logo

иқтисод

САНОАТ. ЛИБОСИ МАКТАБӢ АЗ МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД!

Истеҳсоли либоси мактабӣ яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ буда, рушди босуръати он ба таъсиси ҷойҳои нави кор (хусусан дар деҳот) ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ пайваста имкониятҳо фароҳам меоварад. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт боқӣ мондаанд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли равон) барои таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар ин ҷода ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.
 
ЧАРО ЭЪТИМОД БА ЛИБОСИ  ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ КАМ АСТ?
Аз мушоҳидаҳо бармеоянд, ки дар интихоби либоси мактабӣ ҳанӯз ҳам волидон ба душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Барои огоҳӣ ёфтан аз ин мушкилот бо сокинон ҳамсуҳбат шудем. Аксарият аз сифату тарҳи либосҳо изҳори нигаронӣ доштанд. Модари наврасони мактабхон Нигина Қурбонова аз номувофиқатии андозаву пастсифатии матои онҳо шикоят кард: «Моделҳои либоси мактабии истеҳсоли худӣ барои духтарон ба таври васеъ ба роҳ монда нашудаанд. Барои мисол, шиму костюм барои писарон аз чанд навъи матоъ дӯхта шуда, имконият медиҳад, ки вобаста ба сифат ва нарх харидор либоси дилхоҳашро интихоб намояд, аммо барои духтарон имкони интихоби васеъ қариб вуҷуд надорад. Либосҳои истеҳсоли ватанӣ, мисли либосҳои хориҷӣ шинаму зебанда набуда, ҳамагӣ барои як мавсим тоб меоранд. Илова бар ин, дар як бор шустан сифати худро гум мекунанд». 
Яке аз фурӯшандаҳои либоси мактабӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон», иброз дошт, ки харидорон аксаран аз номувофиқатии нарх бо сифат норизо ҳастанд. Либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ аз навъи воридотии он арзон бошад ҳам, харидорон ба истеҳсоли хориҷӣ таваҷҷуҳ ва боварии бештар доранд. Онҳо мегӯянд, ки либосҳои истеҳсоли худӣ сифаташ паст ва ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ, пеш аз зиёд кардани хаҷми истеҳсоли мол хеле муҳим аст, ба сифат ва тарҳу намуди он диққати зиёд дода шавад.
Ба гуфтаи Абдурауф Пӯлодов, муовини сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар бисёр ҳолатҳо волидон аз сифати либоси мактабӣ шикоят мекунанд. Барои босифат дӯхтани либос Вазорат якҷо бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ ба мутахассисон оид ба иҷрои талаботи стандарти СТ ҶТ 1110 – 2018 «Либоси мактабӣ. Шартҳои техникӣ» пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. 
- Он корхонаҳое, ки маҳсулоти худро тибқи ин стандарт истеҳсол менамоянд сифати хуб доранд. Соли рафта дар ҶДММ “Бозори Корвон” чанд намуна либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ аз ташхис гузаронда шуда, маълум гардид, ки либосҳои мактабии истеҳсоли худӣ аз воридотӣ қариб фарқе надоранд. Танҳо дӯхт ва сифати матоъ беҳбудӣ металабад, - гуфт Абдурауф Пӯлодов.
Аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар ин бора иттилоъ доданд, ки соли сипаришуда дар корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ нисбат ба  429 703 маҳсулоти онҳо корҳои сертификатсионӣ ба анҷом расиданд. 
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, дар тақвият ба гуфтаҳои боло чунин изҳор дошт: “Барои истеҳсоли босифати либоси мактабӣ ҳанӯз бисёр омилҳо таъсиргузоранд. Муҳим аст, ки ашёи хом, аниқтараш маҳсулоти нимтайёр – матоъ, ришта ва тугмаю дигар маводҳои ороишӣ сифати хуб дошта бошанд. Мутаассифона, дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ  таҷҳизоти муосири истеҳсоли тугма вуҷуд надорад. Бар замми ин, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани таҷҳизоти тавлидотӣ, ки аз хориҷа (барои дӯхтани шиму костюм) ворид мешаванд, ба раванди истеҳсолот ва иҷрои нақша таъсир мегузоранд. Аммо бо вуҷуди камбудиҳо рушди соҳаи саноати сабук, хусусан истеҳсоли либоси мактабиро, наметавон манфӣ арзёбӣ кард. Зеро соли сипаришуда бори аввал дар кишвар се баробар афзудани истеҳсоли либоси мактабӣ яке аз дастовардҳои чашмраси соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад”. 
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, порсол 72 корхонаву коргоҳи дӯзандагии ватанӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар беш аз 2,6 миллион либоси мактабӣ истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса ба соли пешӣ   2,9 баробар зиёд мебошад. Аммо нақшаи таъмини либоси мактабӣ дар ҷумҳурӣ, ки соли хониши 2021 – 2022 истеҳсоли зиёда аз 3 миллиону 100 ҳазор  донаро дар бар мегирифт, пурра иҷро нагардид. Саноатчиёни мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва аз худ кардани донишу таҷрибаи ҷаҳонӣ ин нишондиҳандаро боз ҳам баланд бардоранд, чунки ҳамасола теъдоди хонандагон дар муассисаҳои таҳсилотӣ зиёд гардида, талабот ба либос меафзояд. 

НОРАСОИИ МАТОЪ – МУШКИЛИ АСОСӢ
Ба андешаи мутахассисон, барои ба даст овардани либоси босифати истеҳсоли ватанӣ дар баробари норасоии таҷҳизоти нав ва ашёи хом, аз ҷумла матоъ, мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурӣ, албатта, корхонаҳои саноатие боз шуда истодаанд, ки ба коркарди ашёи хоми ватании риштаю матоъ пардохта, дигар намуди маҳсулоти саноати ресандагӣ тавлид менамоянд, ба монанди ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд”. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли матоъҳои омехта машғул буда, дар як сол 2,5 миллион метри мураббаъ матоъ истеҳсол менамояд. Вале, тавре маълум гардид, иқтидори истеҳсолии корхона барои таъмини талаботи умумии корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ бо матоъ конеъкунанда нест. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои дӯхтани як либоси мактабӣ ба ҳисоби миёна 4 метр матоъ зарур мебошад. Дар ҷумҳурӣ теъдоди умумии хонандагон қариб 2 миллиону 196 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд” 2,5 миллион метри мураббаъ матоъ истеҳсол менамояд. Эҳтиёҷоти умумии корхонаҳои дӯзандагӣ ба матоъ наздики 8,5 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки корхонаҳои дӯзандагӣ, дар маҷмуъ, қариб 30 дарсад бо матои худӣ таъмин шудаанд ва беш аз 70 дарсади матоъ бошад аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Россия, Чин, Беларус, Ӯзбекистон ва Туркия, ворид мешавад. 
Ба гуфтаи мутахассисон, матое, ки дар дӯхти либос истифода мешавад, маҳсулоти омехтаанд. Мувофиқи стандарт, матои либосҳои мактабӣ бояд 60 дарсад пахта ва 40 дарсад сунъӣ бошад. Барои тавлиди матоъҳои пахтагӣ бо Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил” корҳо вусъат меёбанд. Бар замми ин, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидани корхонаҳо мушкили бесифат истеҳсол шудани либоси мактабиро бартараф мекунад, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар соли ҷорӣ ҳалли масъаларо бо пурзӯрнамоии панҷ корхонаи калонтарини ресандагӣ ваъда медиҳад. Истеҳсоли беш аз 3 миллион либоси мактабӣ дар соли хониши 2022 – 2023 пешбинӣ шудааст.
 
МУТАХАССИС НАМЕРАСАД
Нарасидани мутахассисони соҳибкасб ва тарроҳон мушкили дигари ҳалталаби соҳа мебошад. Дар аксар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ маҳз тарроҳон, технолог – конструкторон, бозоромӯзон ва мутахассисон оид ба назорати сифати маҳсулот намерасанд. Баъзе кормандони корхонаҳои дӯзандагӣ таҷриба ва ҳунари хуби тарроҳӣ надоранд, ба кор низ ҳавасманд  нестанд. Ин ҳолат масъулони соҳаро сахт ба ташвиш овардааст. 
Дар робита ба ин, Шералӣ Кабир чунин гуфт: «Барои баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳибкасб аксари кормандони корхонаву коргоҳҳо барои бозомӯзӣ ба Туркия сафарбар карда мешаванд. 
Дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани таҷрибаи Туркия хеле бамаврид мебошад. Дар нақша аст, ки бо назардошти таҷриба андӯхтани мутахассисони соҳа кори 5 корхонаи калонтарини дӯзандагӣ вусъат дода шуда, барои дастгирии дигар коргоҳҳои хурд мусоидат мекунад». 
Мутахассисони ботаҷриба зарур мешуморанд, ки барои беҳтар кардани истеҳсолот робитаи таҷрибаомӯзии муҳассилини муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври дилхоҳ роҳандозӣ карда шавад. Инчунин, барномаҳои таълимӣ бештар ба дарсҳои таҷрибавӣ равона гарданд. 
- Яке аз тадбири самарабахши таъминоти кадрии соҳа ба истеҳсолот ҷалб кардани хатмкунандагони лаёқатноки муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Барои истеҳсоли моли рақобатпазир бояд кадрҳои лаёқатманд тарбия ёбанд, - гуфт Абдурауф Пӯлодов.

БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Барои рушди минбаъдаи соҳа ва зиёд кардани истеҳсоли либоси мактабӣ коршиносон, ҳамчунин, амалӣ гаштани пешниҳодҳои зеринро мувофиқи мақсад медонанд: 
1. Байни волидайни хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар маҳалҳо мунтазам тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ ҷиҳати хариди либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ; 
2. Пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ бо фоизҳои пасттарини солона ба корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабӣ бо назардошти он, ки ин маҳсулот аҳамияти иҷтимоӣ дорад ва рушди он барои содироти маҳсулоти дӯзандагӣ ва дар оянда ба воридоти асъори хориҷӣ мусоидат хоҳад кард;
3. Бо ҷалби шарикони рушд ва лоиҳаҳои дахлдор ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисони соҳаи ҷумҳурӣ ва берун аз он; 
4. Мукаммалсозии барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ, ҷалби омӯзгорони баландихтисос дар онҳо ва сафарбар намудани кадрҳо ба муассисаҳои таълимии пешрафтаи хориҷӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи нассоҷӣ, дизайн ва маркетинг. 
Бо назардошти ҳалли ин ва чанд мушкилоти соҳаи мазкур, ки ба истеҳсоли либоси мактабӣ монеа эҷод мекунанд, аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд. Шояд, акнун кормандони соҳа масъаларо дар доираи эълон гардидани солҳои 2022 – 2026  «Солҳои рушди саноат» ҷиддӣ мегиранд ва барои бартарафсозии монеаҳо чораҳои муассир меандешанд!?
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2022    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 3088
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед