logo

фарҳанг

ДДЗТ. БАРГУЗОРИИ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

 
Дар толори фарҳангии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 10-уми март бахшида ба Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили идонаи хотирмон бо ширкати васеи намояндагони васоити ахбори омма дар сатҳи баланд баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ ректор Жило Гулназарзода, муовини роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Умарҷони Эмомалӣ, рӯзноманигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Абдулқодири Раҳим, муовини сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” Абдурауф Муродӣ ва муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-и Телевизиони “Тоҷикистон”, рӯзноманигор Фатҳиддин Замон ширкат ва суханронӣ карданд.
Жило Гулназарзода рӯзноманигорони кишварро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, неруи қавӣ, иродаи матин ва дастовардҳои беназири эҷодиро таманно карда, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Итминони комил дорем, ки рӯзноманигорони худшиносу ватандӯсти тоҷик бо қалами бурро ва сухани созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.” 
Шоир ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим дар бораи пешаи рӯзноманигорӣ ва нақши васоити ахбори омма дар рушду суботи ҷумҳурӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки матбуот яке аз неруҳои пуриқтидори пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, нақши он дар мукаммалсозии фазои иттилоотӣ бисёр муҳиму бузургу созанда мебошад.
Рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ дар хусуси нашрияи “Паёми донишҷӯ” ва маҷаллаи “Машъалафрӯз” – и Донишкада сухан гуфта, аз ҷумла  изҳор дошт, ки аз нигоҳи ороиш, сифат ва мазмуну муҳтаво нашрияи “Паёми донишҷӯ”  ва маҷаллаи “Машъалафрӯз”-ро метавон дар радифи беҳтарин нашрияву маҷаллаҳои муассисаҳои таҳсилоти  олии касбии кишвар номид.
Полковник Умарҷони Эмомалӣ ва рӯзноманигор Фатҳиддини Замон дар бораи вазъи сиёсии ҷаҳон, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим сухан ронда, ҷавонони худогоҳу худшинос ва меҳандӯстро барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи байналмилалӣ ҳидоят карданд. 
Дар идома рӯзноманигорони кишвар, хабарнигорони ҷамоатии нашрияи “Паёми донишҷӯ” ва аъзои фаъоли маҳфили “Тулуи сухан”, ки дар муаррифии Донишкада саҳми шоиста гузоштаанд, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо сипоснома ва туҳфаҳои раёсати Донишкада қадр шуданд.
Аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди Донишкада барномаи хотирмони фарҳангӣ- фароғатӣ, ки ба муносибати Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик омода шуда буд, пешниҳоди аҳли нишаст гардид.
 
Доро СУҲРОБӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2022    №: 54    Мутолиа карданд: 2013
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед