logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

12 март миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдуллоҳ Риоятуддин ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаин Биллоҳ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдуллоҳ Риоятуддин ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаин Биллоҳ омадааст:
«Аълоҳазрат!
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия бипазиред.
Раванди ҷории мусбати муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар ояндаи талошҳои пайгиронаи муштаракро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо умедбахш месозад.
Мо омодаем бо мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои созанда ва рушди бештари ҳамкориҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар ба муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, идома диҳем.
Итминон дорам, ки дар роҳи тавсеаи бомароми муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи онҳо бо натиҷаҳои навини амалӣ азму ирода ва иқдомҳои муштарак натиҷаҳои босамар хоҳанд дод.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодати рӯзгору комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии устувор орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдуллоҳ Риоятуддин ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаин Биллоҳ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати санаи хотирмони 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Малайзия ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо Малика Раҷа Пермайсурӣ Агонг самимонатарин табрикоти   худро ба Ҷаноби Олӣ мерасонем.
Малайзия сатҳи кунунии олии муносибатҳои миёни ду кишварро қадр мекунад.
Мо бар ин боварем, ки ин муносибатҳо ба нафъи кишварҳои мо ва мардумонамон тавсеа ва таҳкими бештар хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комил, хушҳолӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу амонии пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзумандем».
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2022    №: 49 - 50    Мутолиа карданд: 3118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед