logo

Хабарҳо

ДАР ПАЙИ БЕҲБУДИИ РӮЗГОРИ СОКИНОН БОШЕД! ТАЪКИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА МАСЪУЛОН

Таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи даҳуми маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он рафти иҷрои қарори маҷлиси вакилони халқи вилоят аз 25 декабри соли 2020, №110 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021 - 2025» дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам иттилоъ дод, ки дар вилоят 368 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 8 миллиард сомонӣ марҳила ба марҳила бояд амалӣ гардад. Айни замон 62 лоиҳа бо азхудкунии 15,6 фоизи маблағҳо сурат гирифта, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ҳамзамон, Маҷиди Муҳтадӣ, раиси ноҳияи Ховалинг, Садриддинзода Баҳриддин,  раиси ноҳияи Қубодиён ва дигарон вобаста ба корҳои анҷомёфта дар самти ободонӣ ва бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, боз ҳам беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ дохил кардани заминҳои бекорхобида, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси корхонаву сехҳои истеҳсолӣ ва бо ҷойи кор таъмини ҳарчи бештари бекорон  ибрози ақида карданд.
Ҳисоботи директорони генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳҳои байналмилалии Бохтару Кӯлоб» оид ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар вилоят шунида шуд. Фаъолияти фурудгоҳҳои Бохтар ва Кӯлоб хуб буда, таъмиру азнавсозии ҷойи пазироӣ, таъсиси гӯшаҳои таблиғотӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, хариди техникаҳои барои фурудгоҳ пешбинишуда аз фаъолияти назарраси онҳо бозгӯӣ мекунад.
Вакил Абдуалим Исмоилзода, раиси комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, бобати корҳои иҷрошуда дар якчанд ноҳияҳо ҳисобот дод. Ба андешаи ӯ, дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҳалталаб ҷой доранд ва  зарур аст, ки барои ислоҳи онҳо чораандешӣ шавад. Аз ҷумла, дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии дафну азодорӣ, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва риояи тарзи дурусти ҳаёти солим.
Дар охир Қурбон Ҳакимзода аз масъулон даъват ба амал овард, ки дар иҷрои масъулияти базиммадошта фориғболӣ накарда, сидқан дар пайи беҳбудии рӯзгори сокинони вилоят бошанд.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед