logo

ҳуқуқ

ТАТБИҚИ ПАЁМ. БАРОИ ВОРИДОТИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ЯК ҚАТОР САБУКИҲО ҶОРӢ ГАШТ

 
Дар асоси тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз ва боҷи гумрукӣ озод шуданд. 
 
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагон, тадбири мазкурро бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (21 декабри соли 2021) ироа гардида буданд, арзёбӣ кард. 
- Имтиёзи мазкур нисбат ба автомобилҳои ҳам бо сӯзишворӣ ва ҳам бо барқ ҳаракаткунанда, ба истилоҳ гибридӣ, татбиқ намегардад, - гуфт вазири молия.
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки ба моддаи 345 Кодекси гумрук ворид намудани банди нав (банди 21) пешбинӣ шудааст, ки тибқи он воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, яъне электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мешаванд.
Бар пояи иттилои раиси хадамот, соли гузашта ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32465 воситаи нақлиёт бо арзиши гумрукии 271,8 миллион доллари ИМА ворид гардидааст, ки 64 адади он (арзиши гумрукии 6256546 доллар) воситаҳои нақлиёти барқианд. 
Пардохтҳои гумрукии ҳисобкардашуда барои воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ дар соли гузашта 15651987 сомониро ташкил дода, маблағи пардохтҳои гумрукии ба Буҷети давлатӣ воридгардида 395 651 сомониро ташкил медиҳад. Нисбат ба 31 воситаи нақлиёти барқии соли 2021 воридгардида (7 автобуси барқӣ, 18 троллейбус ва 6 воситаи нақлиёти барқии сабукрав) имтиёзҳои гумрукии тарифӣ ва андозӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуданд, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои озодкардашуда 15256336 сомониро ташкил медиҳад.
- Муқаррар намудани имтиёзи гумрукии тарифӣ ва андозӣ нисбат ба воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, ҳавасмандии воридоти бештари воситаҳои нақлиёти барқиро афзун намуда, ба ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ва истифодаи васеи манбаъҳои дигари энергияи барқароршаванда, ки дар кишвар тавлидкунандаи чунин навъи энергияи тоза, асосан, неругоҳҳои барқи обӣ ба ҳисоб мераванд, мусоидат хоҳад намуд. Илова бар ин, дар шароити болоравии арзиши сӯзишворӣ ва мушоҳида гардидани раванди зудтағйирёбии нархҳои сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бештар намудани истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар мамлакат муҳим арзёбӣ гардида, ба беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад намуд, - зикр кард Хуршед Каримзода.
 
ТУТЗОР 10 СОЛ АЗ АНДОЗ ОЗОД ГАРДИД
Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади рушди соҳаҳои пиллапарварӣ, шоҳибофӣ, атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону бонувон, қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд 10 сол аз пардохти андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ озод мегарданд. Ҳамчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии абрешимӣ машғуланд, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ба муҳлати 10 сол аз пардохти дигар андозҳо озод шуданд. Муқаррароти мазкур барои зиёд намудани масоҳати тутзор, таъмин намудани пиллапарварон, корхонаҳои саноатии кишвар бо ашёи зарурӣ, инчунин, дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидорие, ки ба коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии абрешимӣ машғул мегарданд, пешбинӣ шудааст. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2022    №: 52    Мутолиа карданд: 2738
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед