logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ФАТҲИ УФУҚҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ДУ КИШВАРИ ҲАМҶАВОР

 
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри бостонии Самарқанд ташриф овард. Сафирро ҳокими шаҳр Фазлиддин Умаров гарм истиқбол намуд. Зимни мулоқот гуфта шуд, ки бо иродаи сиёсии сарварони ду давлат созишномаҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ки робитаҳоро дар ҳамаи самтҳо таҳким мебахшанд. 
- Мо дар ояндаи наздик байни шаҳрҳои Панҷакенту Самарқанд робитаҳои тиҷоратиро ба роҳ монда, бо ин мақсад, дар байни шаҳрҳо бозори сарҳадие созмон хоҳем дод. Ба ин васила, сайёҳиро аз ҳар ду ҷониб ба таври густурда ба роҳ мемонем, ки ба нафъи кишварҳост. Таъсиси корхонаҳои муштарак низ дар мадди назар буда, соҳибкорони самарқандӣ метавонанд дар вилояти Суғд ба бунёди корхонаҳои муштарак иқдом кунанд. Дар ин зимн, ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва фарҳанг низ густариш меёбанд,- гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода. 
Фазлиддин Умаров иброз дошт, ки робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ бо ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистонро таҳким мебахшем. Умед мебандем, ки сафорати шумо дар робитаҳои байни ду мамлакат чун пул хидмат мекунад. 
Сипас, сафир аз “Хонаи дӯстӣ” боздид намуда, бо Акбар Маҳмудов, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилоят, Ҷумъа Ҳамроҳ, доктори илмҳои филология Нормурод Каримзода, шоир Шаҳло Аҳророва, ровии телевизионии Самарқанд мулоқот намуда, барои мактабҳои тоҷикӣ чанд бастаи китоб армуғон кард.  
Зимни суҳбат маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии олии Тоҷикистон аз Самарқанд 250 нафар таҳсил мекунад.  
- Хушҳолем, ки робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон густариш меёбанд. Маҳз дар ин замина, бисёр адибону ҳунарпешагони тоҷик ба Самарқанд омаданд. Суҳбату мулоқот ва ҳунарнамоии онҳо ба қаробати беш аз пеши халқҳои мо хеле мусоидат намуд. Маркази мо дар ҳамкорӣ бо кормандони рӯзномаи “Овози Самарқанд” беш аз 80 нусха китоби адибонро интишор намуд ва ба 50 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят тақсим кард. Бо вуҷуди ин, мактабҳои тоҷикии Самарқанд ба китобҳои бадеӣ ниёз доранд,- гуфт Акбар Маҳмудов.
Дар идома Абдуҷаббор Раҳмонзода ба бинои матбуоти шаҳр ташриф овард, ки он ҷо кормандони се рӯзнома – “Зарафшон”, “Овози Самарқанд” ва “Самаркандский вестник” фаъолият мекунанд.   
– «Овози Самарқанд» таърихи 30-сола дорад, - изҳор дошт Баҳодур Раҳмонзода, сармуҳаррири “Овози Самарқанд”. – Бо дастгирии ҳокимияти вилоят теъдоди муштариёни он бамаротиб афзуд. Дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии тоҷикони вилоят таҳти унвони “Китобхонаи “Овози Самарқанд”, ҳар сол чанд номгӯй китоб чоп мекунем, ҷашнҳои шоиру нависандагон роҳандозӣ мешаванд. Ба наздикӣ маҷмуаи шеърии шоири шаҳиру шаҳиди тоҷик Ҳабиб Юсуфиро ба дасти чоп супурдем,- афзуд ӯ. 
Фармон Тошев, раиси Иттиҳоди журналистони вилоят, зимни мулоқот пешниҳод намуд, ки дар нашрияи “Самарқанд” таҳти унвони “Муждаҳо аз Тоҷикистон” сутуне ташкил дода шавад. 
Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки ҳайати таҳририяи рӯзнома метавонад бо рӯзномаҳои даврии Тоҷикистон ҳамкории густарда ба роҳ монад, саҳифаҳои муштарак созмон диҳад. Имконе вуҷуд дорад, ки журналистони беҳтарини Самарқанд  ба узвияти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон пазируфта шаванд.
Рӯзи дуюми сафар Абдуҷаббор Раҳмонзода аз мақбараи Гӯри Амир, мадрасаҳои Шердору Тиллокорӣ ва Мирзо Улуғбек дидан кард. Баъд вориди Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ шуд.  Мудири он  Амриддин Пӯлодӣ меҳмонро бо роҳи тайкардаи ҳаёти поягузори адабиёти навини тоҷик, яке аз асосгузорони адабиёти навини ӯзбек, Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи ордени “Буюк хизматлари учун” Садриддин Айнӣ ошно намуд.  
Дарвоқеъ, хона-музей порае аз таърих аст, ки ҳар нигораи он ба  имрӯзиён аз тарзи зиндагии гузаштагон нақл мекунад. Дар ин ҷо сандалӣ, палосу кӯрпача, дастхатҳо, аксҳои таърихӣ, қаламу сиёҳидон, портфел, мизу курсӣ, маҷаллаву рӯзнома, китобҳо, телефон, дивани куҳнасохт, офтобаву дастшӯй, сарпӯш, либосу пойафзол ва дигар ашёҳои рӯзгори устодро гузошта буданд, ки аз тарзи ҳаёти Садриддин Айнӣ нақл мекунад.   
– Хона-музей роҳи пуршебу фарозро пушти сар кардааст. Чанд бор, ба баҳонаи он, ки ба намои шаҳр халал ворид менамояд, онро хостанд ба ҷои дигар кӯчонанд. Хушбахтона, ин нақшаҳои ғаразнок амалӣ нагардиданд. Баръакс, бо дастгирии Роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев он рӯйи таъмири ҷиддиро дид, пешайвонаш барқарор шуд,- гуфт Амриддин Пӯлодӣ.
Сафир дар Китоби хотираи Хона-музей соядаст гузошт. Баъд бо самимият аз эътибори Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Хона – музейи  инсон ва адиби бузург арзи сипос намуд. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, 
шаҳри Тошканд,
барои “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2022    №: 51    Мутолиа карданд: 1291
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед