузи як ҷавоншоир дар байни аҳли адаб дарак дорад. Таваллуди Мирзо Ҷалол ба солшумории мелодӣ 17 - уми марти соли 1862 аст ва соли 1931 дар 69 - солагӣ фавтидааст. Таҳсили ибтидоии ин маорифпарвар ва публитсист ҳам дар Шуша дар канори падар сурат гирифта ва, сипас, рӯзгораш ба Эрон пайваст ва дар мадрасаи Низомия (Кирмон) таҳсил намудааст. Бархе муаллифони озарӣ таҳсили ӯро дар Табрез ҳам таъкид кардаанд.
Ин рӯйдод ба оғози марҳалаи нави фаъолияти Мирзо Ҷалол ҳамчун рӯзноманигор ва маорифпарвар сабаб гардид. То он ки ӯ аз ҷониби зиёиёни Бухоро барои муҳаррирӣ ба нашрияи “Бухорои Шариф” даъват бишавад, дар маҷаллаи озарии “Мулло Насриддин” бо сарпарастӣ ва ҳамкории адиб, ҳаҷвнигор ва публитсисти маъруф Мирзо Ҷалил Муҳаммадқулизода шуъбаи форсиро роҳбарӣ мекардааст, яъне, пеш аз он ки “боғбони ниҳоли тамаддуни тоҷикӣ” бишавад, тафаккураш аз решаҳои боғи адаби форсӣ низ файз бардошта, дар дунёи туркии озарбайҷонӣ забон ва адабиёти форсии тоҷикиро тарғибу талқин мекардааст. Бинобар ин, хулосаи зери Валӣ Самад дақиқ аст, ки  Мирзо Ҷалол “то замони омадан ба Бухоро дар деги адабу фарҳанги форсӣ ва озарӣ ҷӯшидаю пухта”, аз ин рӯ, ӯ як туркизабони озарие набуда, ки ба роҳе ба навбоғи матбуоти тоҷикӣ афтида, дари матбуоти миллии тоҷикиро дошта бошад. Аён мегардад, ки “ҷавонбухориён як шахси тасодуфиро бесабаб ва надониста ба Бухоро нахонда ва сардабири рӯзнома таъин накарда” будаанд. Пеш аз он ки ба Бухоро биёяд, бо Мирзо Ҳайдаров ном равшангари туркзабони Озарбойҷон ба созмон додани ду рӯзнома даст ёфтааст, ки, мутаассифона, онҳо камтар умр дидаанд. Яке аз инҳо рӯзномаи маъруфи “Ҳақиқати афкор” аст, ки назар ба иттилои таърихи матбуоти ин қаламрав аз 1 - уми ноябри соли 1911 то 25 - уми феврали соли 1912 ҳамагӣ 19 шумора чоп шуда, ба М. Юсуфзода “нуқтаи баланди фаъолияти ӯ дар соҳаи матбуот” (А. Рустамли) гардидааст. Баъзе аз аҳли таҳқиқи тоҷик низ бархе аз нуктаҳои корномаи журналистии Мирзо Ҷалол, дар қӯраи маҷаллаи ҳаҷвии озарии “Мулло Насриддин” ва рӯзномаи “Ҳақиқати афкор” пухтани шеваву равишҳои ӯро дар рӯзноманигорӣ хеле равшан ба қайд гирифтаанд.
Баъди ин охири моҳи феврал ва ё аввали моҳи марти 1912 ба Бухоро даъват шудааст. 11 марти соли 1912 аввалин маротиба тоҷикон соҳиби матбуот гаштанд. Тафсилоташ аз устод Айнӣ сар карда дар китобу мақолаҳо равшан сабт ёфтаанд. Аз интихоб шудани Мирзо Ҷалол ба симати муҳаррири рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” дар олами матбуоти туркӣ низ хабарҳои хушҳолкунанда падид омадаанд. Аз ҷумла, дар шумораи 12 -уми рӯзномаи “Тарҷумон” аз таърихи 16 - уми марти соли 1912, Каспий ном хабарнавис мужда додааст, ки “муҳаррири рӯзномаи бухороии “Бухорои Шариф” Мирзо Ҷалол Юсуфзода, муҳаррири собиқи газетаи бокуии “Ҳақиқати афкор” интихоб гардид”. 
Муҳаққиқи ӯзбек З. Абдурашидов дар феҳрасти “Тарҷумон” бо такя ба маводи ҳамин нашрия зимни такрори фикри маъмули бо қалами таҳрири Мирзо Ҷалол ба чоп расидани “Бухорои Шариф” боз ба чанд нуктаи нави диққатбарангез ишораҳо дорад. Аз рӯйи он ҷусторҳояш ин рӯзноманигори озарбойҷонӣ муддате чун муаллими фанҳои динӣ дар мактаби “Иттиҳод” фаъолият дошта, вазифаи муҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати афкор”-и озариро ба сифати ҳамҷоякорӣ анҷом медодааст. Боз аз ҳама аҷибтараш ин аст, ки З. Абдурашидов бо такя ба навиштаи Тураҷи Атобакӣ ва пажӯҳишҳои олими ӯзбекистонӣ Дилбар Олимова ин нуктаро қайд мекунад: “Юсуфзода дар рӯзномаи бухориён он мафкураеро тарғиб карда, ки дар “Ҳақиқати афкор” ба он даст ёфта буд». Саволе ҳам метавонад пайдо шавад: Мафкураи рӯзномаи “Ҳақиқати афкор” аз чӣ иборат будааст? 
Маълум мешавад, ки дар олами матбуоти туркӣ ҷойгоҳи матбуоти тоҷикии Бухоро арзишдоварӣ мешудааст. Як ҷо чунин нуктае ба назар расид, ки ба фикр вомедорад: “Тарҷумон” аз нашри “Бухорои Шариф” ва фаъолияти Мирзо Ҷалол розӣ будааст. Маншаи ин матлаб як хабаре бо номи “Миллий маъишат” дар шумораи 15 - уми нашрия аз 6 - уми апрели соли 1912 буда, ки дар он омада: “Чанд шумораи рӯзномаи форсизабони бухороӣ дастраси ҳайати таҳририя гашт: забонаш хеле фаҳмо, муҳтавояш хуб, муҳаррираш Ҷалол Юсуфзода”.
 
Субҳони АЪЗАМЗОД, муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2022    №: 48    Мутолиа карданд: 762
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед