logo

фармонҳои президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ гардонад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 16 марти соли 2022, № 362
 
 
ШАРҲИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ЭЪЛОН НАМУДАНИ МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ”
16 марти соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расида, дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад.
 
Мувофиқи фармони мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад. Ҳамчунин, Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.
Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.
Аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тибқи тартиби муқарраргардида гузаронда, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.
Прокуратураи генералӣ назорати риоя ва иҷрои Қонуни мазкурро амалӣ менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2022    №: 53    Мутолиа карданд: 4510
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед