logo

фарҳанг

ВОСЕЪ. САД ҲАЙФИ КИНОТЕАТРИ «ШОҲИН»

Кинотеатри «Шоҳин»-и ноҳияи Восеъ, ки дар гузашта макони ободу зебо буду нуфузи вижа дошт, мутаассифона, рӯ ба харобӣ овард.  Ба гуфтаи Маъруф Саймиддинов, директори муассисаи мазкур, соли 1998  кинотеатр аз фаъолият боз монд. 
Кохи “Шоҳин” беш аз 500 ҷойи нишаст дошт. Муассиса дар тавозуни “Тоҷикфилм” қарор дорад. Мутасаддиён мудом ваъда медиҳанд, ки кинотеатрро барқарор мекунем. Вале натиҷае нест.  
Тавре мушоҳида гардид, аз кинотеатр ба ҷуз як бинои валангор дигар осоре намондааст. На ҷойи нишаст дораду на дастгоҳҳои кинопахшкунӣ. Вақти боридани борон бомаш мечакад. Феълан, чанд ҳуҷраи бинои мазкур ба нуқтаи хӯришҳои тезтайёр ва ҷойи дилхушии кӯдакон табдил ёфтааст. 
Шариф Назаров, сокини ноҳия, дар суҳбат гуфт:
- Дар хотир дорам, ки филмҳои тоҷикиро вақте пахш мекарданд, ҷойи нишастан намеёфтӣ. Аз серодамӣ ҷойи поймонӣ набуд. Умедворем, ки кинотеатр дубора эҳё гардида, ба фаъолият мепардозад.
Дӯстмурод Ёрматов, собиқ корманди кинотеатр, иброз дошт, ки пеш аз сафари кории Пешвои муаззами миллат ба ноҳия, намояндагони “Тоҷикфилм” ба рангубори беруни кинотеатр шуруъ намуданд. Мутаассифона, корро пурра ба сомон нарасонданд. 
Суоли матраҳ чунин аст. Кохи “Шоҳин” чаро валангор шуд? Оё кинотеатр дубора эҳё мешавад?
«Ҷумҳурият» мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2022    №: 54    Мутолиа карданд: 3433
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед