logo

Хабарҳо

РӮЗНОМАИ “ВАХШ” 90-СОЛА ШУД

Аввали солҳои 30-юми асри гузашта корҳои азхудкунӣ ва обёрии водии Вахш оғоз ёфт. Системаи ирригатсионии Вахш ҳамчун сохтмони зарбдори умумииттифоқӣ эълон гашта,  дар сохтмони он техникаю қувваи зиёди корӣ истифода мешуд. Аввалин рӯзномаи коргарӣ-  “Ударник Вахшстроя” ва “Сохтмони зарбдори Вахш”, ки соли 1932 ташкил ёфта буд, ҷараёни корҳои азхудкунӣ ва обёрии водӣ, муҳоҷират ба ин макони навободро инъикос менамуд. Рӯзномаи “Вахш” ҳамчун вориси рӯзномаи “Сохтмони зарбдори Вахш” бо ташкил ёфтани ноҳияи Октябр ва барҳам додани он, инчунин, аз нав ташкил гаштани ноҳияи Вахш бо номҳои “Октябри сурх”, “Ифтихори Вахш” ва аз 21 апрели соли 1963 бо номи “Вахш”нашр мешавад.
Тули фаъолияти бисёрсола газетаи “Вахш” ба мактаби ҳақиқии сайқали маҳорати касбии рӯзноманигорон табдил ёфт. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори матбуот Толиб Неъматов муддати 17 соли муҳарририаш  таҷрибаи ғании худро ба интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавон бахшид. 
Маҳз заҳмати аҳли эҷод буд, ки рӯзномаи “Вахш” дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба мавзуъҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, варзиш, ҳифзи ёдгориҳои табиат, ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи якум ва мукофот мешуд. Дар ин радиф бояд қайд кард, ки рӯзнома иштирокчӣ ва ғолиби озмуни Иттифоқи журналистони СССР низ мебошад. Барои инъикоси мавзуи ҳарбӣ - ватандӯстӣ бахшида ба 40-солагии Рӯзи Ғалаба бо Грамотаи фахрии Иттифоқи журналистони СССР, КМ ДОСААФ СССР ва Саруправленияи сиёсии Вазорати мудофиаи СССР мушарраф гардидааст. Соли 1986 мукофоти Иттифоқи журналистони СССР ба номи Уляноваро соҳиб гашт. 
Яке аз нахустин воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ - рӯзномаи ноҳиявии “Вахш” 90-сола шуд. Роҳи тайнамудаи он пуршараф, ибратомӯз ва шоистаи омӯзиш  мебошад
                                                                                      
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1104
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед