logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ ВА КОҲИШИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

 
Раҳбарият ва Ҳукумати кишвар  дар самти  паст намудани сатҳи камбизоатӣ пайваста талош меварзанд. Ҳанӯз  солҳои  вазнини  1992-1998  Ҳукумати мамлакат барои таъмини аҳолӣ бо озуқа ва пешгирӣ аз гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро, ки  бо номи «заминҳои президентӣ» машҳур аст, ба сокинони кишвар тақсим намуд. Ин иқдоми Раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳолии кишвар, ки давраи вазнини баъдиҷангиро пушти сар мекард, ба хушӣ пазируфта шуд. 
 
Иқдоми роҳандозинамудаи Ҳукумат тавонист  аҳолиро аз гуруснагӣ наҷот диҳад.  Сокинони кишвар  ба кишти ҳар гуна зироат машғул шуда, эҳтиёҷи аввалиндараҷаи хонаводаашонро қонеъ гардонданд. Агар дар замони аввали соҳибистиқлолӣ  Ҳукумати кишвар бо сабабҳои маълум – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки иқтисоди кишварро касод карда буд,  барои таъмини аҳолӣ бо озуқа ва пешгирӣ аз  гуруснагӣ саъй мекард, пас, шуруъ аз даҳсолаи дуюми Истиқлоли давлатӣ ба андешидани тадбирҳои нав ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат   камар баст.
Ҳукумати мамлакат барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом  мерасонад. Аз соли 2000 - ум сар карда, рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардид. Ҳукумати  кишвар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифатро – ҳадафи стратегии миллӣ қарор дода, дар ин самт корҳои зиёдеро тадриҷан амалӣ намуда, муваффақ ҳам мешавад.  Масалан, бо вуҷуди қариб ду  баробар зиёд шудани аҳолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли  1999 то 26,3 дарсад дар соли 2019 коҳиш ёфт. Ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ назар ба соли 2000 - ум беш аз сад маротиба афзуд. Агар дар замони аввали соҳибистиқлолӣ сокинони кишвар бонкҳоро  танҳо манбаи қарзгирӣ медонистанд, ҳоло бошад, дар он  пасандозҳояшонро гузошта, фоида ҳам  мегиранд. 
Дар муқоиса ба замони Иттиҳоди Шуравӣ автомобилҳои шахсӣ  бамаротиб афзудааст.  Агар он замон дар як деҳа ҳамагӣ 15 – 20 нафар автомашинаи шахсӣ дошт, ҳоло бошад, шукрона аз Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин теъдод автомобилро  дар як кӯча  метавон дид.
Ин ва дигар нишондодҳое, ки дар Паёми навбатӣ  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, аз баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ  дарак медиҳад.  Бешубҳа, метавон гуфт, ки коҳиши сатҳи камбизоатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои  замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Баланд шудани шароити  зиндагии мардум боиси паст гардидани   сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дуздӣ ва роҳзанӣ, мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар Паём  баён намуданд, ки солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат эълон  гарданд. Дар ин замина,  сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш  дода шавад. Дар сурати ноил шудан ба чунин дастовард, сатҳи  зиндагии аҳолии кишвар  боз ҳам баландтар мегардад.  Барои расидан ба ин ҳадаф, моро мебояд дастаҷамъона ва бо дилу нияти пок  меҳнат кунем, зеро ҳама гуна нияту амали хайр баракат ва подоши нек дорад. 
Муҳим аст, ки  ҷиҳати  тарбияи насли наврас, бедор сохтани ҳувияти миллии ҷавонон саъй намоем ва кӯшиш кунем, ки дар  рушди иқтисод, пойдории сулҳу субот ва ободонии  кишвар  саҳми арзандаи худро гузорем, зеро осудагию ободии Ватан  хотири ҷамъи аҳли хонадони ҳар яки мост.
 
Сайфулло АШУРОВ, 
 «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2022    №: 51    Мутолиа карданд: 834
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед