logo

суханрониҳо

Суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузори Ҷумҳурии Арабии Миср, Қоҳира, 10 марти соли 2022

Муҳтарам Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср!
Дӯстони гиромӣ!
Нахуст, мехоҳам ба ҳамаи шумо салом арз карда, ба созмондиҳандагони ин ҳамоиш сипоси самимии ҷониби Тоҷикистонро изҳор намоям.
Мо ҳамоиши имрӯзаро дар самти рушду таҳкими ҳамкориҳои судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср ҳамчун иқдоми муҳим арзёбӣ менамоем.
Дар ҳама давру замон тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи арсаи фаъолияте ба шумор мерафтанд, ки дар онҳо кишварҳои ба ҳам дӯсту хайрхоҳ метавонанд пойдевори мустаҳками робитаҳояшонро дар самтҳои гуногуни ҳаёт гузоранд ва таҳким бахшанд.
Пайгирии доимии ин раванд имкон медиҳад, ки манфиатҳои тарафайн омезиш ёбанд, шароити мусоиди ҳамкории кишварҳо ба манзури расидан ба ҳадафҳои муштарак - рушди умумӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардумонашон фароҳам оварда шавад.
Мехостам нахуст сухане чанд аз вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва имкониятҳои он иброз намоям. Соли гузашта кишвари мо 30-солагии соҳибистиқлолии давлатиашро ҷашн гирифт. 
Бояд зикр кард, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, ки боис ба кушта шудани тақрибан 150 ҳазор мардуми осоишта, гуреза шудани 1 миллион шаҳрванд ва зарари беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ ба иқтисоди кишвар гардид. Бинобар ин, Тоҷикистон танҳо дар солҳои 2000-ум ба равандҳои барқарорсозӣ ва рушди иқтисод шомил гардид.
Дар соли гузашта, ки барои мардуми Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ буд, бо вуҷуди идомаи таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва фишори оқибатҳои пандемияи COVID -19 ба иқтисоди миллӣ, ба мо муяссар гардид, ки рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намоем.
Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, мо пайгирона маҷмуи тадбирҳоеро андешидем, ки натиҷаҳои мусбат ба бор оварданд. Аз ҷумла, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, суръати афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2021 ба 9,2 фоиз баробар шуд. Ҳоло мо талошҳои худро дар ҷодаи нигоҳ доштани чунин нишондиҳандаҳо дар иқтисоди миллӣ идома бахшида истодаем.
Ба ин манзур, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятноки он, бахусус энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Зерсохтори низоми иқтисоди бозаргонӣ, қабл аз ҳама, низоми нави молиявӣ босуръат ташаккул меёбад.
Қонунҳои нави андоз, гумрук, ҳифзу ташвиқи сармоягузорӣ қабул шудаанд ва амал мекунанд. Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро, муқаррар намудааст.
Узвияти кишвари мо дар Созмони ҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ шаҳодати мутобиқ будани қонунгузории он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Тоҷикистон бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ монда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ҳоло кишвари мо дорои иқтисоди бисёрсоҳавии рушдёбанда буда, дар он тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиб барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ин замина ҷуғрофияи кишварҳои сармоягузор ба иқтисоди мо сол ба сол васеъ гардида, амалӣ намудани тадбирҳои ислоҳотӣ дар самти ҳимояи сармоягузорон мутобиқ ба талаботи замон идома ёфта истодааст.
Дӯстони азиз!
Мо имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии кишварамон барномаҳои зиёди иқтисодиро амалӣ менамоем.
Яке аз ҳадафҳои асосии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор дорад, ин саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Дар ин самт кишварҳои гуногун ва сохторҳои бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ бо мо ҳамкориву ҳамёрӣ менамоянд.
Татбиқи тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва дорусозӣ бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми кишвар, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш, дорои хислати афзалиятнок мебошанд.
Ҳамзамон, бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар, мо ба татбиқи лоиҳаҳои судбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, иртибототу нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.
Дар ин раванд, як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардидаанд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд. Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта ва алюминийи аввалия то маҳсулоти ниҳоӣ, як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардидаанд.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардидаанд. Илова бар ин, дар чандин мавзеъҳои кишвар ташаккули минтақаҳои саноатӣ идома дорад. Ин минтақаҳо корхонаҳои коркарди нафт, сементбарорӣ, бофандагӣ, металлургӣ ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро дар бар хоҳанд гирифт.
Дар Тоҷикистон алҳол панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад. Дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Шумо низ, соҳибкорони муҳтарам, метавонед дар пешбурди фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо босамару фаъолона иштирок намоед.
Имкониятҳои сармоягузории арсаи иқтисод ва бахшҳои дигари рушди Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои калон ва миёнаву хурд иртибот доранд.
Татбиқи лоиҳаи CASA - 1000, ки шабакаҳои барқии кишварҳои Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст мекунад, мисоли возеҳи ин имкониятҳо мебошад.
Яке аз чунин самтҳо бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ мебошад.
Гидроэнергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарини таъмин намудани рушди минбаъдаи устувори иқтисодиёти кишвари мо ба ҳисоб рафта, дар ин самт лоиҳаҳои сармоягузории зиёд мавриди амал қарор доранд.
Имрӯз дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ – НБО «Роғун», ки иқтидораш 3600 мегаватт/соат мебошад ва имконияти таъмини барқро на танҳо барои кишварамон, балки ба мамлакатҳои минтақаро низ доро аст, амалӣ мешавад.
Мо нақша дорем, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ва таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда иқтидори энергетикии мамлакатро иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш диҳем.
Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ниҳоят бузурганд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли барқи таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва пайомадҳои номатлуби он ҳамеша зери пайгирии кишвари мо қарор доранд.
Инчунин, кишвари мо ихтиёран уҳдадор шудааст, то ҳаҷми партоби газҳои гулхонаиро дар сатҳи дар солҳои 90-уми асри гузашта нигоҳ дорад ва аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар ҷойи намоён қарор дорад.
Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, алалхусус коҳиши партовҳои гази карбон, мебошад.
Сарзамини Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 кони маъданҳои фоиданок, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд. Аз ин шумора, имрӯз танҳо даҳҳо кон мавриди истифодабарӣ қарор доранд, ки дар онҳо зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пирях мавҷуд буда, 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз кишвари мо сарчашма мегирад.
Табиати зебо ва иқлими мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сабзавот ва меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза парвариш карда шаванд. Аз ин лиҳоз, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини афзалиятнок дар рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои босамар имкониятҳои ҷолиб мавҷуданд. Мо аз сифати олии пахтаи истеҳсоли Миср бохабар ҳастем ва кӯшиш мекунем, то пахтаи Тоҷикистонро дар дохили кишвар коркард ва маҳсулоти ниҳоии онро ба хориҷа содир намоем. Боиси зикр аст, ки 5 соли оянда дар Тоҷикистон солҳои саноатикунонии кишвар эълон шудаанд.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли доруворӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ, коркард ва содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин, оби баландсифати нӯшокӣ – бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна – барои шарикони мисрии мо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.
Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои намаки ошӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур дастгирӣ намояд.
Тоҷикистон табиати нотакрор, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ ва дигар имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми кӯҳиро, дорад ва соҳибкорони мисрӣ метавонанд бо мо дар ин арса низ ҳамкории муфид дошта бошанд.
Қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, ки мисли аҳромҳои мисрӣ кишвари моро зеб медиҳанд, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир ҷаҳонгардонро ҳар сол барои саёҳат ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд ва шумораи сайёҳон сол ба сол афзоиш меёбад.
Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар самтҳои афзалиятноки зикргардида бодиққат омӯхта, пуштибонӣ намояд.
Аз фурсат истифода бурда, шумо, соҳибкорони гиромиро барои ташриф овардан ба Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зичу судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногун даъват менамоям.
Дӯстони гиромӣ!
Дар ин ҷо аъзои ҳайати мо аз ҷумлаи роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва намояндагони доираҳои соҳибкории кишвар ҳузур доранд ва омодаанд, ки ба саволҳои шумо посух диҳанд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2022    №: 49 - 50    Мутолиа карданд: 4231
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед