logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. РАҲОӢ АЗ ЧАНГОЛИ ИСРОФ

Имсол ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 сол пур мешавад. Ин Қонуни миллӣ, воқеан, дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, шинохти дурусти асолати дин ва ҷашну маросими миллӣ таъсири мусбат гузошт. Дар пешравӣ ба ин иқдоми созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар кишварҳо низ чунин як қонунро қабул карданд. Ҳамзамон, эътироф намуданд, ки мавҷудияти ин гуна қонун, назорати иҷрои саривақтии он ногузир мебошад.
Бо қабули Қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ мо ба чӣ дастовардҳо ноил гардидем ва боз дар оянда барои назорату иҷрои он чӣ тадбирҳо бояд андешид? Дар атрофи ин мавзуъ Абдулқодири Раҳим, хабарнигори «Ҷумҳурият», бо Одинашоҳ Вализода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, ҳамсуҳбат гардид.
- Мехоҳам, суҳбатро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва ҳолати татбиқи он оғоз бахшем.
- Бояд ҳатман зикр кард, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Қонуни мазкур 8 июни соли 2007 қабул гардид. Он иборат аз 5 боб ва 16 модда мебошад.  Ҷиҳати татбиқи ин Қонуни миллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мамлакат 503 комиссияҳои доимӣ ва дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, 6176 комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият мекунад. Дар давоми зиёда аз 14 сол дар асоси дастури Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шакли китобча бо теъдоди як миллиону 100 ҳазор ва тафсири он бо теъдоди 60 ҳазор нусха чоп гардида, ба ҳар як оила расонда шудааст. Инчунин,  ба Қонуни мазкур чор маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010, 28 августи соли 2017 ва 25 июни соли 2021) тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.  
Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи танзими анъана ва ҷашну маросим бо роҳбарони сохторҳои дахлдор ва фаъолони мамлакат се маротиба (24 майи соли 2007,  4 июли соли 2013 ва 11 июли соли 2017) баргузор гардиданд.
- Оё қабули Қонун ба кам шудани теъдоди маъракаҳо мусоидат карда тавонист? Инчунин, риоя ва гузарондани урфу одатҳои қадимаи миллат аз нигоҳи қонун чӣ гуна аст?
- Бо қабули ин Қонуни миллӣ аз 70 номгӯйи ҷашну маросими расмӣ, зодрӯз, хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ ва ҳаҷ 55 номгӯяш барҳам хӯрд. Яъне, 15 номгӯйи он боқӣ монд. Дар Қонун мақсад, вазифа ва доираи амали танзими анъана ва ҷашну маросим пурра ифода гардидааст. Комиссияи доимии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ваколатдор мебошанд, ки тавассути тавсиянома ё дастури методӣ унсурҳои тӯйро бо нишон додани шумораи иштироккунандагон дар маросими никоҳ, теъдоди либосу ҷиҳози арӯс, гузарондани қоидаю одатҳо, ба монанди пойандоз, рӯйбинон, оинанамоишдиҳӣ, ороиши дастархон бо таомҳои миллиро мушаххас нишон диҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки баъзе маросим ва урфу одатҳо бисёр унсурҳои қадимиро нигоҳ дошта омадаанд, ки барои миллат ва фарҳанги он аҳамияти хос доранд.
Тӯйи домодию арӯсӣ маросими анъанавии ҳамаи халқҳост. Дар таркиби ин маросим бисёр расму одатҳои миллӣ ва маъракавӣ аз замонҳои қадим, тағйиру такмил ёфта, то ба замони мо омада расидаанд.  Тӯй маросими мураккаб буда, ба давраҳои хостгорӣ, никоҳ, тақдими сарупо ба домоду арӯс ва падару модари онҳо, додани оши тӯй, маросими домодталбон, арӯсбинон ҷудо мешаванд ва ҳамаи онҳо дар доираи талаботи Қонун баргузор мегарданд. 
Рисолати асосии комиссияҳои доимӣ андешидани чораҳо ҷиҳати риоя кардани талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, ҳамкории пайвастаи комиссияҳои доимиро бо ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тақозо дорад.
- Тавре зикр гардид, аз қабули Қонун 15 сол пур мешавад. Яъне, дастовардҳо дар ин маврид чашмрасанд. Аммо то ба ҳол қонунвайронкуниҳо низ мушоҳида мешаванд?
- Бале. Гарчанде дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расидаанд, аммо ҳанӯз ҳам қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта мешавад. Тибқи мушоҳидаҳо аксари қонунвайронкуниҳо дар ташкил ва гузарондани расму оинҳои баъди дафн бо иштироки ходимони дин рух медиҳанд ва комиссияҳои доимӣ бошанд, бетарафиро пеша мекунанд.  Мутаассифона, дар маросими дафну азодорӣ баъзе зиёдаравиҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мушоҳида мешаванд. 
- Шояд ин амалҳо аз надонистани Қонун сар мезананд? Дар хусуси омӯзиши саривақтиву беҳтари он чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
Дуруст аст. Дар асоси дастури Президенти мамлакат (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016) дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда шудааст.
Айни замон, омӯзишу риояи ин Қонуни миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст ва тавассути барномаҳои таълимиву истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ хонандагон низ аз урфу одатҳо огоҳ ҳастанд ва расму оинҳоро риоя мекунанд.
- То қабули Қонуни мазкур дар ин самт ягон санади ҳуқуқӣ амал мекард? 
- Бале. 9 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуд.
Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 27 ноябри соли 1999 «Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ» қабул гардид ва дар ҳайати он 22 нафар аз вазорату идораҳо шомил гардиданд.
Дар радифи фармони Сарвари давлат ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ комиссияҳои доимоамалкунандаи танзими анъана ва ҷашну маросим ташкил гардид. Бо кӯшиши пайгиронаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ аз моҳи ноябри соли 1999 то моҳи майи соли 2007 чорабиниҳои зиёде ба сомон расида ва тӯю дигар маросим нисбатан камхарҷ шуданд.
Масалан, соли 1999 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии зиёноварӣ ба пешрафти кору меҳнат дар ҳудуди шаҳр дар соатҳои барвақти субҳ ташкил намудани маъракаҳои серхароҷоти оши наҳорро манъ карданд (дар рӯзҳои корӣ низ аз соати 06:00 то 08:00 оши наҳор баргузор мегардид) ва гузаронидани тӯю маъракаҳо дар рӯзҳои корӣ пас аз соати 17:30 то соати 23:00 баргузор карда мешуданд.
Маросими динӣ ба зиёфатҳои бодабдаба табдил ёфта буданд ва дастархони маъракаҳои азодорӣ аз хурсандӣ кам фарқ мекард. Аксари мардум бештар на ба худи маросим, балки ба зиёфатҳо таваҷҷуҳ дошт. Ба ин нигоҳ накарда, дар рӯзҳои истироҳат аз соати 6-и субҳ  зиёфатҳо оғоз мегардиданд. Ҷашни зодрӯз низ баъди соати корӣ пурдабдаба мегузашт.
Дар шаҳри Хуҷанд баргузории маъракаҳо, аз ҷумла тӯйи домодию арӯсӣ ва хатнасур, хеле ташвишовар буд. Солҳои 90-ум маъракаҳои тӯй хеле вазнин мегузашт, ки он қабл аз ҳама, ба теъдоди зиёди меҳмонон вобаста буд. Кор ба ҷое расид, ки дар шаби тӯйи арӯсӣ, домодталабон то 1000 нафарӣ, дар оши наҳор бошад, то 1500 нафар иштирок мекарданд.
Солҳои охир, инсоният ба мушкилиҳои боз ҳам зиёд, аз ҷумла зиддияту ҷангҳои байни давлатҳо, вазъияти ноустувори молиявию иқтисодӣ ва пайдоиши сирояти нави бемории (COVID-19) рӯ ба рӯ гашт. 
Сокинони мамлакат такя ба талаботи Конуни танзим мақсаднок сарф кардани маблағ аз дороии худро дарк карданд. То қабули Қонун исроф ба проблемаи иҷтимоӣ табдил ёфта, баргузории маъракаҳои дафну азодорӣ ба саҳнаи рақобат табдил дода шуда буданд. Масалан, соли 2006 дар Тоҷикистон дар давоми як сол барои маросими дафну азодорӣ беш аз 250 ҳазор чорвои калону майда забҳ шуда бошад, дар соли 2021 барои ин маросим зиёда аз 61 ҳазор чорво (9 ҳазор чорвои калон ва 52 ҳазор чорвои хурд) сарф гардидааст. Ҳамин тариқ, Қонуни танзим ҳаёти маросимии мардумро аз чанголи исроф раҳо кард.  
Тоҷикистони муосир дар асоси Конститутсия ва меъёри конститутсионии дунявияти давлат эҳтироми ҳаққи мавҷудияти ақидаву андешаҳои дигари диниро дар мизони арзишҳои умумибашарии озодии эътиқод роҳандозӣ намудааст. Дар ҷомеаи мутамаддин беҳтарин анъанаву суннатҳои динии мо роиҷ ва густариш ёфт.
Зиндагӣ собит кард, ки иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои муҳофизату нигоҳ доштани расму таомул ва анъанаҳои миллӣ саривақтӣ ва зарурӣ буда, шароити зиндагии мардумро беҳтар ва маъракаву маросими асилро аз ҳар гуна хурофот ҷудо намуд. 
Албатта, бо боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дарки асолати дин, шинохти дурусти ҷашну маросими миллӣ, беҳбудии рӯзгор моҳияти ин Қонуни миллӣ бештару беҳтар маълум мегардад. Дар ин сурат ташаббусу иқдоми Пешвои муаззами миллатро накутар дарк мекунанд, қадрдонӣ менамоянд ва дар иҷрои он худ саҳми чашмрас мегиранд. Вақт ин ҳақиқатро собит сохт. Беҳтару шоистатар шудани зиндагӣ бо иҷрои ин Қонуни миллӣ ҳар касро вазифадор месозад, ки ба он арҷ гузорад ва, ҳамзамон, аз Сарвари давлат миннатдор  бошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2022    №: 61    Мутолиа карданд: 730
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед