logo

Хабарҳо

11 МАРТ. РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК РӮЗИ "ҶУМҲУРИЯТ" БУД

Қурбоналӣ Раҳмонзода - сармуҳаррири рӯзномаи мо дар Рӯзи матбуоти тоҷик бо Ҷоизаи ба номи  Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мушарраф шуд. Таҷлили 110 - солагии Рӯзи матбуоти тоҷик  ва маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ, ки  дар Осорхонаи миллӣ баргузор гашт, журналистон, устодону донишҷӯён ва собиқадорони соҳаро ба ҳам овард. Дар маҳфил, ҳамчунин, Шуҳрат Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа,  Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Зиннатуло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки  солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ВАО бо тақозои воқеияти нави таърихӣ ташаккул ёфт ва нумӯ кард. Имрӯз дар кишвар 621 рӯзномаву маҷалла фаъолият дорад, ки  аз  онҳо 226 давлатӣ боқӣ мустақил мебошанд. Шумораи шабакаҳои телевизиону радио низ нисбат ба шабакаҳои давлатӣ бамаротиб  зиёд аст ва ин воқеият баёнгари таъмини озодии сухан, ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн кардани ахбор ва изҳори ақида дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад.
Шуҳрат Азиззода аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, таъкид намуд: «ВАО чӣ мустақил ва чӣ давлатӣ дар назди Ватан баробар бори масъулият мекашанд. Бинобар ин, рӯзноманигорон ва аҳли қалам бояд дар  ифшои нуқсу камбудиҳо ҷасур бошанд ва дар баробари ин дарк намоянд, ки   ба мо танқиди созанда ва бо далел зарур аст, на сӯзандаи бебунёди интиқомҷӯёна. Дарвоқеъ,  дар вазъи кунунии зудтағйирёбандаи ҷаҳон танқиди интиқомҷӯёна ва хабарҳои иғвоангез амниятро халалдор сохта,  ҳамдигарфаҳмию ваҳдатро коҳиш медиҳанд». 
Зулфия Давлатзода Рӯзи матбуотро  ба аҳли толор шодбош намуда, аз таърихи нахустрӯзномаи миллати тоҷик ёдрас шуд. Аз ҷумла, гуфт: «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» 11 марти соли 1912 дар шаҳраки Когон бо ташаббуси равшанфикрони тоҷик нашр гардида, ба дасти  хонандагон расид. Имрӯз аз ин санаи муҳими фарҳангӣ 110 сол сипарӣ мешавад. «Бухорои Шариф»  ҳамчун минбари маорифпарварони тоҷик хонандагони худро бо забони сода аз ҳаводиси ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва амсоли инҳо огоҳ менамуд. Рӯзнома то 2 январи соли 1913 интишор шуд, аммо дар умри кӯтоҳи худ ҳамчун падидаи муҳими фарҳангӣ заминаи асосии ташаккули матбуоти тоҷикро фароҳам овард».
Дар чорабинӣ таъкид гашт, ки ҳолати имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон бори дигар собит менамояд, ки ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар аз  вазифаҳои муҳими ҷомеаи журналистӣ боқӣ мемонад. 
Дар фарҷоми чорабинӣ як идда фаъолони воситаҳои ахбори омма бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва сипосномаву  ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг қадр шуданд. Ба 23 нафар собиқадор ва фаъолони матбуот мукофоти пулии вазорат тақдим гардид.
Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Ҷовид Муқим, устоди Донишгоҳи миллӣ, Шотолиб Шоқосим, хабарнигори рӯзномаи «Бадахшон», Аҳлиддини Тоҳир, корманди телевизиони шабакаи аввал  низ  Ҷоизаи ИЖТ ба номи  Абулқосим Лоҳутиро мушарраф шуданд.
Филми мустанади Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки мавзуи меҳварии он баҳси марзии  Тоҷикистон ва Қирғизистон  мебошад, бо сипосномаи Шурои ВАО  ва Вазорати фарҳанг қадр гашт.
Вазорати маориф ва илм кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» Мансур Абдуғаффоров, Фирӯз Ҷумъазода ва Бузургмеҳри Баҳодурро бо нишони Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз намуд. Кормандони рӯзнома - Сайфулло Ашуров, Лашкар Шарифзода, Лола Ризоева, Маҳмуд Мирзоён, Комрон Сафаров, Меҳрангез Қодирова, Матлуба Шарифова бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанг, Зафар Ҳасанов, Наргис Розиқова, Фарзона Файзалиева бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.      
Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро Агентии хизмати давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо ифтихорномаву сипосномаҳо шарафёб намуданд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» чун анъана ҳафт нафар аз донишҷӯёни фаъоли факултети  журналистикаи ДМТ ва чанде аз собиқадорони соҳаро бо мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотирмон қадр кард.
Дар маҷмуъ, бо назардошти ҷоизаҳое, ки аҳли эҷоди «Ҷумҳурият» мушарраф гардиданд, метавон гуфт, ки Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзи «Ҷумҳурият» низ буд!
Бо истифода аз фурсат оғоз аз вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистон ба ҳамаи он сохтору мақомоте, ки аз рӯзномаи ватанпарвар ёд овардаву онро қадр карданд, изҳори сипос менамоем.   
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1023
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед