logo

Хабарҳо

ОИНАИ ҲАЁТ

Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 110 – солагии Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки рӯзноманигорони нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. 
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳр, ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, тамоми матбуотчиён ва кормандони васоити ахбори оммаро бо рӯзи касбиашон табрик ва ба онҳо сарбаландӣ,  хонаободиву  комёбиҳои эҷодиро таманно намуд. - Таърихи матбуоти тоҷик аз 11 марти соли 1912 бо нашри рӯзномаи «Бухорои Шариф» сарчашма гирифта, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилои нав рисолати худро идома дода, дар баланд гардидани шуур ва маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа саҳми муассир гузошта истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар заминаи таваҷҷуҳ ва ҳамкории хоссаи Ҳукумати мамлакат бо матбуот ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарғиби ғояҳои баланди инсонӣ, инъикоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ифшои камбудиву бартарафсозии онҳо бо кормандони ин ниҳоди воқеъбин ҳамкории пайваста дорад. Ин аст, ки соли гузашта  ҷиҳати инъикосу таҳлил ва баррасии паҳлуҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода тавассути расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва хориҷи мамлакат беш аз 120 маводу гузоришҳо нашр гардиданд. Ин ҳамкорӣ баёнгари сиёсати шаффоф, ошкорбаёнӣ ва демократия арзёбӣ мегардад, - изҳор дошт  П. Акрамзода.
Зикр гардид, ки матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода таърихи 87- сола дошта, пешрафти он бештар ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд. Дар даврони шуравӣ дар шаҳр танҳо як нашрия ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекарданд. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат майдони фаъолияти матбуот фарох гардида, 5 нашрия – «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Нури маърифат», «Тибби Буалӣ», инчунин, телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар пурра намудани фазои иттилоотӣ фаъол гардиданд. Матбуоти шаҳр дорои мактаб ва таърихи ғанӣ буда, дар баробари бузургтарин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти матбуоти ватанӣ саҳми беназир гузошта истодаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш раиси шаҳри Турсунзода ба намояндагони собиқадору фаъолони соҳаи журналистика барои ҳамкории судманд сипоснома тақдим намуд. 
    
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 862
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед