logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815,  мод. 816; с.2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611;   с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9,   мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, №4, мод. 197; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1810, №1811), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 293 сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар бораи ҷойгир намудани ҳукм дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ;».
2. Ба моддаи 348 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Баъд аз эълон кардани ҳукм раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани ҳукмро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1853
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ 
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 феврали соли 2022, № 626
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 237
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.1, мод.6, мод.7; с.2010, №1, мод.6; с.2012, №7, мод.721; с.2014, №7, қ.1, мод.388, №12, мод.821; с.2015, №11, мод.953; с.2016, №5, мод.360; с.2018, №1, мод.6; с.2019, №1, мод.6, №6, мод.314; с.2020, №7-9, мод.603; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1817), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати ҳаштуми моддаи 124 пас аз калимаҳои «гирифта шудааст,»  калимаҳои «хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро,» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 210:
- ба номи модда пас аз калимаи «муайян» калимаҳои «ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян» илова карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Ҳангоми қабул намудани ҳалнома оид ба уҳдадор намудани ҷавобгар барои худдорӣ намудан аз содир намудани амали муайян суд бояд дар ҳалнома зикр намояд, ки ҷавобгар аз содир намудани кадом амали муайян худдорӣ намояд.».
3. Ба қисми 1 моддаи 367 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- зикри қаблан боздошт гардидани иҷрои санади судӣ;».  
4. Ба моддаи 370 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Боздошти иҷрои санади судӣ дар марҳилаҳои назоратии судӣ ба судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони ин судҳо, судяи Суди Олӣ, муовинони Раиси Суди Олӣ, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз як маротиба иҷозат дода мешавад.».
5. Сархатҳои дуюм ва шашуми  моддаи 422 хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 423:
- дар қисми 1: 
- дар сархати дуюм калимаҳои «, чорум ва панҷуми» ба калимаҳои «ва чоруми» иваз ва калимаҳои «аз хизмати ҳарбӣ озод шудан ё оғози хизмати ҳарбӣ мутобиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи «ҳафтуми» ба калимаи «панҷуми» ва аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шаванд;
- сархати чорум хориҷ карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад.
7. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 424 калимаҳои «мусодира гардидааст» ба калимаҳои «гирифта шудааст» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 1 моддаи  428 калимаҳои  «Агар суд» ва «моддаи 425»  мувофиқан ба калимаҳои «Агар иҷрочии мақомоти иҷро» ва «моддаҳои 427 ва 4271» иваз карда шаванд. 
9. Ба сархати ҳафтуми моддаи 432 пас аз калимаҳои «барқии маишӣ» калимаҳои «, ба истиснои ду ва зиёда адад мавҷуд будани онҳо» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1855
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ 
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2022, № 647
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 240
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №7, мод.505; с.2003, №12, мод.683; с.2004, №7, мод.455; с.2005, №3, мод.127; с.2008, №3, мод.190, №12, қ.1, мод.987; с.2010. №7, мод.552, №12, қ.1, мод.810; с.2011, №6, мод.443; с.2012, №4, мод.255, №7, мод.716, №12, қ.1, мод.1018; с.2013, №7, мод.507, №12, мод.880; с.2015, №11, мод.951, мод.952; с.2016, №3, мод.129, №5, мод.358, №11, мод.876; с.2017, №7-9, мод.567), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 23, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 30, қисми 2 моддаи 31, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 198 ва моддаи 203 калимаҳои «иҷрочии суд» ва «иҷрочиёни суд» мувофиқан ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» ва «иҷрочиёни мақомоти иҷро» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 30:
- дар қисми 2 калимаи «сӣ» ба калимаи «шаст» иваз карда шавад;
- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мӯҳлати мазкур аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳисоб карда мешавад.».
3. Дар қисми 1 моддаи 198 калимаҳои «мақоми» ва «молиявиро» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти» ва «молия ва идораи амволи давлатиро» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 200:
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд;
- дар ном ва қисмҳои 1, 4 ва 5 калимаҳои «иҷрочии суд» ва «Иҷрочии суд» мувофиқан ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» ва «Иҷрочии мақомоти иҷро» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 201 калимаҳои «мақоми» ва «молиявӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти» ва «молия ва идораи амволи давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Моддаи 202 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 202. Ба мақомоти дахлдор супоридани молу мулки мусодирашуда
1. Молу мулки мусодирашуда мувофиқи талаботи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин  модда  пас  аз  қонеъ  намудани тамоми  даъвои  (талаботи)  тибқи 
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшуда пешниҳодгардида ба мақомоти дахлдор супорида мешавад.
2. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти молия супорида мешаванд.
3. Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.
4. Хароҷоти интиқол, нигоҳдории молу мулк, барқарорсозии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва техникӣ аз ҷониби мақомоти дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида пардохт карда мешаванд.
5. Вобаста ба даъво, ки бояд аз ҳисоби молу мулки мусодирашудаи маҳкумшуда қонеъ гардонда шавад, давлат дар ҳудуди дороӣ ҷавоб медиҳад.». 
7. Дар моддаи 204:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «молия» калимаҳои «ва идораи амволи давлатӣ» илова карда шаванд.
- дар қисми 2 калимаи «молиявӣ» ба калимаҳои «молия ва идораи амволи давлатӣ» иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Тартиби ихтиёрдорӣ, нигоҳдорӣ, баҳодиҳӣ ва фурӯши молу мулки ба манфиати давлат мусодиракардашуда аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1854
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ 
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2022, № 651
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 238
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 388, №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360; с. 2018, №1, мод. 6; с. 2019, №1, мод. 6, №6, мод. 314; с. 2020, №7-9, мод. 603; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1817), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 7 моддаи 11 пас аз калимаҳои «шахсони иштирокчии мурофиа» калимаҳои «, намояндаи ташкилотҳо» илова карда шаванд.
2. Ба моддаи 199 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Баъд аз эълон кардани ҳалнома раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани ҳалномаро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.».
3. Ба қисми 2 моддаи 234 сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар бораи ҷойгир намудани ҳалнома дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1856
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 феврали соли 2022, № 622
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ 
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад. 
  
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 239
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719; с. 2013, №3, мод. 180;  с. 2015, №11, мод. 954; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, №1, мод. 7, №7-8, мод. 523; с. 2019, №1, мод. 7; с. 2020, №4-5, мод. 235, №12, мод. 905; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1818), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1232 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар бораи хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро арз шуда бошад;».
2. Ба қисми 1 моддаи 272 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- зикри қаблан боздошт гардидани иҷрои санади судӣ;».  
3. Ба моддаи 275 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Боздошти иҷрои санади судӣ дар марҳилаҳои назоратӣ ба судя, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ на бештар аз як маротиба иҷозат дода мешавад.».
4. Сархатҳои дуюм ва шашуми  моддаи 3002  хориҷ карда шаванд.
5. Дар моддаи 3003:
- дар қисми 1:
- дар сархати дуюм калимаҳои «, чорум ва панҷуми» ба калимаҳои «ва чоруми» иваз ва калимаҳои «аз хизмати ҳарбӣ озод шудан ё оғози хизмати ҳарбӣ мутобиқи қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» хориҷ карда шаванд; 
- дар сархати сеюм калимаи «ҳафтуми» ба калимаи «панҷуми» ва аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шаванд;
- сархати чорум хориҷ карда шавад;
- қисми 3 хориҷ карда шавад. 
6. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 3004  калимаҳои «мусодира гардидааст» ба калимаҳои «гирифта шудааст» иваз карда шаванд.
7. Ба қисми 6 моддаи 301 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Нусхаи таъинот ба ситонанда, қарздор ва иҷрочии мақомоти иҷро фиристонида мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1857
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси 
мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2022, № 649
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 241
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7 - 9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018,  № 1,  мод. 8,  № 5,  мод. 270,  мод. 271; с. 2020, № 1, мод. 7,  № 7 - 9, мод. 601,  мод. 605,  мод. 622, № 12,  мод. 902,  мод. 903; с. 2021, № 1 - 2, мод. 4, № 4, мод. 194, мод. 195, № 6, мод. 386; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1816) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 138:
- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар бораи ҷойгир намудани қарор дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ.». 
2. Ба моддаи 144 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Баъд аз эълон кардани қарор раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани қарорро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд. Дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1858
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 феврали соли 2022, № 624
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
  
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 243
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Қисми 2 моддаи 97 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7 - 9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ.1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод.133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод.8, № 5, мод. 270, мод. 271; с.2020, №1, мод. 7,   № 7 - 9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, № 12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, № 1 - 2, мод. 4, № 4, мод. 194, мод. 195, № 6, мод. 386; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1816), дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати маводи нашъаовар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, сардорони раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, сардорони шуъбаҳои байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1859
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2021, № 616
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 242
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1816) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 93 рақами «5274» ба рақами «5275»  иваз карда шавад.
2. Моддаи 238 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 238. Иҷрои қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад
1. Қарори мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз ҷониби субъектҳое, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намудаанд,  мувофиқи талаботи ҳамин модда иҷро карда мешавад.
2. Маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошанд, ба истиснои молу мулке, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти молия супорида мешаванд.
3. Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошанд, ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд.
4. Қарори судя дар бораи мусодираи cилоҳ, тир, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ иҷро карда мешавад.
5. Қарори судя дар бораи мусодираи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷро карда мешавад.
6. Қарори судя дар бораи мусодираи партовҳои радиоактивӣ ва моддаҳои кимиёвӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ  иҷро карда мешавад.
7. Нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ва фонограммаҳо, маводу таҷҳизоти барои иҷрои онҳо истифодашаванда ва дигар олоти содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бояд нобуд карда шаванд, ба истиснои ҳолатҳои супоридани нусхаҳои мусодирагардидаи асарҳо ё фонограммаҳо ба дорандаи ҳуқуқҳои муаллиф ё ҳуқуқҳои вобаста ба он дар асоси хоҳиши ӯ.
8. Ҳангоми супоридани ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, санад тартиб дода шуда, номгӯи пурра ва дақиқи ҳар як ашё, аломати фарқкунандаи он, аз ҷумла вазн, ҳаҷм, ранг, намуд, андоза, дараҷаи фарсудашавӣ ва хусусиятҳои хоси молу мулк зикр карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1860
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2022, № 645
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.  
    
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 244
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 - 10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7 - 9, мод.707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод.5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7 - 9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод.8, № 6, мод.312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод.6, № 7-9, мод. 604, мод.606, мод.621, № 12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, № 6, мод. 384, мод. 385; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1812, № 1813, № 1814, №1815), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 5275 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 5275. Иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор
1. Барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист  ва ба шахсони ҳуқуқӣ  аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
2. Аз моддаи 530 калимаҳои «, инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд» хориҷ карда шаванд.
3. Моддаи 5301 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 5301. Иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ
1. Барои иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист  ва ба шахсони ҳуқуқӣ  аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1861
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2022, № 643
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.  
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 245
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7 - 8, мод. 608; с. 2012, № 7, мод. 684, № 12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, № 3, мод. 209, № 7 - 9, мод. 706; с. 2016, № 5, мод. 371, № 7, мод. 619, № 11, мод. 878; с. 2017, № 1 - 2, мод. 13, № 5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, № 1, мод. 12; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1819) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Рӯзи кормандони мақомоти адлия – 20 апрел;»;
- сархати чилум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ – 26 июл;»; 
- сархати шасту шашум хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1862
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 декабри соли 2021, № 614
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 246
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО 
БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 12, қ. 1, мод. 681) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати дуюми банди 2) қисми 1 моддаи 122 хориҷ карда шавад.
2. Ба моддаи 123 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1-5 моддаи мазкур, муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозӣ, ба истиснои муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи 131 Кодекси мазкур, 15 солро ташкил мекунад.».
3. Дар моддаи 131:
- дар қисми 1:
- дар банди 5) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад; 
- банди 6) бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«6) ҳангоми офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ), ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) ва ҳолатҳои дигари шабеҳ, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд.».
- қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«2. Новобаста ба муқаррароти Кодекси мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад қарзи андозии андозсупорандаро беэътимод эътироф намояд. 
3. Тартиби беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.»;
- қисми 4 хориҷ карда шавад.
4. Дар қисми 4 моддаи 251:
- дар сархати чордаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад; 
- сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«- воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо.».
5. Дар қисми 1 моддаи 286:
- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад; 
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«- воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо.».
6. Ба моддаи 397 қисмҳои 16 ва 17 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«16. Аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 қитъаҳои замине, ки барои тутзорҳо истифода мешаванд, бо андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ андозбандӣ карда намешаванд. 
17. Аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз он истеҳсолшаванда машғуланд, аз рӯи ин намудҳои фаъолият андозбандӣ карда намешаванд, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1867
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН       
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 14 марти соли 2022, № 667
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 251


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2022    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 2001
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед