logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ВАРЗИШГАРОНИ 27 ДАВЛАТРО БА ҲАМ ОВАРД

 
Шуруъ аз 25 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ оғоз гардид, ки то 30 март идома меёбад. Дар чорабинӣ 428 намоянда аз 27 давлати қора иштирок дорад. Президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен, президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳари ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал-Шафар меҳмонони чорабинӣ ҳастанд.  Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар чемпионат ҷавонони аз 19 то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд маҳорат месанҷанд.
 
ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВЕЛОСИПЕДРОНИИ КӮҲӢ ОМОДА АСТ
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал-Шафарро ба ҳузур пазируфт.
Давид Лаппартиен ва Осама ал-Шафар барои дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи олӣ ҷараён доштани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод кард, ки барои муаррифӣ ва рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон солҳои оянда мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ гузаронда шавад. Вобаста ба ин масъала ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд. Зикр гардид, ки баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ин чорабинии варзишӣ дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.
Иброз гардид, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.
 
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ БА РУШДИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МУСОИДАТ ХОҲАД КАРД
Дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ, ҳамчунин, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ ҷаноби Давид Лаппартиен, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал - Шафар ва президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳари мулоқот намуд.
Таъкид гардид, ки соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи тадбирандешиҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи варзишгарони касбӣ, гузарондани чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шуд.
 
НАТИҶАҲОИ ЧАНД РӮЗИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТ
Дар рӯзи аввал мо шоҳиди сабқатҳои даставӣ миёни мардҳо ва бонувон, инчунин, қувваозмоиҳои варзишгарони имконияташон маҳдуд гардидем.
26 март дар рӯзи дуюм, сабқатҳои инфиродӣ миёни ҷавондухтарон дар масофаи 15 км, ҷавонписарон ва ҷавонписарони то 23-сола дар масофаи 24 км доир гашт. Дар сабқати духтарон варзишгари Ӯзбекистон Анна Кускова ғалаба кард. Миёни писарон Алексей Ваганов аз Қазоқистон ва миёни писарони то 23-сола Аҳмад Мадан аз Баҳрайн ғолиб омаданд.
Ду варзишгари мо - Наҷибулло Рустамов миёни ҷавонон ва Манучеҳр Юнусов миёни ҷавонони то 23-сола дар масофаи 24 км ширкат карданд. Наҷибулло бо натиҷаи 0:35:10.864 (миёни 8 иштирокчӣ) ва Манучеҳр бо натиҷаи 0:32:48.407 (миёни 12 иштирокчӣ) ҷойи ҳафтумро ишғол карданд.
27 март се сабқат баргузор шуд. Сабқатҳои инфиродӣ миёни мардон, бонувон ва духтарони то 23-сола дар масофаи 24 км сурат гирифтанд.
Миёни бонувон ва мардҳо варзишгарони Қазоқистон Рината Султонова ва Евгений Федоров ғалаба карданд. Миёни бонувони то 23-сола бошад, намояндаи Ӯзбекистон Янина Кускова пирӯз шуд.
Варзишгари тоҷик Раҳимҷон Аминов дар масофаи 24 км ширкат карда, бо натиҷаи 40:23.320 (миёни 11 иштирокчӣ) ҷойи ёздаҳумро гирифт.
28 март се сабқат миёни ҷавонон сурат гирифт. Дар ин рӯз духтарон дар масофаи 61 км, бонувони то 23-сола дар масофаи 111 км ва ҷавонписарон дар масофаи 130 км сабқат карданд.
Миёни бонувони ҷавон ва ҷавонписарон варзишгарони Ӯзбекистон София Каримова ва Самандар Султонов ғалаба карданд. Миёни ҷавонони то 23-сола бошад, намояндаи Қазоқистон Глеб Бруссенский пирӯз омад.
Дар рӯзи чорум миёни бонувон ду варзишгари тоҷик Гулшан Қурбонова, Гулширин Ҷумъақулиева, миёни ҷавонписарон Наҷибулло Рустамов, Ҷамолиддини Ҷумъахон, Фирдавсҷон Қодиров, Абдусамад Одилов ва миёни ҷавонписарони то 23-сола Манучеҳр Юнусов, Манучеҳр Абдуллоев, Хуршед Маҳмадалиев, Муҳаммадҷон Азизов иштирок карданд. Натиҷаи беҳтарро Наҷибулло нишон дод. Ӯ масофаи 111 километрро бо натиҷаи 3:21:06 тай намуда, миёни 32 иштирокчӣ ҷойи 10-умро ишғол кард. Манучеҳр бошад, бо натиҷаи 3:21:06 миёни 32 нафар 16-ум шуда, ба марра расид.
Рӯзи панҷум дар гурӯҳҳои бонувон ва духтарони то 23-сола дар масофаи 111 км ва мардҳо дар масофаи 174 км сабқат карданд. Миёни бонувон варзишгари Қазоқистон Акпеиил Оссим, варзишгари Ветнам Зи Зат Нгуйен ва байни мардҳо Игор Чжан аз Қазоқистон ғалаба карданд.
Се варзишгари тоҷик Аннасултон Аманова, Файзихон Суфиева, Мутриба Абдуҷалилова, миёни мардҳо чор варзишгар – Умедҷон Қӯзиев, Раҳимҷон Аминов, Ҷовидон Қӯзиев ва Андрей Булаев ширкат варзиданд.
30 март мусобиқаи инфиродии умумӣ дар масофаи 111 км доир мешавад.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2022    №: 60    Мутолиа карданд: 1064
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед