logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

 
ҚОТИЛИ ФИРОРӢ
боздошту истирдод ва 22 сол зиндонӣ шуд
 
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳабси нафаре хабар дод, ки ҳанӯз соли 2006 як сокини шаҳри Панҷакентро ба қатл расонда буд.
Тибқи иттилои манбаъ, маҳкумшуда Сироҷиддин Суяров, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҳамчун сарбози қаторӣ хидмат мекард, 20 августи соли 2006 дар деҳаи Чилчанори шаҳри Панҷакент шаҳрванд Х. Норбоевро ба ҳалокат расонда, худи ҳамон шаб аз Тоҷикистон фирор ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон паноҳ бурдааст. Ҷинояткор 30 сентябри соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар боздошт ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба С. Суяровро Сарпрокуратураи ҳарбӣ бо моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятӣ анҷом дода, айбдоршаванда бо ҳукми Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
 
 
РИШВА
раиси ҷамъияти «Матлубот»-ро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Меҳринисо Раҳимоваро бо моддаи 279 қисми 3 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) Кодекси ҷиноятӣ анҷом дода, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуд.
 
Дар ин бора маркази матбуоти агентӣ хабар дода, зикр намуд, ки Меҳринисо Раҳимова «дар вазифаи раиси раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст». Тавре гуфта мешавад, ӯ барои вобаста намудани нуқтаи савдо ба шаҳрванд «А» аз ӯ 27000 сомонӣ талаб намуда, дар навбати аввал 10000 сомонӣ гирифта, ҳангоми гирифтани 17000 сомонии дигар дастгир шудааст. 
 
 
ДУЗДӢ
Ҷавони 19-сола 75 ҳазор сомониро дуздида ба дасти милитсия афтод
 
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод ҷавони 19 – солаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад.
 
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбар 23 марти соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии зани 41-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз дохили сандуқи соҳибхона 75 ҳазор сомониро дуздидааст, ки нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2022    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 3100
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед