logo

иҷтимоиёт

МАТБУОТИ ТОҶИКӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Ҷумҳурии Ӯзбекистон чун яке аз сермиллаттарин кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ мешавад. Дар он намояндагони 130 қавму миллат ба сар мебаранд. Бино ба омори расмӣ, тоҷикон баъди ӯзбекон ҷойи дуюмро ишғол намуда, аз имкониятҳои зиёд бархӯрдоранд.
Дар 250 муассисаи таълимӣ таҳсил ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Инчунин, тоҷикони ин кишвар рӯзномаҳои тоҷикӣ, барномаҳои садову симо бо забони модариашонро дар ихтиёр доранд.
“Овози тоҷик” дар Ӯзбекистон нашрияи марказие ба шумор меравад, ки ба забони тоҷикӣ интишор меёбад. Чанд сол муқаддам “Овози тоҷик” ҳафтае панҷ маротиба интишор мешуд ва адади нашри он низ хеле зиёд буд, вале ба далели камбуди молӣ нашри он ҳафтае аз панҷ маротиба ба ду бор коҳиш ёфт. 
“Овози тоҷик” 25 августи соли 1924 бори нахуст дар шаҳри Самарқанд нашр шудааст. Баъд идораи он ба шаҳри Тошканд кӯчид ва тайи 98 сол он дар ин шаҳр бо номҳои мухталиф интишор ёфтааст. Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ аз аввалин таъсисгарони рӯзномаи “Овози тоҷик” муаррифӣ мешавад. Дар манбаъҳо омадааст, ки Бобоҷон Ғафуров низ дар рушду пешрафти ин рӯзнома нақши муассир бозидааст. Аз оғоз ба рӯзномаи “Овози тоҷик” як гурӯҳ фидоиёни миллату Ватан сардабирӣ кардаанду мухбирони он бо маводи гуногуну ҷолиб саҳифаҳои “Овози тоҷик”-ро рангин намудаанд. Бешак, заҳмати онҳо барои ҳамеша вирди забон боқӣ хоҳад монд.
Рӯзнома аз соли 1991 номи аввалаи худ - “Овози тоҷик”-ро зинда кард ва аз ҳамон вақт ба ин сӯ бо ин ном нашр мешавад. Рӯзнома нашрияи муштараки палатаҳои болоӣ ва поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирони Ӯзбекистон мебошад. “Овози тоҷик” вазифаи пурмасъулияту муҳим ва душвореро бар дӯш дорад. Он ҳамеша ба мардум нури маърифату зиё меорад. Рӯзнома ғайр аз он ки тарғибгари забони ноби тоҷикӣ ва суннатҳои миллии мардуми тоҷиктабори Ӯзбекистон мебошад, ҳамзамон, васлгари қавмҳои форсигӯи минтақаи Осиёи Марказиро низ бар дӯш дорад.
“Овози тоҷик” соҳиби вебсайт ё роёнаи худ аст. Чанде пеш ба нашри шабакаи телеграмми худ оғоз намуд, ки хабару мақолаҳоро ба таври фаврӣ нашр мекунад. Соли гузашта Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаро аз нигоҳи молӣ дастгирӣ намуд ва адади нашри он бештар аз панҷу ним ҳазорро ташкил дод. Айни ҳол рӯзнома бо теъдоди хеле кам - 752 нусха чоп мешавад. 
Ба василаи ин рӯзнома адибони барҷастаи тоҷику ӯзбек Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Мақсуд Шайхзода, Ғафур Ғулом ва намояндагони дигари илму адабу фарҳанги тоҷику ӯзбек ошноӣ пайдо карда, дар таҳкими дӯстиву рафоқати миёни ин ду халқ нақши муҳим бозидаанд. Рӯзномаи “Овози тоҷик” дар вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Навоӣ, Ҷиззах, Сирдарёву Сурхондарё, Андиҷон, Фарғонаву Намангон мухбирони худро дорад. Мутаассифона, солҳост, ки вилояти Қашқадарё, бо вуҷуди теъдоди зиёди тоҷикон, аз доштани мухбир маҳрум аст. 
Рӯзномаи дигари тоҷикии Ӯзбекистон “Овози Самарқанд” мебошад. Он нашрияи Шурои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд буда, аз 1 январи соли 1990 интишор меёбад. Он аз соли 2010 бо ҳаҷми А-2 ва ранга нашр мешавад. 
Дар ташкили рӯзнома саҳми аҳли адабу фарҳанги Самарқанд, мисли Нор Остонзода, Акбар Усмонов, Хурсанд Ҷумъазода, Ӯктами Иброҳим, Ҳазрат Сабоҳӣ, Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, Тошқул Азимзода, Асадулло Исмоилзода, Раҳматулло Шарифзода, Акбар Пирӯзӣ, Зоҳир Ҳасанзода, Гулчеҳра Ҳалимова, Шоиста Аббосова, Озодҷон Хидиров, Шуҳрат Аноров, Шавкат Баҳромов, Солеҳ Яҳёев, Мирсафо Камолӣ барин журналистону эҷодкорон хеле калон мебошад. 
Имрӯзҳо муҳити адабию фарҳангии шаҳри Самарқанд мусоидат мекунад, ки дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои пурмуҳтавои олимони шинохта, чакидаҳои хомаи адибон ва лавҳаю очеркҳои журналистони варзидаи шаҳру вилояти Самарқанд мунтазам ба чоп расад. Айни ҳол як гурӯҳ эҷодкорони ҳирфаӣ дар “Овози Самарқанд” машғули фаъолиятанд, ки барои рангину хоно шудани он заҳмат мекашанд. 
Солҳои 1990 - 1997 вазифаи сардабири рӯзномаи “Овози Самарқанд”-ро адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов бар дӯш дошт. Акнун ин вазифаро адиб ва журналист Баҳодур Раҳмонзода идома медиҳад.
 Дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ҳафтаномаи “Садои Сӯх” нашрияи ягонаи тоҷикӣ ба шумор меравад ва маводаш пурра ба забони тоҷикӣ интишор меёбад. Ин ҳафтанома то таъсиси ноҳияи Сӯх, яъне соли 1990 ба номи “Ҳаёти нав” ҳамчун рӯзномаи бисёртиражӣ нашр мешуд ва танҳо ду саҳифа дошт. Ҳоло муассиси он ҳокимияти ноҳияи Сӯх буда, дар ҳаҷми А-3 дар чаҳор саҳифаи ранга ва бо теъдоди 1010 нусха чоп мешавад. 
Муҳаррири он наздики 20 соли охир дорандаи нишони “Дӯстӣ” Содиқи Тоҳириён мебошад. Дар ин рӯзнома боз панҷ нафар ба ҳайси ходимони эҷодӣ ва фаннӣ машғули фаъолият ҳастанд.
Солҳои бозсозӣ дар вилояти Сурхондарё ва соири шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон рӯзнома ва саҳифаҳои тоҷикӣ арзи вуҷуд доштанд, аммо бо гузашти айём нашри аксари онҳо аз байн рафт. Аз ҷумла, рӯзномаи вилоятии “Садои Сурхон” аз нашр бозмонд. Саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳияи Риштони вилояти Фарғона, як қатор ноҳияҳои вилояти Бухоро ва рӯзномаи “Бухорои Шариф” тақрибан 20 сол ба ин сӯ маводи тоҷикӣ интишор намекунанд. 
Дар ноҳияи Узун ва Сариосиёи вилояти Сурхондарё, ноҳияҳои Самарқанд ва Чуст рӯзномаҳо дар як саҳифа маводи тоҷикӣ ба табъ мерасанд. Гузашта аз ин, бо саъй ва эҳтимоми адиб ва журналисти тоҷик Олимҷон Панҷизода соли 2009 ҳафтаномаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию адабии “Ховар” ба нашр мерасад, ки нашрияи ягонаи хусусии тоҷикӣ дар Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. 
Дар шабакаи аввали Телевизиони Ӯзбекистон дар ду ҳафта як маротиба барномаи тоҷикии “Рангинкамон” пахш мешавад. Шабакаи радиои сатҳи ҷумҳуриявии “Маҳалла” низ ҳафтае се маротиба барномаҳои тоҷикии худро ба мухлисон  пахш мекунад. Ширкати садову симои вилоятҳои Сурхондарё, Бухоро, Самарқанд ва Фарғона солҳо боз дар радиову телевизион барномаҳои тоҷикиро ба роҳ мондаанд, ки бо пахши худ дар тарғиби забону фарҳанги миллии тоҷикӣ нақши муассир мебозанд. 
Вақти он расидааст, ки дар Ширкати миллии садо ва симои Ӯзбекистон студияи телевизионии тоҷикӣ ифтитоҳ ва бо кадрҳои зарурӣ таъмин карда шавад. Хуб мешуд, ки дар радиоҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мунтазам гуфторҳои тоҷикӣ пахш гарданд. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2022    №: 49 - 50    Мутолиа карданд: 837
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед