logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ НУҲУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАШТ

15 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор гардид. Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 23 масъала қабул намуданд.
 
Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипорлумонӣ маъруза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Зимни баррасии рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ва «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ дар атрофи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз пардохти баъзе намудҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шудани воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳоро муқаррар менамояд, мубодилаи афкор намуда, онҳоро ҷонибдорӣ карданд.
Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Маҷлиси миллӣ «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав» ва «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш» баррасӣ ва қабул гардид.
Ҳамчунин, ҳисоботи Прокурори генералӣ дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 шунида шуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо таваҷҷуҳ ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, инчунин, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба Прокурори генералӣ як қатор дастуру супоришҳо дод.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дахлнопазирии ҷинсӣ тақвият дода шуда, ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҷалб ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бо назардошти пайомадҳои ногувори авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон дастур дода шуд, ки якҷо бо мақомоти марбута барои гирифтани пеши роҳи баландшавии беасоси қурби асъори хориҷӣ ва афзоиши сунъии нархҳо дар бозори истеъмолӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гарданд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2022    №: 52    Мутолиа карданд: 1092
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед