logo

иҷтимоиёт

АЗ БОВАРҲОВУ ДОВАРҲО

Наврӯз на танҳо моро бо беҳтарин расму оинҳои худ ба гузаштагон, ниёкони бузургу шарафмандамон, ки садсолаҳову ҳазорсолаҳо пеш мезистанд, бо садоқату муҳаббат мепайвандад, балки водор месозад, ки ба рӯзгори рафтаи худ; кӯдакиҳову ҷавониҳоямон низ баргардем. Ин руҷуъ, ин гардиш зиндагиву дунёро зеботару рангинтар месозаду ҷилвагар менамояд ва аз мо арҷгузориву шукр намуданро хостор мешавад. Оре, шукр, ҳазорон бор шукр, зистем, бо наврӯзҳову баҳорон будему бо табиати зебову шириниҳои рӯзгор.
Ҳолиё, ки фарорасии Наврӯзи оламафрӯз аст, маро низ ёд аз он даврони кӯдакӣ, ҷавонӣ ва боварҳову доварҳо меорад. Он боварҳоро наметавонам дигар бовар нанамоям  ва он доварҳоро аз нав барои доварӣ биёварам, чун аз ин олам аксар рахти сафар бастанд. Ин доварҳо шахсони аҷибу меҳрубон ва замоне зиндаву шодмон ба боварҳои худ буданд. Таъкид мекарданд: «Ба қадри суханҳои мо вақте мерасед, ки сабзаи хокамон як ваҷаб шудааст». Пас аз он ба сабзаи суманак менигаристанд, аммо намегуфтанд, ки мисли ана ҳамин сабза. Медонистанд, ки ин сабза рамзи зиндагӣ, ҳастӣ, хушбахтӣ аст.
Бобои Саъдӣ дар деҳа он замон, ки мо хурд будем, мегуфт: «Одам, ҳамин ки аз ин дунё рафт, барои умре намеравад, дар Наврӯз, дар баҳорон ба ранги сабза аз замин сар бармекашад ва аз ҳастии худ гувоҳӣ медиҳад». Ва ин байтро мехонд:
«Кош аз паси сад ҳазор сол аз дили хок
Чун сабза умеди бардамидан будӣ».
Мо - хурдсолон мешунидему бовар мекардем. Дар рӯзҳои наврӯзӣ ба гӯристон мерафтем ва медидем, ки болои ҳар гӯр сабза дамида. Барои шодмонии руҳашон ва ободии хонаи охираташон оят мехонданду дуои нек мекарданд. Ман медидам ва бовар менамудам, ки модарам, воқеан, ба рангу шакли сабза арзи ҳастӣ намудааст. Ва ҳам мешунидам, ки мегуфт: «Наврӯз омадааст, баҳор омадааст, ғамгин, ҳаргиз ғамгин мабош, шод бизӣ!». Бо ин як гуфтан қаноат намеварзид ва дар хобҳоям меомад, бо куртаи сабзу сарбанди сафед. Суманакам медоду дастархонро меорост, бо ҳафтсину бо ҳафтшин ва аз ҳар яке ном мебурд, то дар хотирам нақш бибандад. 
Баъдҳо, ки ба сол бузург шудам, дарёфтам, ки бобои Саъдӣ ба маънии байт сарфаҳм нарафтааст ва онро ба ҳар сол дар арафаи Наврӯзу фарорасии фасли баҳор шарҳи нодуруст мекардааст.
Нахустин бор, ки маънои байтро дарк намудам, дидам, ки сабзаи хоки ин мард аз замин, аз гӯр сар бар карда буд. Ба шарҳаш эрод гирифта наметавонистам, балки ин ҳуқуқро ҳам надоштаму иҷрои ин амалро бар худ раво намедонистам. Ҳар чӣ ҳам буд, ҳар кӣ ҳам буд, моро ӯ дар он рӯзгор умед мебахшид, рафтагонро ба сурате дигар бармегардонд, дар хаёлҳову боварҳо зиндагӣ мебахшид. Ҳидоятамон менамуд, ки онҳоро дар Наврӯзу баҳор дар шумори зиндагон биёрем. Ҳолиё ҳам намехоҳам, ки ин боварҳову ин доварҳоро аз зеҳнам, хотиротам бизудоям. Баръакс, дар Наврӯз, дар баҳор бори дигар зеботару рӯшантар пеши назар меоянд.
Ба ёд меорам. Кӯдак будем, ки мешунидему медидем, ки момаи Фотима ба зани ҷавон мегуфт: «Духтарам, суманакро ба ҷойи ту ман мемонам. Ту намон, ки ғамдор ҳастӣ, фарзанди хурдатро имсол аз даст додӣ. Агар ту онро бимонӣ, гандум сабз намешавад, мисли дили ту сурху пурхун мегардад. Гузаштагони мо ҳамин гуна мегуфтанд ва таъкид мекарданд. Ман вазифадорам, масъулам, ки сухани онҳоро ба шумо - ҷавонон бигӯям. Баъдҳо шумо онро ба дигарон бояд бирасонед».
Сабзаҳои суманакро занҳо аз ҳар хона ҷамъ меоварданд. Оташу чароғ меафрӯхтанд ва шабона суманак мепухтанд. Доира мезаданду  суруд мехонданд. Пас аз ҳар банд, ҳар рубоӣ ин байтро такрор мекарданд:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Мегуфтанд, ки доираҳои мо шакли осмонҳоро дорад. Осмонҳо ҳам ба ҳангоми ҷӯшидани суманак садоҳои доираҳоямонро мешунаванд ва пас аз он фариштаҳо ба замин фуруд меоянд. Суманакро, аслан, фариштаҳо мепазанд. Мо, ки одамони гунаҳкору пургуноҳем, ба ин чашмҳои одии одамӣ онҳоро дида наметавонем. Вале онҳо моро мебинанд». Ин гуфтаҳо, ончунон, самимӣ буданду бо меҳру муҳаббату эътиқоди зиёду як навъ тарси дарунӣ гуфта мешуданд, ки наметавонистем, ҳеҷ ба онҳо бовар накунем. Фариштаҳо дар дунёи хаёлу пиндори мо ба суратҳои гуногун ва бисёр зебо фуруд меомаданду суманак мепухтанд.
Зане, ки ба сол бузургтар буд, дар оғози ин маросими суманакпазӣ таъкид мекард: «Бо таҳорат бошед, фариштаҳо покиро дӯст медоранд. Худованд онҳоро намефиристад, агар яке аз мо пок набошем ва кина дар дил дошта бошем».
Занҳои ғамдорро низ ҷалб менамуданд ва ба онҳо мегуфтанд: «Имшаб ҳеҷ як ғамро ба дил роҳ надиҳед, фариштаҳо, ки ҳамаро шод дидан мехоҳанд».
Деҳа аз шумори занҳову боварҳову доварҳояшону амалҳояшон ба хотири Наврӯз, таҷлили зеботару пуршукӯҳтар хоб надошт. Саҳар дар ҳар раста, аз ҳар хона дар замин дегдонча меканданду дегҳоро болои онҳо мегузоштанду ғизоҳои наврӯзӣ мепухтанд ва баъд дастархон меоростанд.
Бобои мулло Саид – пиру раҳбару раҳнамои деҳа ба ҳар раста бо навбат ташриф меовард ва оят мехонду дуои нек медод. Баъд мегуфт: «Арвоҳ имрӯз ҳама хушнуданд. Онҳо ҳам шодии шумо, сарҷамъии шуморо мехоҳанд. Кори хубе мекунед, ки аввал кӯдаконро гирди дастархон ҷамъ меореду ғизо медиҳед. Онҳо бегуноҳанд, дилҳояшон чун оинаҳо софу беғуборанд. Шодии онҳо худ беҳтарин дуо аст, ки зуд мустаҷоб мегардад». 
Ман як бор аммо дар баҳор гиряи ӯро дидаам. Он замон хурд набудам, бадро аз нек фарқ карда метавонистам. Тутзори ӯро бо амри раиси нави хоҷагӣ бурида буданд, дар оғози фарорасии Наврӯз, ба хотири васеъ намудани заминҳои пахтазор. Дар ҳоле ки мегирист, мегуфт: «Охир, ниҳолу дарахти шинонда барои соҳибаш  мисли фарзанд аст. Агар ниҳолу дарахташро бибурӣ, ба  яқин, фарзандонашро қатл намудаӣ,  куштаӣ. Дар баҳорон як гӯшаяки деҳа сабз мешуд, магар бад буд. Шохаҳояшро мезаданд, бо баргҳояшон пилла парвариш менамуданд. Мардум соҳиби ҳезум мешуд, хоҷагӣ соҳиби пилла». Дуои бадаш накард, баръакс, гуфт: «Худо ҳидояташ бикунад». Аммо на он сол ва на  солҳои дигар аз он замин ҳосили пахта рӯёнда натавонистанд. Ё бар асари боронҳои зиёд ва ё селҳо ҳама заҳматҳо барҳадар мерафт.
Эътимоди мардум аз раиси хоҷагӣ баргашт. Мегуфтанд: «Ба хотири эҳтироми  мӯйсафед як бор бояд аз пешаш мегузашт, яъне, иҷозати ӯро мегирифт». Ҳолиё бар ҳар дарахти сабз, ки менигарам,  бо як боварӣ ва муҳаббат мегӯям: «Ин фарзанди зебои кӣ бошад»?
Дар мактаб - интернат (мактаб - интернати № 2, ба номи А. Деҳотӣ, ҳоло «Сарпараст») аввали соли 70-уми асри гузашта, ки дар синфи се таҳсил мекардем, аз омадани Наврӯз ҳамсинфамон Чилла башорат медод. Ӯ аз хонаашон дар ин  мавсим най меовард ва дар хобгоҳ онро менавохт. Мегуфт, ки навозиши найро аз падараш дар хурдсолӣ омӯхтааст. Мо - ҳама бо навохтани ӯ гӯшу ҳуш мешудем ва омаданҳои Наврӯзро медидему ҳис менамудем. Наврӯз дар сурати як одам, як одами бисёр зебо, меҳрубон, шодмон, хайрхоҳ, дӯстдори ятимони чун мо бо халтаи пур аз анвои ширинӣ, қоқу, сӯзанак, суманак,  санҷид, гулҳои сиёҳгӯш дар зеҳну хаёли мо ҷилвагар мешуд.
Як рӯз садои найи ӯро мураббие шуниду омад ва сарзанишаш кард, ки ҳоло нанавозад. «Бо садои най ҳама мавҷудоти олам аз хоби сабук ва ҳам гарон бедор мешаванд, ба рӯи дунё меоянд, ба ин умед, ки Наврӯз фаро расидаасту ҳама ҷо сабзапӯшу гулпӯш аст. Аммо чун ин гуна ҳақиқатро дарнамеёбанду намебинанд, боз ба хоб мераванд ва дигар аз хоб сар бар намекунанд, ба садоҳои найҳо бовар наменамоянд», - гуфт ӯ.
Мо бо шубҳаҳо он лаҳза ба найнавозамон нигаристем. Ӯ дигар чанд муддат нанавохт, агарчи ҳама навохтанашро мехостем. Барои рафъи шубҳаҳоямон ҳақиқатро дар ин маврид аз мураббияи худ пурсон шудем, аммо ӯ гуфт: «Намедонам, ҳамин хел мегӯянд. Ва ҳам мегӯянд, ки ҷони Одамро Худованд бо садои най вориди қолибаш, танаш, намудааст». Ин ҷавоб моро қаноат накард, мо, ки интизори онро надоштем. Аз ин рӯ, ба найнавозамон гуфтем: «Бинавоз, бинавоз, аз таҳти дил бинавоз, омадани Наврӯзро, баҳорро бо ҷону дил мехоҳем, дамидани сабзаҳоро, сабзаҳои рӯи гӯрҳоро ҳам хосторем». Ва ӯ менавохту мо - ҳама якҷоя, сӣ нафар бо як овоз замзама мекардем:
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво – ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Ӯ, ки ба ваҷд меомад, навохтанро аз ёд мебурд, беихтиёр найро аз лабонаш дур мекард ва бо мо ҳамовоз мешуд.
Чанд рӯз пеш ба найнавозамон занг задам, ба найнавозе, ки синнаш аз шаст гузаштааст. Пурсидам: «Ҳанӯз ҳам най менавозӣ?». Посух дод: «Менавозам, ҳамон найро, аммо мисли он солҳову он рӯзҳо, мисли шумо шунавандаҳои  асилро надорам. Менавозам ба ёди он даврон, дар танҳоӣ, то фарзандон, наберагон напурсанд, ки барои чӣ ашк мерезам».
Магар метавон ин ҳамаро аз ёд бурд? Магар метавон бар боварҳову доварҳо эрод гирифт? Не, ки не! Наврӯзу баҳор ҳамаро ба ҳар сол зиндатару зеботару боварбахштар менамояд.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2022    №: 52    Мутолиа карданд: 1816
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед