logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФИЛИППО ГРАНДИ

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла Дафтари Комиссари олӣ оид ба паноҳандагон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкории сермаҳсул бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагонро намунаи боризи муносибатҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои такмили бештари заминаҳои ҳуқуқии раванди ҳамкорӣ, таъсиси абзорҳои марбутаи ҳуқуқӣ ва мутобиқ гардондани қонунгузории миллии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ табодули андеша карданд.
Вобаста ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву башарӣ дар ин кишвар гардиданд, пешниҳод шуд, ки робитаҳои кории судманд ҷиҳати расондани кумакҳои башардӯстонаи мақсаднок ба мардуми Афғонистон идома дода шаванд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2022    №: 54    Мутолиа карданд: 3214
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед