logo

иқтисод

РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ПЕШРАФТ

Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар самти таъсис ва ташаккули роҳҳои оҳани Тоҷикистон заминаи асосиро гузошт. Дуруст аст, ки соҳаи мазкур маҳз дар ин давра ташаккул ва тараққӣ кардааст. Дар замони шуравӣ роҳи оҳани Тоҷикистон, асосан, аз ду қисм: 1) шуъбаи Душанбегӣ; 2) қисми Ленинободии (ҳоло Суғдии) шуъбаи фарғонагии роҳи оҳани Осиёи Миёна, иборат буд. Албатта роҳи оҳан имрӯз яке аз бахшҳои  калидии соҳаи нақлиёти Тоҷикистон мебошад. Бо назардошти аҳамияти рӯзафзуни роҳи оҳан давлатҳои пешрафтаи дунё бо таҳкиму тараққӣ бахшидани соҳа бахше аз даромади буҷети давлати худро маҳз ба ин васила ба даст меоранд. 
Солҳои 90-уми асри ХХ барои роҳи оҳани Тоҷикистон солҳои душвор ба ҳисоб мерафт. Зеро аз як тараф барҳамхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷониби дигар сар шудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳҳои мо, аз ҷумла роҳи оҳан, таъсири манфӣ расонд.  
Дар чунин айёми ҳассосу мушкил корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  (КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон») 17 августи соли 1994 бо қарори Шурои вазирони ҷумҳурӣ дар асоси базаи Душанбегӣ ва қисми Ленинободӣ ташкил ёфт. Тавре маълум аст, замони таъсисёбии аввалин муассисаи расмии роҳи оҳани Тоҷикистон вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат дар ҳолати буҳронӣ рӯ ба рӯ буда, кишвар дар алангаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Бо вуҷуди он, дар зери иқдом ва кӯшишҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохтори идории ин ниҳоди иқтисодӣ ва коммуникатсионии мамлакат поягузорӣ гардид. Айни замон беш аз 80 дарсади ҳаҷми умумии боркашонии байналмилалии Тоҷикистонро роҳи оҳан бар дӯш дорад.  
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои рушди корҳои ободонии роҳи оҳан талош намуда, чораҷӯиҳои зиёдеро роҳандозӣ менамояд. Исботи ин гуфтаҳо дар таърихи хеле кӯтоҳи роҳи оҳан дар замони соҳибистиқлолӣ зоҳир мешавад. 
Корҳои сохтмонӣ дар ин бахш аз сохта ба истифода додани роҳи оҳани Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) – Кӯлоб оғоз мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти роҳи оҳани Қӯрғонтеппа– Кӯлобро ба инобат гирифта,  сарфи назар аз душвориҳои  замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ҳанӯз соли 1993 қарори идома додани ин сохтмонро қабул кард. Албатта, нооромии вазъи ҷумҳурӣ ба суръати сохтмон аз ҳар ҷониб халал мерасонд. Азбаски иқдому ниятҳои роҳбари ҷавони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо давлат сохтану обод намудан буд, чизе дар ин самт пеши роҳи вайро гирифта натавонист. Корҳои сохтмонӣ аз соли 1994 оғоз ёфта, навбати аввали он: Бохтар – Сангтӯда – Данғара бо дарозии 52 километр  7 сентябри соли 1998 ба истифода дода шуд. Моҳи сентябри соли 1999 бошад, сохтмони навбати дуюми ин роҳ: Данғара – Олимтой – Қурбоншаҳид – Кӯлоб бо дарозии 80 километр (дар маҷмуъ, 132 километр)  ба итмом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Аз 19 марти соли 2009 сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Бохтар (қисмати Ваҳдат – Ёвон, бо дарозии 40,7 километр) оғоз шуда, дар рӯзҳои Ҷашни 25 - солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ, яъне сентябри соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт. Дар тули ҳамин роҳ, инчунин, 3 нақб бо дарозии 3643 метр, 8 пул бо дарозии 683,2 метр  сохта шуд. Барои пурра сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин роҳ 985 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Ин роҳ барои рушди иқтисоди миллӣ ва васеъ шудани имкониятҳои соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Бино ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе– Қӯрғонтеппа ..., қадами устувори кишвари мо дар амалӣ намудани сиёсати ҳадафнок – пайвастан ба шабакаҳои роҳҳои оҳани фаромарзӣ ва васеъ намудани имкониятҳои нақлиёти роҳи оҳани кишвар мебошад». 
Ҳамин тавр, бо сохта шудани қисмати роҳи зикршуда, хати роҳи оҳани Душанбе – Бохтар – Кӯлоб бо ҳам пайваст ва он бо иштироки Сарвари давлат соли 2016 ба истифода дода шуд. Аҳамияти ин роҳро Пешвои миллат аз ҳар ҷиҳат барои мардуми Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: «Итминони комил дорем, ки  мавриди истифода қарор гирифтани роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб дар қатори дигар дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ барои боз ҳам беҳтар шудани некуаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисоди миллии мо нақши муҳиму арзишманд мебозад». 
Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёту КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» якчанд лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои байналмилалии оҳан мавриди омӯзиш қарор доранд. Рушди муносибатҳои неки дипломатӣ, махсусан бо давлатҳои ҳамҷавор, метавонад дар оянда боз дастовардҳои беназирро дар ин самт барои мо армуғон орад.    
Дар баробари ҳамаи ин, мо - шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қадри тамоми ин дастовардҳои миллату давлати худ бирасем ва онҳоро қадр намоем. Ҳама рушду комёбиҳоямон аз ниятҳои созанда ва беғарази мо сарчашма мегирад. Муттаҳиду якдил будан дар атрофи Роҳбари давлати худ ва сиёсати созандаи эшон, яке аз бузургтарин муваффақиятҳои мо дар ҳама ҷодаҳо мебошад.  
 
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ, 
омӯзгори филиали Донишкадаи  
ҷумҳуриявии такмили ихтисос 
ва бозомӯзии кормандони
соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2022    №: 61    Мутолиа карданд: 1132
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед