logo

Хабарҳо

“БАДАХШОН” – МАКТАБИ РӮЗНОМАНИГОРИИ ВИЛОЯТ

 
Нашрияи Мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – рӯзномаи “Бадахшон” 90 – сола шуд. Ба ин муносибат, бо иштироки роҳбарияти вилоят, кормандони рӯзнома, собиқадорон ва дигар алоқамандони матбуоти давр дар толори мақомот ҷамъомади хотирмон доир гардид. 
 
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ рӯзноманигорони вилоятро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки рӯзномаи “Бадахшон” мактаби тарбияи рӯзноманигории вилоят буда, ташкилёбии он ба аввали солҳои сиюми асри гузашта рост омад. Он солҳо дар вилоят дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ қадамҳои нахустин гузошта мешуданд. 
Ҳайати эҷодии нашрия сол ба сол нуфуз пайдо намуда, бо қалами буррои хеш, бо суханҳои арзишманду мақолаҳои хондании худ мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ, корнамоиҳо баҳри обод намудани диёр сафарбар менамуд. Бо мурури замон рӯзнома ба як аслиҳаи муқтадири таблиғотӣ-сиёсӣ табдил ёфт. Дар ин миён он чанд маротиба табдили ном ва ҳуруф кард. Аз «Красный Бадахшан» ба  «Бадахшони Сурх», «Бадахшони Советӣ» ва «Бадахшон» табдили ном кардани рӯзнома, аз ҳуруфи арабиасоси форсӣ ба лотинӣ ва баъдтар ба кириллӣ гузаштани он ҳам инъикоси як марҳалаи созандагии давру замон ва рӯзгори мардуми меҳнатқарини вилоят мебошад. 
Аз ин даргоҳ як зумра қаламбадастони боистеъдод, мисли Нодир Шанбезода, Муҳаммадалишо  Ҳайдаршо, Ширин Бунёд, Мусоят Қаноатов, Шоҳзодамуҳаммад Шерзодшоев,  Лутфишо Додо ва даҳҳо нафари дигар, ки баъдан дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ кор кардаанд, дуои неки сафари эҷодӣ гирифтаанд. 
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рӯзномаи вилоятӣ ҳам чун дигар муассисаву ташкилотҳо ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардид. Мушкилоти молиявӣ-техникӣ дар ин давра боис гардид, ки нашри ягона рӯзномаи вилоятӣ як муддат боз дошта шавад. Рӯзноманигорони «Бадахшон» аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ  ҳадафҳои созанда, татбиқи сиёсати хирадмандона, ғояҳои хештаншиносии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро мавриди инъикос қарор дода, муаррифии роҳу усулҳои нави муносибат ба кор, ҳифзи  дастовардҳои истиқлолият, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, ваҳдату зиндагонии осоишта ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ  муҳтавои асосии он гардиданд. 
Дар хотимаи ҷамъомад ба гурӯҳи журналистон, кормандони рӯзнома, собиқадорон ифтихорномаҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва сипосномаи идораи рӯзномаи «Бадахшон» тақдим шуд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед