иқтисод
«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН - 2022». ИҚДОМЕ БАҲРИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРОН
Аз 25 то 27 март дар Маҷмааи «Кохи Борбад» бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ширкати ватании «Тайрон» дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» намоиши маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ доир гардид, ки дар он беш аз 30 ширкати бонуфузи мамлакат маҳсулоту хизматрасонии худро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон ва меҳмонони зиёди хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ, аз ҷумла ширкатҳои овозадори “Рамазон”, “Файзи Расул”, “Покиза”, “Ҳавас”, “Баҳори пурфайз”, “Мармарӣ”, “Кок”,“Раҳмат-2004”, “Шоколате”, “Шири Душанбе”, “Молочная радост”, “Фаровон-1”, “Авитсена”, “Сиёма”, “Шоҳамбарӣ”, “Артел” Рамис”, “Химус”, “Евродент”, Маркази зебоии “Сафия”, “Қолинҳои форс”, “Париматч” ва “Ҳимоя”, маҳсулоти хушсифат ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои худро ба маърази тамошою фурӯш гузоштанд.
Иштирокдорони намоиш аз маҳсулоту хизматрасонии пешниҳоднамудаи истеҳсолкунандагон бо хушнудӣ пазироӣ намуда, ин чорабинии тиҷоратиро барои тавсеаи ҳамкориҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ таконбахш арзёбӣ карданд. Тавре Беҳбудулло Суннатуллоев, як нафар аз ширкаткунандагон, изҳор дошт, баъди боздид аз намоишгоҳ умеду бовараш ба самараи кори истеҳсолкунандагони ватанӣ бештар аз пештар гардидааст.
- Вақте ин қадар ғурфаҳои рангоранги намоишгоҳро, ки ширкати «Тайрон» ташкил намудааст, дидам, воқеан ба иқтидори рӯзафзуни соҳибкорони маҳаллӣ дар дилам эътимоди зиёд ҳосил шуд. То ин вақт тасаввуроти ман доир ба маҳсулоту хизматрасониҳои соҳибкорони худӣ хеле кам буд. Натиҷаи фаъолияти соҳибкорон, хусусан дар бахши молу маҳсулоти хӯрокворию сохтмонӣ, қобили ситоишу дастгирист. Ин ҳама пешравиҳои рӯзафзун бори дигар собит месозанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, хусусан ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, иқтисодиётро ба сӯи зинаҳои баланди рушд таҳрик медиҳад, - гуфт ӯ.
Ба иттилои ташкилкунандагони намоишгоҳ, лоиҳаи мазкур 10 сол боз амал менамояд. Ҳадаф аз роҳандозии он тарғиби молу маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба беҳтар намудан сифати он ва дастгирии соҳибкорони маҳаллист. Дар доираи иқдоми мазкур ширкатҳои ватанӣ имкон пайдо менамоянд, ки дар муҳлатҳои муайян ҷамъ омада, молу маҳсулоташонро ба таври васеъ пешниҳод намоянд. Намоишгоҳ баҳои воқеии истеъмолкунандагонро дақиқ месозад, ҳамзамон, дар байни ширкатҳо мубодилаи афкори ҳамкорӣ ва рақобати солимро ба вуҷуд меорад.
Дар чорабинии мазкур зери унвони “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ғолибонро худи истеъмолкунандагон-харидорон бо роҳи овоздиҳӣ баҳогузорӣ мекунанд. Овоздиҳӣ ба ҷонибдории иштирокчиёни лоиҳа дар сомонаи lmarka.tj сурат гирифта, ҳар нафар метавонад ба ҷонибдории тамғаи писандидаи худ овоз диҳад.
Ҳамзамон, ташкили намоишгоҳ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба ҳамдиёрони азиз шароит фароҳам овард, ки аз ин ҷо намудҳои гуногуни маҳсулоти гӯштию ширӣ, орду макарон, равған, тухм, намудҳои гуногуни қанду шоколад, кулчақандҳо, шарбатҳои мева ва дигар маводи ғизоиро бо арзиши паст дастрас намоянд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.03.2022 №: 61 Мутолиа карданд: 1128