logo

ҳуқуқ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ҚАРЗИ ВИҶДОНӢ ВА НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!

Артиши миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳимтарини муташаккил буда, асоситарин пояи давлату миллати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин мақоми ҳарбӣ аз замони таъсис то ин ҷониб собит намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худ устуворона қадам мегузорад. Маҳз хидмати содиқонаи ҳомиёни кишвар аст, ки имрӯз мо, сокинон ва шаҳрвандон, дар фазои амну осоиш ва ваҳдати миллӣ фаъолият дорем. 
Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои шоёну қобили таҳсини сарбозону афсаронро ба назар гирифта, ин родмардони ватанро бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз ва қадрдонӣ мекунад. Дастгириҳо ва роҳнамоии мунтазами Пешвои миллат аст, ки дар Артиши миллӣ ба масъалаҳои баланд  бардоштани  сатҳи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавӣ таваҷҷуҳи доимӣ ба назар мерасад. 
Дар ҳамин радиф хидматҳои шоёни сарбозон ва афсарони шуҷои Ватан, афзун гардидани сафи довталабони ҷавон ба хизмати ҳарбӣ, баъзе нохалафону хоинони миллат барои амалӣ намудани ҳадафҳои пасту разил ва нопоки худ ҳар гуна иттилои бардурӯғро дар байни мардум паҳн месозанд. Ин дар ҳолест, ки ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси миллати тоҷик хуб медонад, ки мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст. 
Агар ба саргаҳ ва бунёди фарҳангии хеш назар намоем, маъмуламон мегардад, ки ҳифзи Ватан ва марзу буми он яке аз арзишҳои меҳварии авастоӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан дар матнҳои авастоӣ мафҳумҳои аз қабили немания – аъзои оила, висия - эзидон, шаҳр, фравашиҳо – фариштаҳои кишвар, вира - мард, сарбоз, нафа – иттиҳод, вис – маънии масканро дорад, ки онҳо мавриди ситоиш қарор мегиранд. Дар осори баъдӣ, махсусан дар "Шоҳнома"-и  Фирдавсӣ Ватану ватандорӣ, ҳифзи он, муқобилият ба бегонагон яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, ҳанӯз аз қисми асотирии "Шоҳнома" муҳим будани Ватану ватандорӣ, зодгоҳ, дифои қаламрав бисёр муҳим арзёбӣ мешаванд. Дар қисми дувуми он низ ҳамагуна паҳлавонӣ, сипоҳдорӣ ва сипаҳсолорӣ, яъне ба тарзи дигар, бахши қаҳрамонии он ин қаҳрамонӣ намудан ба сарзамину Ватанро дорад. Ин ҳама бозгӯкунандаи он аст, ки арзиши ватандорӣ ва номуси диёрдорӣ ҳамеша барои мардуми мо ва барои фарҳанги миллиамон ниҳоят муҳим ба ҳисоб мераванд. Пас аз "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ то ибтидои асри XX тамоми донишмандону шоирон ва нависандагони мо ин мавзуъро ситоиш кардаанд ва барои пояндагии ин марз ва ин фарҳанг бо сухан, шеър, мусиқӣ ва илм кӯшиш ба харҷ додаанд.
Дар тули таърих миллатҳо ва давлатҳо ҳамеша барои ҳифзу бақои худ тавсия додани манофеашон аз артиш ва ниҳодҳои ҳарбию амниятӣ кор гирифтаанд. Дар ҷаҳони имрӯз низ артиш ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, муайянкунандаи бартарияти миллату давлат ва қудрати он ба ҳисоб меравад. Артиши миллии Тоҷикистон артиши нисбатан ҷавон, зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ бошад ҳам имрӯз қудрат ва тавони онро дорад, ки ин марзу буми муқаддасро ҳифз намояд, зеро ҳар сокини баномуси он сарбози ин Ватани биҳиштосост.
Қобили таъкиди хос аст, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳар нафар сароғоз аз падару модар, омӯзгор, соҳибкор ва тамоми ниҳодҳои ҷомеаро зарур аст, то арзиши ҳифзи марзу бум, хидмати ҳарбиро ба ҳайси як мактаби мардонагию ҷасорат таблиғ намоянд. Зеро ин марзу бум ва ин давлат аз мост ва бояд онро ҳимоя намоему зарур бошад дар роҳи ҳифзи хоки сарзамини худ ҷоннисорӣ кунем. Саркашӣ кардан аз хидмат ё фирор кардан аз он, оини ҷавонмардӣ набуда, ба маънои беэҳтиромӣ зоҳир кардан ба арзишҳои ватандориву меҳанпарастист. Аз ин рӯ, ҳар ҷавон бояд андеша ва дарк намояд, ки ин мактаби мардонагиро бояд гузашт, зеро номуси ватандорӣ аз ҳифзи Модар - Ватан оғоз мегардад. Ончунон ки таъмини пайвандон вазифаи инсонии ҳар кадоми мост, таъмини ҳифзи амният ва қаламрави ин Ватан низ аз муқаддасот ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди сарзамин аст.
Насли имрӯзи ҷомеа бояд ин масъулият ва шинохту огоҳиро дошта бошанд, ки кору амали гузаштагон ва ба мо интиқол додани ин сарзамин аз мубориз будан ва истодагарии аҷдодони бузургамон дар баробари аҷнабиёну ғосибон буд. Аз ин рӯ, мо низ дар навбати худ вазифадорем, ки ин амонатро беосеб ва бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузорем, то қарзи инсонию виҷдонии худро дар назди Ватану миллат сарбаландона иҷро карда бошем.
 
Фирдавс МИРЗОЁРОВ, 
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2022    №: 61    Мутолиа карданд: 2627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед