logo

иҷтимоиёт

МУЪҶИЗАҲОИ НАВРӮЗИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

 
Ҳар сол фасли зимистон хоҳ сарду пурбарф биояд ё нарми камбориш, кӣ бо чашми чор фаро расидани Ҷашни бостониямон – Наврӯзро интизор намешавад? Чун чиллаи хурд баромад, пиру барно неш задани сабза, муғча баровардани шохи дарахтон, пайдо шудани гулҳои қоқу ва сиёҳгӯшро дида, бо шодию нишот мегӯянд: «Шукр, ки ба баҳори нав расидем».
Бисёриҳо мунаҷҷим низ мешаванду нишонаҳои табиатро то Иди Наврӯз мешуморанд: шашаҳо, чордаҳи кабки рав, ҳаждаҳи бузкуш, кампирдарғор… Зимнан, соле пеш дар Ҷашни Наврӯз ин ниёиш вирди забонҳо буд: 
Эй Худованди Замину Осмон, 
То ба Наврӯзи дигар моро расон.
Ва, инак, ба фармуди Ҳофизи бузургвор: 
Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд, 
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд. 
Бедорӣ ва эҳёи табиат. Ҳатто рӯйи санг низ гуле мерӯяд: гули санг! Ва орзуву ормони инсон, созандагиву бунёдкории мардум аз рӯйи расму оинҳои наврӯзӣ дар баробари тозакориҳои табиат дучанд меафзояд. Ва Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо аз лаби дарёи Сир то Боми ҷаҳон ба наврӯзистон табдил меёбад: сабздомону гулафшон. Хушбахтона, Ҷашни Наврӯз дар замони озодии Ватан ва Истиқлоли давлатӣ шукӯҳу арзиши бештар пайдо кард. Ва банда чун шаҳрванде, ки синнаш ба ҷое расидааст, метавонам бо дили пуру овози баланд бигӯям: Таърихи миллати мо чунин идҳову тантанаҳои наврӯзиро ёд надорад. Маҳз ҳамин ҷашнҳои наврӯзӣ дар замонҳои басо мушкилу пурмоҷаро, носозиву парокандагии ҷомеа бо ҳидоятҳои Сарвари давлат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарҷамъ шудани мардум, аз байн бурдани кинаву адоват ва расидан ба ҳамдилӣ, сулҳу оштии миллӣ аз рӯйи рисолати азалияш хизмати бузург кард. Беҳтарин суннат, арзишмандтарин дастовард! Осоишу оромӣ, даст ба даст додану аз як гиребон сар баровардани миллат ба оғоз ёфтани созандагиву бунёдкорӣ дар ҳама соҳа дар саросари Тоҷикистон оғозу густариш ёфт. Марҳилаи нави худшиносии таърихӣ, меҳанпарастӣ дар замони истиқлол. Сохтани иншоотҳои азимтарин, бунёди шоҳроҳу пулу нақбҳо, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, корхонаву идораҳои маъмурӣ, аз нав бунёд кардани шаҳру деҳот. Ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки бисёр рустоҳои Тоҷикистон дар фосилаи начандон зиёд шабеҳи шаҳрак шуданд; эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ, фарзандони фарзонаи миллат, мероси адабию илмии ниёгон, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба муроди дил шуд. Тоҷикистони соҳибистиқлол, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон дар радифи давлатҳои ҳавзаи Наврӯз барои ба Феҳристи ҷашнҳои моддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид кардани Наврӯзи аҷам саҳми сазовор гузошт. Наврӯз ҷаҳонӣ шуд! Пирӯзии бузург. Ҷашни бостонии мо акнун аз таъқибу таъзйиқу хорӣ ва тамғагузорӣ раҳид ва ба майдони тантанаҳои шодиву нишот, ибрози меҳру ишқу дӯстии башарият табдил ёфт. Инро ҳам таърихи гузаштаи мо ёд надорад. Дар ин росто мероси осори бузурги ҳунарии миллати тоҷик: «Шашмақом» ва «Фалак» чун шоҳкор бо пешниҳод ва талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Дар ин самт дастовардҳо афзунанд ва ин ҳама ба расму суннатҳои қадимаи мардумӣ умри дубора бахшида ба худшиносӣ ва ҳисси ифтихори меҳанпарастии ҷомеа заминаи мустаҳкам гузоштанд. 
Бо ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҳар Ҷашни Наврӯз иншооти бузурги ҳаётан муҳим чун армуғон ба истифода дода мешаванду зимни мулоқотҳо андеша ва ҳидоятҳои хешро барои шукуфоии ояндаи Ватан, таҳкими дӯстӣ, рушди маорифу илм иброз медоранд. 
20 марти соли 2013 ба муносибати  Иди  Наврӯз бинои навбунёди аз ҷиҳати меъморӣ хуштарҳу бошукӯҳи  Осорхонаи миллӣ бо ширкат ва мулоқоти Президент бо зиёиёни мамлакат ба фаъолият шуруъ кард. Суҳбати ҷолибу хотирмон, вале фурсат танг буд. Гап сари ин, ки  дар  ҳайати расмӣ бо  Ҷаноби  Олӣ  Эмомалӣ  Раҳмон барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ ба пойтахти Туркманистони дӯст - шаҳри Ашқобод бояд парвоз мекардем. Масофа дур не. Пас аз соате ба он ҷо расидем. Ашқобод баъди соҳибистиқлол шудани туркманҳо нисбат ба даврони шуравӣ, ки ман дида будам, хеле обод, сабзу тозаву озода шуда, ба як шаҳри мармарӣ табдил ёфтааст. Ба Ҷашни Наврӯзи туркманҳо сарварони беш аз даҳ давлати ҳавзаи Наврӯз ташриф оварданд. Намояндагони илму адаб, ҳунармандони мо низ ширкат доштанд.
Боиси сарфарозии мо ин буд, ки сарварон ҳангоми суҳбат аз фалсафаи ваҳдатсозии умумибашарии Наврӯз ҳарф зада, ҳатман «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайёмро ёдовар мешуданд. Вале мо интизори тамошои тантанаи Ҷашни умумихалқии Наврӯз дар Туркманистон будем. Чӣ хел мегузашта бошад? Мизбонон 15 – 20 километр берун аз пойтахташон дар водии Аҳал даштеро  Наврӯзгоҳ интихоб кардаанд. Ин ҷо боди сарду тунд дасту рӯйи меҳмонони «фасон» - пӯшро мелесиду мехарошид ва ба пайкар низ мехалид. Ҷойи панаҳёбӣ нест. Ноилоҷ саф ороста, бо табассуму дастафшонӣ сарварони олимақомро пешвоз гирифтем. Сипас, дар дашти бо қолинҳои дастбофпӯшида ба сайри хаймаҳо, шунидани савту наво ва сурудҳои туркманӣ, тамошои аспҳои зебои ахалтегинӣ машғул шудем. Хони зиёфати наврӯзии мизбонон дар хаймаи басо бузург, содаву камранг ороста шуда буд. Ва шамоли тунди биёбон зарфҳои ғизоро аз матбах то хайма овардан сарди сард мекард. Ҳама чиз хунук. Мо, ки ба хонҳои зебову пурнеъмати наврӯзиямон дар тарабхонаҳои барҳаво, ғизоҳои гарму лазиз одат кардаем, аз истифодаи ин хӯрданиҳо худдорӣ менамудем. Эҳтиёт. Хайрият, ки лаҳзаи бархостан расид ва аз Наврӯзгоҳ ба фурудгоҳ омада, ҷониби Душанбе парвоз кардем. Дар тайёра Ҷаноби Олӣ пурсиданд: 
- Ягон ғизо хӯрдед?
- Не… Сард буданд. Шамоли дашт… 
Президент бо табассуми роздор «соате баъд ба зиёфати худамон мерасед» гуфтанд. 
Аз фурудгоҳи Душанбе рост ба зиёфати Ҳукумат бурданд. Ба ростӣ, ҳамин ки чашмамон ба мизҳои бо нозу неъматҳои фаровон ороста, пешхизматҳои озодапӯши хушмуомила афтод, ба ҳаяҷон, шояд бо ифтихору овози баланд гуфтем: 
 - Ана ин дастархони наврӯзии Тоҷикистон аст! Ана ин риояи фарҳанги бостонии Ҷашни Наврӯз аст…
Банда ин лаҳзаҳои фишурдаро ба он хотир ба ёд овардам, ки Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар хун ва мағзу устухони миллати мо ҷо дорад. Ва ҳар навбат бо фоли нек, файзу баракати бештар, бо руҳи созандагиву бунёдкорӣ, падидаҳои ҳамдиливу ваҳдатофарӣ дар зиндагии мардум, бунёди шаҳру деҳоти Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши зебои мондагоре мегузорад. Ва, инак, боз Наврӯзи куҳану ҷавонии бахт асрҳо сарчашмаи илҳому нишот ва ҳуснбахши ашъори бузургтарин суханварон ба диёри мо расид. Кошки мардум ва давлати Тоҷикистонамон аз муъҷизаҳои Наврӯзи даврони истиқлол афзуну афзун бархӯрдор шавад, осоишу комгор бошад. Бодо, ки чунин бодо!
 
 
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2022    №: 55    Мутолиа карданд: 700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед