logo

Хабарҳо

Беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон ба Ватан омад

Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 11 март 303 шаҳрванди Тоҷикистон бо шумули занону пиронсолон ва ноболиғон, ки аз ҳудуди Украина ба Лаҳистон ворид гардида буданд, ба Ватан баргардонда шуданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, шаҳрвандон тавассути ширкати лаҳистонии «Enter Air» аз Варшава ба Душанбе оварда шуданд.
 
 
Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони чанд шаҳри Эрон мулоқот кард 
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Кирмон, Қазвин, Буҷнурд, Арок ва Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар шаҳри Душанбе буданд, мулоқот кард. 
Дар вохӯриҳо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ҳузур дошт.
Маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, ки ҷонибҳо масъалаҳои рушди робитаҳо, тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Имзои созишномаҳои муҳим 
Дар Вазорати молия Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» -и ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Барқарорсозии шабакаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод”-ро ба имзо расонданд.
Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион евро қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария мебошад. 0,8 миллион евро ҳамчун кумаки техникӣ пешниҳод шудааст.
 
 
Беш аз 24 миллион доллар барои муқовимат ба COVID-19
Дар Вазорати молия маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд баргузор гашт. 
Созишномаро вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ имзо карданд.
Арзиши умумии лоиҳа дар доираи Созишномаи маблағгузории сеюми иловагӣ ба 25 миллион доллар баробар аст.
Аз он 24, 26 миллион доллар барои харид ва таҳвили ваксинаҳои зидди бемории COVID-19, тестҳои ташхисӣ, доруворӣ, маводи масрафшаванда ва рушди инфрасохтори хизматрасонии соҳаи тандурустӣ масраф мешавад.
 
 
Ду ширкати нав вориди бозори сайёҳӣ гардид
Ду ширкати нави сайёҳӣ – «Мунзал» ва «Навранга» вориди бозори сайёҳии  Тоҷикистон гардид, ҳамзамон, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии  ширкати сайёҳии «Вип тревел энд тур» тамдид ва ба ширкатҳои сайёҳии «Зерафшан маҷестик трэвел», «Тансавиа Экспресс», «Чилмеҳроб», «Роҳат Тур», «Сафеддара» ва ба «Асcотсиатсияи тараққиёти сайёҳии  Зарафшон» аз нав иҷозатномаи фаъолият дода шуд, - иттилоъ дод Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Зимни тақдими иҷозатномаҳои фаъолияти сайёҳӣ ба ширкатҳои навтаъсис раиси кумита Тоҷиддин Ҷӯразода таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳоро ба масъалаҳои татбиқи босамари  имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардиданд, ҷалб намуд.
 
 
Фестивали филмҳои ИМА ва Тоҷикистон
Аз 13 то 18 марти соли 2022 Сафорати ИМА дар Душанбе нахустин фестивали филмҳои ИМА ва Тоҷикистонро дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», бахшида ба 30-юмин солгарди барқарор намудани равобити дипломатии Амрико ва Тоҷикистон баргузор мекунад. Филмҳое, ки барои фестивал интихоб шудаанд, анъанаҳои синамои ҳар ду кишварро васф менамоянд.
Ба иттилои Сафорат, дар фестивал як силсила филмҳое намоиш дода мешаванд, ки дастовардҳои беҳтарини фарҳанги ИМА ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Намоиши филмҳо дар кинотеатри «Тоҷикфилм» ва дар Маркази амрикоии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Тамоми намоишҳо аз ҷониби Сафорати ИМА сарпарастӣ шуда, даромад ройгон аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1018
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед