иқтисод
ВМКБ. НАРХУ НАВОИ МАҲСУЛОТ ТАҲЛИЛ ШУД
Машварати фаврии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, асосан, ба муҳокимаи масоили вобаста ба нарху навои маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар бозору нуқтаҳои савдои вилоят бахшида шуд. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр кард, ки вобаста ба ҳодисаҳои охири ҷаҳон, нооромиҳо дар Украина қурби доллару евро нисбат ба рубли русӣ ва асъори миллии тоҷикӣ хеле боло рафт. Дар баробари ин, дар пайи манъи воридоту содирот аз ҷониби ИМА ва Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Россия нарху навои маҳсулот дар Россия рӯ ба афзоиш ниҳод. Ин ҳолат ба соири кишварҳои пасошуравӣ ҳам бетаъсир намонд. Аз ҷумла, маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам як андоза қимат шуд. Бинобар ин, роҳбарияти вилоят бо мақсади пешгирии паҳн шудани воҳимаву таҳлукаи барзиёд байни мардум дар пайи ин қазия тасмим гирифт, ки дар вилоят барои танзими нарху наво, пешгирии қиматфурӯшии беасоси маҳсулот аз ҷониби баъзе соҳибкорону тоҷирон комиссияи босалоҳият ташкил намояд. Ба ин комиссия раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, идораи телевизион ва радиои вилоят ва дигар ниҳодҳои дахлдор шомиланд.
Раиси вилоят ба ҳайати комиссия дастур дод, ки ҳамарӯза аз нарху наво дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои савдои маҳсулоти ниёзи аввали мардум назорат бурда, ахборот пешниҳод намоянд. Зикр гардид, ки айни ҳол дар вилоят захираи маҳсулоти ниёзи мардум, мисли орд, равған, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ ва ғайра ба миқдори зарурӣ мавҷуд аст ва ин боиси ташвишу изтироби мардум бояд набошад. Ба ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ ҳам ба миқдори зарурӣ ин маҳсулот захира шудааст. Комиссия дар навбати аввал пеши роҳи афзоиши беасоси нархи маҳсулоти ниёзи аввалро гирифта, ҷиҳати вайронкунандагони низоми муайяни нарху наво чораҳои бетаъхир роҳандозӣ менамояд.
Ҳабиб Алимшоев, мудири шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, Насридин Сабзалиев, сардори раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят аз вазъи таъминоти бозор бо маҳсулоти ниёзи аввал ва нарху навои он дар гӯшаи деҳқон ва дигар нуқтаҳои савдои бозор ахборот доданд.
Мирзонабот Алишер, раиси вилоят намояндагии агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ-ро вазифадор намуд, ки ба ғайр аз нуқтаҳои мавҷуда савдои маҳсулоти агентиро дар чанд мавзеи дигари бозори марказии шаҳри Хоруғ ташкил намоянд. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз баландшавии нарху наво дар нуқтаҳои савдо шартномаҳо бо муассисаҳои тандурустӣ ва маориф бояд бетағйир боқӣ монанд.
Дар машварат мудири шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Қоимдодзода Зайнулараб, сардори филиали Бонки амонатгузории “Амонатбонк” дар вилоят Хуҷамриев Увайдо доир ба вазъияти захираи пулии бонкҳо иттилоъ дода, зикр намуданд, ки айни ҳол дар самти хизматрасонии бонкҳо мушкилии ҷиддӣ ба назар намерасад. Муваққатан фурӯши асъори хориҷӣ манъ шудааст, ки ин барои фаъолияти соҳибкорону тоҷирони вилоят, ки, асосан, аз маркази ҷумҳурӣ ва дигар минтақаҳои кишвар маҳсулот мехаранд, ягон мушкил эҷод намекунад.
Дастур дода шуд, ки байни мардум дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, ба ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоят дар назар аст, ҳамаҷониба омодагӣ дида, танзими нарху наво дар ин маърака таҳти назорати қатъӣ гирифта мешавад. Идораи телевизион ва радиои вилоят муваззаф гардид, ки ҳамарӯза аз вазъи бозор, нарху наво дар нуқтаҳои савдо барои сокинони вилоят маълумоти дақиқ ва шаффоф пешкаш намояд.
Дар машварат, ҳамчунин, ҷараёни омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Раиси комиссияи вилоятии даъват, муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода зимни ахборот зикр кард, ки бинобар маълумоти раисони ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ, дар вилоят захираи кофии даъватшавандагон мавҷуд аст. Танҳо дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Рӯшон айни ҳол мушкилот ҷой доранд, вале комиссияҳои даъват дар ин самт кор бурда истодаанд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ супориш дод, ки комиссариати ҳарбии вилоят ва ниҳодҳои ноҳиявии он корро дар ин самт пурзӯр намоянд. Махсусан, ба ноҳияи Роштқалъа, ки вазъияти хуб надорад, қувваи бештар бояд равона кард.
- Мо бояд бар хилофи онҳое, ки намехоҳанд, нақшаи даъвати баҳорӣ дар вилоят иҷро шавад, амал намоем. Нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бояд чун ҳарсола дар рӯзи аввали маъракаи даъват бо сари баланд ба иҷро расонем. Ин шаҳодати садоқати мардуми Бадахшон, хусусан ҷавонони вилоят, ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ин ҷойи нангу номуси вилоят мебошад, - гуфт дар анҷом Мирзонабот Алишер, раиси ВМКБ.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2022 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 1890