logo

Хабарҳо

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВ БО ИШТИРОКИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

 
Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи истеҳсоли уребчаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод.
 
Раиси шаҳр нахуст бо шароити фароҳамовардаи кор дар корхонаи мазкур ошно гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур аз ду қисм - коргоҳи истеҳсолию анборхона ва қисми маъмурӣ иборат буда, дар он 150 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудааст. Корхона имкон дорад, ки дар се баст фаъолият намуда, дар як дақиқа то 600 адад  ва дар як шабонарӯз зиёда аз 800 ҳазор уребча истеҳсол намояд.
Сохтмони корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат ва қарори раиси шаҳр, аз ҷониби ҶДММ «Васли Моғиён» соли 2020 оғоз гардида буд.
Фармоишгари корхонаи истеҳсолӣ роҳбари ҶДММ «Афзалият групп» Абдураҳмон Ғайбуллозода буда, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Селтехпроект» бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шудааст.
Масоҳати умумии корхона 11845,0 метри мураббаъро ташкил дода, аз ду ошёна иборат мебошад, ки дар он 11 ҳуҷраи корӣ, ошхона барои кормандон ва озмоишгоҳ барои санҷиши маҳсулоти истеҳсолшуда ҷойгир аст.
Корхонаи мазкур бо арзиши понздаҳ миллион сомонӣ бунёд гардида, таҷҳизоти истеҳсолии он аз технологияи итолиявии ширкати «Фамеканика Машинери»-и Ҷумҳурии Италия мебошад.
Дар оянда масъулон нақша доранд, ки бо бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли уребчаҳо содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Рустами Эмомалӣ масъулонро муваззаф намуд, ки дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 896
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед