logo

Хабарҳо

Лукашенко: “Беларус ва Чин бояд роҳҳои иловагии ҳамкориро муайян кунанд”

Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни мулоқот бо сафири Чин дар Беларус Се Сяоюн изҳор дошт, ки муносибатҳои Минск ва Пекин муҳимтарин авлавияти сиёсати хориҷӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Яке аз мавзуъҳои аслӣ авзоъ дар минтақа ва таҳримҳои Ғарб аст. Лукашенко мутмаин аст, ки дар ин вазъият бояд роҳҳои иловагии ҳамкориро пайдо кард. Роҳбари Беларус аз сафири Чин хост, ки мавқеи расмии Минскро ба роҳбарияти Чин расонад. «Ман исрор намекунам, ки Чин бар асари таҳримҳои зидди Россия ва Беларус ягон масъулиятро бар дӯш гирад ва чизеро аз даст бидиҳад. Дар ин вазъият мо бояд модели муносибатҳо ва ҳамкориҳоро эҷод ва пайдо кунем, ки ба манфиатҳои ду кишвар ҷавобгӯ бошанд. Ин ҳадафи мо ва роҳбарияти мамлакати мост. Мақсади мо ҳамеша чунин буд. Аммо ҳоло баъзе чизҳоро мушаххас кардан лозим аст”, - гуфт Лукашенко.
 
 
 
 
Мишел Бачелет аз вазъи занон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуд
 
CentralAsia (CA). Мишел Бачелет, Комиссари олии СММ оид ба  ҳуқуқи башар, ахиран гуфт, ки занон дар Афғонистон бояд ҳуқуқи баробар дошта бошанд, ки бидуни тарси интиқом ба таври осоишта намоиши эътирозӣ баргузор кунанд ва дар бораи мушкилоти ҷомеа ошкоро сухан гӯянд. Дар изҳороти ӯ омадааст, ки занҳои афғон аксар вақт дар форумҳои байналмилалӣ ва расонаҳо ҳамчун қурбонӣ муаррифӣ мешаванд. 
Ӯ, ҳамчунин, иброз дошт, ки хушунат алайҳи занону духтарон набояд ҳеҷ гоҳ таҳаммул карда шавад. Масъулони хушунат алайҳи занон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мишел Бачелет дар баёнияи худ гуфтааст, ки ба мақомоти Иморати Исломӣ дар бораи зарурати фаврии ҳимоят аз ҳуқуқҳои аслии башарии занону духтарон муроҷиат мекунад. Вай, инчунин, афзуд, ки ба поймолкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон нисбат ба занон фавран хотима додан лозим аст.
 
 
 
 
Россия ва Чин дар бораи пули ягона андеша доранд
Lenta.ru. Чин ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки Россия шомили он аст, дар фикри таъсиси низоми мустақили байналмилалии пулию молӣ ҳастанд. Барои ин, кишварҳо тасмим гирифтанд, ки пули ягонаи байналмилалиро ҷорӣ намоянд.
Ин тасмим пас аз видеоконфронси ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Чин гирифта шудааст. Арзиши пули нав ҳамчун шохиси арзҳои миллии кишварҳои ширкаткунанда ва қимати маҳсулот ҳисоб карда мешавад. Иштироккунандагони вохӯрӣ аҳд карданд, ки лоиҳаро то охири моҳи март ба баррасӣ пешниҳод кунанд. «Бо назардошти чолишҳои умумӣ ва хатарҳои марбут ба коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ ва чораҳои маҳдудкунанда алайҳи давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Чин, кишварҳои мо бояд ҳамкориҳои амалиро ҳам дар сатҳи муколамаҳои мунтазами коршиносон ва ҳам дар самти тадбирҳо ва лоиҳаҳои муштарак фаъол созанд», - гуфт вазири интегратсия ва макроиқтисоди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Сергей Глазев.   
 
 
 
 
Дар Минск форуми васеи занон барпо гардид
 
Мир24. Дар Минск форуми васеи занон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Беларус баргузор шуд.  Ба форум ҳазорҳо занон омаданд - ҳамаи онҳо дар кор карда баромадани лоиҳаи навшудаи  Конститутсия иштирок намуданд. 
«Барои мо хеле муҳим аст, ки он арзишҳо, арзишҳои анъанавӣ оид ба издивоҷ ва оила дар Конститутсия ифода ёфта, кафолат ба оилаҳое, ки фарзанд тарбия мекунанд, нигоҳ доштани анъанаҳои маънавию ахлоқӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мо ва он заноне, ки дар тавсеаи навоварӣ фаъолона иштирок доштанд, аз ин Конститутсия комилан қаноатмандем, - гуфт  раиси Шурои Маҷлиси миллии Беларус Наталя Кочанова.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед