logo

сиёсат

ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ БО ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Меҳмонхонаи “The Rumi Hotel and Residences” дар ноҳияи Шоҳмансур
 
17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт меҳмонхонаи “Румӣ ҳотел энд резиденс” (The Rumi Hotel and Residences)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Меҳмонхонаи замонавии 4 - ситорадор дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, дорои 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ барои 168 нафар мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамшуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи замонавӣ дар пойтахт беш аз 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Ҳадаф аз бунёди меҳмонхона боз ҳам мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе буда, ба ин восита, ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ дар сатҳи баланд хизмат расонда мешавад. Меҳмонхона бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ аст.
Дар ошёнаи якум тарабхона бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад, ки дар он барои меҳмонон ғизоҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣ омода ва дар як вақт ба зиёда аз 200 мизоҷ пешниҳод мегарданд. 
Масоҳати умумии бинои меҳмонхонаи замонавӣ 4 ҳазору 176 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бо назардошти имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи мазкур 3 толори маҷлис барои баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун бо шароити арзанда мавҷуд аст.
 
Туҳфаи наврӯзӣ - Муассисаи томактабии хусусии “Закия” дар ноҳияи Фирдавсӣ
17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи томактабии хусусии “Закия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Масоҳати умумии иншоот 2743 метри мураббаъро ташкил намуда, бино дар масоҳати 1108 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 нафар кӯдак пешбинӣ гаштааст.
Иттилоъ доданд, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо ду забон-русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён бо ба инобат гирифтани малакаи касбӣ тариқи озмун ба кор қабул шудаанд.
Корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расиданд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 32 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид.
Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Закия” Комрон Қодиров бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Иншоот дорои ошхона бо 140 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҷомашӯӣ, толори варзиш, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ,  машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ 6 суҳбаткада, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ ва гӯшаи махсус ҷой дода шудаанд, ки барои гузарондани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия мувофиқанд.
 
Бунёди бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии “Кафолат” дар ноҳияи Сино
17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимиро дар Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат” ифтитоҳ карданд.
 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат” барои 432 хонанда дар як баст бо ҷойгиркунии толори варзиши сабук ва тенниси рӯйи миз дар таҳхонаи он, синфхонаҳо дар ошёнаҳои аз дуюм то чорум, бо сатҳу сифати баланд, тарҳи меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҷониби муассиси гимназия - соҳибкори ватандӯст Исматулло Исоев бунёд гардид.
Дар бинои иловагии таълимӣ 18 синфхонаи таълимӣ ҷойгир шудааст. Бино бо шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст гардидааст.
Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, он бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз мебошад. Дар бинои нав таҳсили хонандагони зинаи ибтидоии таҳсилот - синфҳои 1 то 4 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар ошёнаи якуми бино ошхона барои 290 ҷойи нишаст ҷойгир шуда, дар он барои хонандагони муассиса беҳтарин шароит фароҳам аст. Ошхонаи муассиса бо нақшу нигори миллӣ ва санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.
Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи бино беш аз 100 адад гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонда шудаанд.
Роҳбарияти муассиса дар шафати бинои иловагии таълимӣ сохтмони майдончаи варзишии болопӯшидаро оғоз намудаанд, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардории таълимгирандагони гимназия қарор мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат” якуми сентябри соли 2009 ба фаъолият шуруъ намуда, раванди таълиму тарбия тибқи оиннома бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст.
Давоми солҳои 2015-2022 хонандагони гимназия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 7 медали тилло ва аз олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ 19 медали тилло ба даст овардаанд.
Тули 5 соли охир хонандагони гимназия дар озмунҳои дарёфти Стипендияи президентӣ ва Стипендияи раиси шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, то имрӯз 11 нафар ба гирифтани Стипендияи президентӣ ва 17 нафар ба гирифтани Стипендияи раиси шаҳри Душанбе мушарраф гардидааст.
 
“Кохи Олимп” дар ноҳияи Сино  қомат афрохт
17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Синои пойтахт толори варзишии “Кохи Олимп”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
 
Толори варзишии “Кохи Олимп” дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо назардошти талаботу меъёрҳои муосири меъморию варзишӣ бунёд гардида, барои доираи васеи ҷавонону наврасони варзишгар ва дигар нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намудаанд, пешбинӣ шудааст.
Ин кохи муҳташами варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Сафед-дара” бо харҷи 12 миллион сомонӣ сохта шуда, толори асосии он бо фарогирии қариб 1000 ҷойи нишаст барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии футбол, баскетбол, волейбол ва теннис пешбинӣ гардидааст.
“Кохи Олимп” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.      
Дар таҳхонаи бино бахши техникӣ ва дар ошёнаи якум аз ду ҷониб чор ҳуҷраи либосивазкунии алоҳидаи замонавӣ барои мардону занон ва ҳаммом барои 15 нафар мавҷуд аст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм толор барои меҳмонони воломақом, толори машқу тамрин дар риштаи гӯштӣ ва бокс, ҳуҷраи кори доварон ва шореҳони варзиш мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ҷиҳати ба варзиш машғул гардидани наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Толори варзиши бадан низ дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад.
Зимни боздид аз шароиту имконияти “Кохи Олимп” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти махсуси варзишӣ аз кишварҳои Аврупо ворид шуда, ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯанд. 
Дар толори варзишии “Кохи Олимп” 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарони пойтахт таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ҳамаҷониба истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номбардори давлату миллати хеш бошанд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2022    №: 54    Мутолиа карданд: 1857
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед