logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

16 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
 
«Муҳтарам Ваагн Гарникович!
Ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Арманистон ба Шумо табрику таҳнияти самимӣ ва таманниёти неки худро мерасонам.
Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда бо ҳам мепайванданд.
Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни кишварҳоямон минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам дар ин ҷода якҷоя бо Шумо саъю талошҳои лозимаро ба харҷ диҳам. 
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо муҳтарам Ваагн Гарникович сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ, шукуфоӣ ва некуаҳволӣ орзу менамоям».
 
16 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
 
«Хонуми Олиҷоҳ!
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Маҷористон самимона табрик менамоям.
Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо Маҷористон манфиатдор мебошад ва ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамояд.
Мо хоҳони вусъати бештари ин ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои нав дар ростои тавсеаи равобити густурдаи байни ду давлати дӯст ҳастем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии мо дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми тарафайн ба пояҳои баландтар бардошта хоҳад шуд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандиву саодат ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Маҷористон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».
 
16 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея муҳтарам Юн Сок Ёл барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
 
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея самимона табрику таҳният мегӯям.
Мо Ҷумҳурии Кореяро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем.
Кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу муҳтавои кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея омодагии инҷонибро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз менамоям.
Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ба ҳам дӯст минбаъд низ дар маҷрои рушду тавсеа идомаи нек пайдо карда, натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзумандам».
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2022    №: 53    Мутолиа карданд: 3354
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед