logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ НАВРӮЗ:
1. Асари Умари Хаём. 2. Олиҳаи зебоӣ дар асотири Юнони Қадим. 3. Номи дигари мулки форсҳо. 4. Иди кишоварзҳо. 5. Иди миллӣ. 6. …, ки ҳамеша таъни мастӣ мекард. 7. Кӯҳ дар Эрон, ки гӯё Наврӯз бори аввал он ҷо ҷашн гирифта шудааст. 8. Асари Убайди Зоконӣ. 9. Дарахти чӯбаш қиматбаҳо. 10. Ҷашн пеш аз Наврӯз. 11. Ҳамоҳангии якчанд садои мусиқӣ. 12. Дарёи дарозтарин баъди дарёи Волга. 13. Унсури кимиёвӣ. 14. Таъмиргоҳи киштиҳо. 15. Сарнишини Итолиёвӣ Дарио … бо гузаштани ду нақби автомобилгард бо ҳавопаймо рекорди ҷаҳонӣ гузошт. 16.  Дарё дар Сибир. 17. Калимаҳои куҳнашударо чӣ меноманд?. 18. Варзишгоҳи машҳури Бразилия. 19. Лагери машҳури пионерон дар Қрим. 20. Шаҳр дар Тоҷикистон. 21. Асари Абдураҳмони Ҷомӣ. 22. … омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок. 23. Кохи нур. 24. Номи занона ё гул. 25. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон … Шалоер. 26. Ба дунёе, ки мардонаш … кӯр медузданд. 27. Ноҳия дар Тоҷикистон. 28. Яке аз кӯлҳои ҳафткӯли ноҳияи Панҷакент. 29. Адиби шинохтаи гурҷӣ … Думбадзе.        
 
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ, "Ҷумҳурият"
 
ҶАВОБИ МУАММОИ «МАТБУОТ»  АЗ 11.03.2022
1. 1912.  2. 1925. 3. 1928. 4. 1925. 5. 1995. 6. 1000. 7. 1994. 8. 2000. 9. Инқилоб. 10. Бедории тоҷик. 11. Кампир Изергил. 12. Левин. 13. Надидем. 14. Мирзо. 15. Офтобак. 16. Когон. 17. Нохонда. 18. Аббос. 19. Суҳбати. 20. Иди тоҷик. 21. Коми. 22. Инъом. 23. Муъҷиза.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 
238-53-40
Вайбер: 
93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
Тавсия
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
 
9. ҚАДРИ ХУДРО БИДОНЕД
Ташвиқ кардани худ ба корҳои муфид бисёр муҳим аст. Бо ин кор зеҳни шумо тарбия меёбад ва ёд мегиред, ки барои ташвиқ шудан ниёз ба амалгароӣ доред ва танҳо замоне дар интизори подош хоҳед буд, ки вазифаҳоро ба хубӣ анҷом дода бошед.
Назм ва пушти кор шудан ба маънои фаромӯш кардани истироҳат нест. Балки мо ниёз ба истироҳат ҳам дорем. Дар сурати бо талоши зиёд дар коре муваффақ нашудан, зеҳн нохудогоҳ одамро танбеҳи зиёд медиҳад ва ин қадаме барои ба ақиб ҳаракат кардан аст. Зеро дар тарафи дигари сиккаи “ташвиқ” “танбеҳ” меистад. Ва барои барқарор кардани неруи аз танбеҳ асарёфта истироҳат мебояд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
10. СТИВИ УАНДЕР - МУТРИБИ НОБИНО
Уандер, ки воқеан, дар такмили мусиқии асри XX саҳми нотакрор дорад, аслан норасо таваллуд шуда, чанд муддат бо нафаси сунъӣ дар беморхона мемонад. Фарзияе ҳаст, ки маҳз дар ҳамин ҳангом ҳавои сунъии аз меъёр зиёд ба чашмони тифл зиёни ҷиддӣ мерасонад ва ӯ биноияшро аз даст медиҳад. Уандер дар хотираҳояш нақл мекунад, ки ӯро модараш танҳо ба воя расонда, ҳунар омӯхтааст. «Бахти ман омад карду дар 11 - солагиям бо ширкати машҳури «Motown» шартнома бастам ва модарамро аз кори пурмашаққат дар ширкати моҳипарварӣ раҳо сохтам», - ба ёд меорад ӯ.
Воқеан, албоми нахустини Уандер дар 12-солагияш бо ин ширкат сабт ва дар тамоми Амрико паҳн гашта, ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ меорад. Уандер ҳамчун асосгузори мусиқии классикии соул тули фаъолияташ 25 маротиба барандаи ҷоизаи ҷаҳонии Грэмми гардида, бо ин дастовард дар дунёи мусиқӣ ҷойи дуюмро мегирад.
Стиви Уандер 13 майи соли 1950 дар шаҳри Сагинои иёлати Мичиган таваллуд шуда, аз хурдӣ Рэй Чарлз - мутриби дигари нобиноро кумири худ медонист. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БАРДОР-БАРДОР
Дар маросими дафни нависандаи машҳури рус, драматургу мунаққиди шинохта Николай Алексеевич Полевой, ки дар калисои Никола Морский мегузашт,  журналист Фаддей Булгарин мехоҳад аз як гӯшаи тобут бардорад. Дар ҳамин ҳол актёр Пётр Каратигин  дасти ӯро тела дода, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд:
- Шумо журналистон устодро дар зиндагияш хеле бардор - бардор кардед, монед, ки мурдаашро мо бардорем. 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
БЕҲТАРИН ФИЛМИ КӮТОҲТАРИНИ ҶАҲОН
Як гурӯҳ одамон барои тамошои филми кӯтоҳмуддате, ки дар фестивали «Беҳтарин филми 10 - дақиқагии ҷаҳон» ғолиб омада буд,  ба кинотеатр омаданд.  Филм оғоз гардид. Дар экрани калон шифти сап - сафеди хона намудор шуд. Дақиқаи чорум мегузашт, аммо то ҳол танҳо шифти хона намоён буду дигар ҳеҷ. Дар дақиқаҳои панҷум то ҳаштум ҳам ғайр аз ҳамон шифти сафеди хона дигар чизе дар экран намоён нагашт. Одамон нороҳату бетоқат гардиданд. Баъзеҳо кинотеатрро тарк карданд, гурӯҳе аз беҳуда рафтани дақиқаҳои умри худ таассуф мехӯрд. Дар дақиқаи нуҳум  писарчае, ки ба сабаби бемории фалаҷ барои як умр бистарӣ гардида буд, намудор шуд. Баъдан, дар поёни экран навиштаҷоти «Ин бача боз чандин солро ҳамин тавр мегузаронад, шумо бошед, 8 дақиқа сабр карда натавонистед» пайдо шуд.
Таҳияи Фараҳнӯш РИЗОЗОДА
 
 
 
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
ҶУВОРИМАККА АВВАЛИН РУСТАНӢ ДАР КАЙҲОН
Аз ибтидои асри кайҳонӣ рустаниҳо дар таҳқиқи фазоӣ ҳамроҳи одам буданд, аммо баръакси одамон ва ҳайвонот  онҳо иштирокчии номаълуми парвози кайҳониро мемонанд. Дар киштии кайҳонӣ ҷой кам аст, аз ҳамин сабаб барои рустаниҳо шароит муҳайё кардан кори душвор мебошад. 
Баъди тадқиқоти зиёд аввалин рустание, ки ба коинот бурда шуд, ҷуворимакка буд. Тухми он соли 1946 бо мушаки  V-2  ба фазо баромад. Парвариши рустаниҳо дар кайҳон на танҳо барои солимии ҷисмонӣ, балки барои равони кайҳоннавардон ҳам хуб аст, зеро дар ҳолатҳои ногувор ҳассосиятро аз байн  мебарад. То ҳол тибқи тадқиқот, дар хокҳои Моҳ ва Миррих 14 намуди рустанӣ мерӯяд. Олимон мегӯянд, ки парвариши рустаниҳо дар ин сайёраҳо оянда метавонад, кайҳоннавардонро бо ғизои тару тоза ва оксиген таъмин намояд. 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШӢ
ҚАҲРАМОНИ ПОЙЛУЧ
Абебе Бикила, давандаи афри-қоӣ, дар таърихи варзиши ҷаҳонӣ осори бузурге гузошт. Варзишгари эфиопиягӣ дар марафони Бозиҳои олимпии Рим – 1960 масофаи 42 километру 195 метрро пойи луч тай карда, қаҳрамон гардид. Чаро пойи луч? То оғози мусобиқа ҳамагӣ чанд соат монда буд, аммо Бикила пойафзоли мувофиқ наёфт: онҳо хурд буданд ва боиси нороҳатӣ мешуданд. Аз ин хотир, азм кард, ки 42 километрро рӯйи асфалти гарм бидуни пойафзол давад. 
Ӯ пас аз чор сол дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио боз чемпион шуд, аммо ин навбат бо пойафзол. 
Сарнавишти давандаи Эфиопия фоҷиавӣ буд. Пас аз ғалабаи аввал қариб ӯро ба қатл расонанд ва пас аз пирӯзии дуюм бошад, Бикила ба садамаи автомобилӣ дучор шуда, маъюб гашт ва дар синни 41 - солагӣ даргузашт. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
УСТУХОНҲОИ ШИКАСТАВУ ПОРА ЧӢ ГУНА СИҲАТ ЁФТАНД?
Соли 2009 дар садамаи автомобилӣ устухонҳои Катрина Бурҷесси 17-сола мешикананд. Теъдоди шикасти устухонҳо то ҳадде зиёд буд, ки бо истифода аз 11 чӯбчаи титанӣ ва як винт барои нигоҳ доштану пайвасти гардан пайвастанд. Пас аз панҷ моҳи ҷарроҳӣ ӯ пурра сиҳат шуд ва, ҳатто бо як агентии тарроҳӣ шартномаи ҳамкорӣ баст.
Аз русӣ тарҷумаи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ЭКОВЕТОР
БОҒИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 
Он дар масоҳати 2,6 миллион гектар доман паҳн кардааст. Бо мақсади ҳифзи манзараҳои нодир, анвои камёфту нобудшавандаи олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ, ривоҷи сайёҳӣ, истифодаи дурусти захираҳои табиӣ соли 2013 ба феҳристи Мероси ҷаҳонии идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) шомил шуд. Ҳудуди он чанд объекти нодири табииро дар бар мегирад, ки пиряхи А. Федченко яке аз бузургтарин пиряхҳои олам, аз он қабил аст. Макони зисти гӯсфанди кӯҳии Марко-Поло (архар), бузи кӯҳӣ (ҷадӣ)-и сибирӣ, хирси барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, намудҳои нодири парандагон – ғози ҳиндӣ, моҳихӯраки сараш малла, мурғи ҳилоли тибетӣ ва ҳимолойист.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
ЗИНДОН ВА ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ ИНСОН
МАҲБУСЕ, КИ  АКСБАРДОРИ МАШҲУР ШУД
Донато Ди Камилло, ки барои дуздӣ 10 сол паси панҷара нишаст, дар ин муддат зиндагиаш ба қавле 180 дараҷа тоб хӯрд. Вай дар китобхонаи маҳбас ба хондани маҷаллаҳо шуруъ кард. Ӯ бо шавқу завқи зиёд  саҳифаҳои «National Geographic», «Life» ва «Time»-ро варақгардон мекард. Донаторо аксҳои саҳифаҳои маҷалла ба ваҷд овард ва аллакай, хулоса бароварда буд, ки пас аз баромадан ба озодӣ чи кор хоҳад кард. Вақте соли 2011 аз зиндон баромад, ба зудӣ истеъдодаш фаввора зад. Ӯ ба аксбардории паҳлӯи дигари зиндагӣ оғоз кард. На он чизе, ки бисёриҳо ба дидан одат кардаанд. Дурбини ӯ аксар вақт нафарони бехона, беморони руҳӣ ва персонажҳои рангорангро, ки дар Ню-Йорк вомехӯрад, нишон мегирифт. 
Таҳияи М. БАҲРОМ
 
 
 
ДАҲ ҚОИДАИ НӮШИДАНИ ЧОЙ
ВИТАМИНҲОИ ДАР ТАРКИБИ ЧОЙБУДАРО КАМ НАКУНЕД!
Чойро аз ҳад зиёд дам надиҳед. Агар чой бисёр истад, таркибаш вайрон шуда, таъму мазааш тағйир меёбад. Таъсири витаминҳои С, Р ва дигар моддаҳои фоидаовар, ки дар барги чой мавҷуданд, кам мегардад. Ҳамчунин, он дар натиҷаи бисёр истодан мумкин аст ба манбаи пайдоиши ҳашароти зараррасон табдил ёбад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
КИТОБХОНӢ ОДАМРО АЗ ПИРШАВИИ БАРМАҲАЛ НИГОҲ МЕДОРАД 
Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки мутолиа организми инсонро аз пиршавии бармаҳал  нигоҳ медорад. Исбот шудааст, ки вақте майнаи сар камфаъол аст, организм тез пир мешавад. Танҳо мутолиа намудан фаъолияти майнаи сарро такон медиҳад, ки намунаҳои зерин гувоҳи ин гуфтаҳоянд:
Императори фаронсавӣ Наполеон дар як дақиқа 2000 калима мехонд. 
Нависанда Оноре Балзак дар 30 дақиқа 200 саҳифа мутолиа намудааст. 
Нависанда Максим Горкий дар як дақиқа 4000 калима мехондааст. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ШАҲРВАНДИ  ТОҶИКИСТОН КӮДАКИ ДАР РОҲИ ОҲАНИ МЕТРО АФТОДАРО НАҶОТ ДОД
Марди 40 – солаи муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар шаҳри Москва хонандаи 10 – соларо, ки дар роҳи метро афтода буд, наҷот дод, - хабар медиҳад сомонаи Sputnik.
Талабаи синфи чор ба телефонаш назар карда, тасодуфан ба роҳи оҳани истгоҳи метрои  «Библиотека имени Ленина»  (Китобхонаи ба номи Ленин) афтод.
Шаҳрванди Тоҷикистон афтидани писарбачаро дида, ҳамон замон аз платформа ба поён ҷаҳид ва кӯдакро наҷот дод.
Баъдтар маълум гардид, ки марди наҷотдеҳ қариб 20 сол мешавад дар Маскав зиндагӣ дорад ва бо кори сохтмону тармим машғул аст.
«Ман садоеро шунидам, сипас писарбачаи афтодаро дидам. Кӯдак аз тарс чӣ кор карданашро намедонист. Худоро шукр, ки қатора набуд», - мегӯяд яке аз шоҳидони ҳодиса.
Мактаббача дар бахши эҳёгарии яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав бистарӣ гардид. Тибқи гуфтаи табибон, вазъи кӯдак сангин арзёбӣ мешавад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ  ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
НИКОЛА ТЕСЛА 
(с. 1856 – 1946)
Никола Тесла – ихтироъкори маъруфи ҷаҳонӣ дар шаҳри Смиляни империи Австрия таваллуд шудааст. Падари олим шахси руҳонӣ буд. Бинобар ин, мехост, ки Тесла анъанаи оилавиро идома дода, маълумоти динӣ бигирад. Аммо писараш орзуи муҳандис шуданро дар дил мепарварид.
Ҳаёт ҳамаро дар ҷойи худ гузошт. Тесла мубталои шадиди бемории вабо гардид ва падар барояш гуфт, ки агар бар ин маризӣ ғолиб ояду сиҳат шавад ба вай иҷозати хондан дар  коллеҷи техникиро медиҳад. Тесла шифо ёфт ва ба Коллеҷи техникии Гратсе дохил шуд. Ҳамчунин, дар факултаи фалсафаи Прага таҳсили илм кард. Баъд ба ИМА омада, дар дастаи ихтироъкор Томас Эдисон кор кард. Бинобар  ихтилофи назарҳо онҷоро тарк намуда, ширкати хусусии худро таъсис дод.
Дар давоми зиндагӣ ӯ корҳои усули интиқоли фосилавии энергияи барқӣ, пешгӯйии пайдоиши интернет, роҳандозии истифодаи ҷараёни барқи тағйирёбанда ва таъсиси радиоро анҷом дод.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
МУҲОФИЗИ ШОҲЗОДА
Шоҳзода Чарлз дар сесолагиву семоҳагӣ соҳиби тахти бобояш шоҳ Георги VI шудааст. Вале ин қисса аз дигар боб нақл мекунад: вақте Чарлз ба Донишгоҳи машҳури Кембриҷ дохил мешавад, ба як муҳофизаш иҷозат медиҳанд, ки барои таъмини бехатарии шоҳзода дар дарсҳо ӯро ҳамроҳӣ кунад. Ғайри интизори ҳама муҳофиз то ҳадде ба хондан рағбат пайдо мекунад, ки ҳатто дар маърузаву муҳокимаҳо низ фаъолона ширкат варзидан мегирад. Дар ниҳоят кор то ҷое мерасад, ки вақти ҳимояи диплом муҳофиз аз шоҳзода дида, баҳои баландтар мегирад. Ҳайати ҳайратзадаи устодони имтиҳонгиранда дар қатори шоҳзода ба муҳофиз низ ноилоҷ диплом медиҳанд. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
РАЪДУ БАРҚИ БЕСОБИҚА
Созмони ҷаҳонии метеоро-логӣ дарозтарин ва муда-вомтарин раъду барқи  рекордиро муайян кард. Бино ба гузориши  шабакаи телевизионии "Известия", тулонитарин раъду барқ 29 апрели соли 2020  ба масофаи 768 километр дар ҷануби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабт шудааст. Давомноктарин раъду барқ 18 июни ҳамон сол дар марзи Уругвай ва Аргентина мушоҳида шудааст, ки дар осмон 17,1 сония рӯшанӣ намудааст. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЕВА
 
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
ҚОНУНИ «БОЗГАШТ» 
Агар ба касе хайр кунем, он даҳ баробар ба мо бармегардад. Вақте мо имтиёз мегирем, онро ҳам бояд бо дигарон мубодила намоем. Агар истеъдод дошта бошем ва аз он самаранок истифода набарем, он вақт ба худ таҳқир мекунем. Барои эҳтиром кардани қобилиятҳои худ, нахуст бояд аз онҳо шод буд ва онҳоро ба дигарон омӯзонд. Агар ин корро анҷом бидиҳем,  манфиатҳои бештаре ба ҳаёти худ ҷалб менамоем.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
РАСМУ ОИНИ ОИЛАБАРПОКУНӢ ДАР ГВИНЕЯ 
 
Дар қабилаи линии Гвинея одати аҷибе ҳаст. Домод бояд калонтарин ангушти дасташро бо табар ва ё асбоби хеле тез бурида, ба арӯси зебо пешкаш намояд, ки  ин нишонаи ишқу муҳаббатро нисбат ба зан баён мекунад. Дар дастархони шоми навхонадорон бояд хукҳои бирёншуда бошанд ва хешовандони домод шохи хукҳои ёбоиро ба бинии шаҳ ва арӯс мечаспонанд.
Дар сурати вафоти мард, зан  бо нишони садоқат ба шавҳари худ ангуштонашро мебурад ва онҳоро бо шавҳар якҷо дафн мекунанд.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2022    №: 54    Мутолиа карданд: 3232
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед