logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. МАҲСУЛОТИ «ЗИРВЭКО» БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ СОДИРОТ МЕШАВАД

Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии шаҳри Хуҷанд, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки чанде пеш Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳр, бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти истеҳсолии маҳсулоти хӯрокворӣ аз чанд корхонаи саноатӣ дидан карда, нахуст бо фаъолияти корхонаи коркарди равғани ҶДММ «ЗирвЭко» шинос шуд. 
 
Корхона аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров таъсис ёфта, дар он дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани рустанӣ коркард мешавад. Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанӣ, инчунин, аз хориҷи мамлакат ба корхона дастрас гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила ва дар шароити пӯшида поксозӣ мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани безарар, баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода мегардад. Дар ҶДММ «ЗирвЭко» 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст.
- Барои нигоҳдории равған дар саҳни корхона, инчунин, дохили бинои асосӣ зарфҳои махсуси ба ҳама ҳолат тобовар гузошта шудаанд, ки ҳаҷми умумии ғунҷоиши онҳо ба 400 тонна баробар аст. Баъди коркарди пурра равғани рустанӣ бо тамғаи «Олия» ва «Софӣ» дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр бандубаст мешавад. Маҳсулоти корхона, асосан, дар бозори дохилӣ ба фурӯш рафта, ҳамчунин, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешаванд, - гуфт Маъмури Юсуфзод.
Дар анбори корхона 25 тонна равған ва 3 000 тонна ашёи хом захира шудааст.
Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки дар Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ин бобат баҳри расидан ба мақсадҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Дар ин давра барои расидан ба ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабулу амалӣ гардида, дар оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин фурсат заминҳои корам, ки бо номи заминҳои президентӣ машҳуранд, ба аҳолии кишвар дода шуданд. Соҳибкорони ватанӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз имтиёзоти давлату Ҳукумат дар заминҳои кишоварзӣ маҳсулоти ғалладона ва дигар зироатҳоро кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2022    №: 61    Мутолиа карданд: 1947
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед