logo

иҷтимоиёт

ҶАШНИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ

Барои мо – тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки Наврӯз - иди куҳану бостонӣ ва эҳёи табиат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳанӯз дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 19 марти соли 2011 хотирнишон сохта буданд, ки 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ Қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии Наврӯзро қабул намуд. 
 
Бо мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз таваҷҷуҳи равшанфикрон ва муҳаққиқон ба он бештар гардид ва барои шинохти воқеӣ, пажӯҳишу таҳқиқи таърих ва расму оинҳои наврӯзӣ шароити мусоид фароҳам омад. Дар давраи Ҳахоманишиҳо Наврӯз бо шукӯҳ таҷлил мегардид. Баъди истилои Искандари Мақдунӣ ва ҳукмронии Ашкониён Наврӯз то ҷойе манзалаташро аз даст дод. Хушбахтона,  дар замони ҳукумати Сосониён Наврӯз  боз ҳашамати бузурги худро пайдо намуд. Халифаҳои Аббосӣ Иди Наврӯзро ҳамчун суннати Ҷамшед бо тантана ҷашн мегирифтанд.
Дар  аҳди  Сосониён  Иди  Наврӯзро  мубади  мубадон  сар  мекард. Ӯ ба  назди  шоҳ  бо  ҷомҳои  заррини  шаробу  шир,  ангуштарин,  дираму  динор, дастаи ҷави  сабзшуда, шамшер, тиру камон, дафтару қалам омада, шоҳро   бо оғози рӯзи аввали  соли нав табрик менамуд ва бо ҳамин ҷашн бо номҳои гуногун, ба монанди Иди Наврӯз, Ҷашни  фарвардин, Ҷашни баҳор, Наврӯзи ҷамшедӣ, Наврӯзи султонӣ, Наврӯзи  ҷалолӣ ҳафтаҳо дар шаҳру деҳот идома меёфт. 
Дар ин маврид Ризо Шаъбонӣ, ки муаллифи китоби «Одоб ва русуми Наврӯз» аст, маълумоти фаровоне оварда зикр месозад, ки асрҳои аср мардуми эронинажод омадани Наврӯзро интизор мешуданд ва онро бошукӯҳ таҷлил менамуданд. Барои истиқболаш ҷомаи нав медӯхтанд, ширинӣ мепухтанд, ҳавлиро рӯбучин мекарданд, арӯсиҳо ва  шодиҳои худро мутаносибан бо он баргузор месохтанд. Баъди фаро  расидани Наврӯз  ба дидори ҳамдигар шитофта, қаҳриҳоро оштӣ, кинаҳоро ба муҳаббат табдил медоданд. Наврӯз будааст, ки гузаштагони мо гунаҳкоронеро, ки зиндонӣ будаанд, афв мекарданд. Ба гуфтаи Ризо Шаъбонӣ: «Ба навбати худ Наврӯз фурсате будааст, ки ҳуккоми мулк қалами афв бар ҷароими бархе аз асҳоби хатокор ва ё душманони хурди худ кашанд ва бо бахшидани ҷурмҳои онон умеди дуборае барои фаъолияти содиқона бад-эшон диҳанд». 
Зикри як нукта муҳим аст, ки  пеш  аз  Наврӯз  дар  моҳи исфандаромӯз деҳқонон ҳангоми тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ маросими дар се бегоҳ оташ афрӯхта, базм меоростанд. «Сурхию хуррамии ту аз ман, - гӯён аз болои оташ се маротиба меҷаҳиданд, ки ин ба мардуми минтақаҳои Ҳисор, Рашт ва Кӯлоб хос мебошад», - навиштааст муҳаққиқ С. К. Мирмуллоева.
Наврӯзи фархундапайро дар Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Чин (Урумчӣ, Қошғар, Яркент), Шимоли Покистон, форсҳои Ҳиндустон, курдҳои Ироқу Сурия, Гурҷистон,  Албания, Косово, Занзибар, тоҷикони кишварҳои  Россия, ИМА,  Канада,  Олмон ва  амсоли  инҳо  бошукӯҳ ҷашн  мегиранд.
Наврӯз дар омӯхтани таърих, расму оинҳои миллӣ нақши асосӣ мебозад, мардумро ба созандагӣ, зебоишиносӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҳидоят менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар яке аз суханрониҳои худ чунин иброз дошта буданд: «Тамоми оинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд, имрӯз ҳам барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд».    
 
Раъногул ИМОМАЛИЕВА, 
дотсенти кафедраи
фанҳои ҷомеашиносии ДДФСТ 
ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2022    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 695
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед