logo

Хабарҳо

Дар Чин нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон оғоз шуд

Известия. Дар Чин, сеюмин нишасти вазирони корҳои хориҷӣ дар формати кишварҳои ҳамсояи Афғонистон оғоз шуд. Дар ин бора   намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова   хабар дод. Вай ёдовар шуд, ки Россияро дар ин нишаст вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров намояндагӣ мекунад.
 
 
Дар ин нишаст, ки таҳти раёсати Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, баргузор мешавад, вазирони корҳои хориҷӣ ё намояндагони Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.
Дар ҷараёни конфронс ширкаткунандагон аз рӯйи чунин масъалаҳо, аз қабили мусоидат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, кумаку дастгирӣ ба мардуми афғон мубодилаи афкор ва мавқеъро мувофиқа хоҳанд кард.
 
 
Мулоқоти президентҳои Туркия ва Ӯзбекистон
CentralAsia (UZ). Бо даъвати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган бо сафари расмӣ вориди Тошканд шуд.
Сарварони давлатҳо доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Туркия бар пояи эҳтиром, дӯстӣ ва боварӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои шарикии стратегӣ, амиқсозии робитаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Сипас, ҷаласаи дуюми Шурои ҳамкориҳои стратегии сатҳи олии Ӯзбекистону Туркия баргузор шуд. Президентҳо батафсил самтҳои авлавиятнокро барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда дар назар гирифтанд. Бо назардошти миқёси ҳамкориҳои бадастомада ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав – шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расонанд. Дар анҷоми музокирот маросими баимзорасонӣ ва табодули санадҳо сурат гирифт.  
 
 
Чин дар тиҷорати сӯзишворӣ бо Россия гузаштан ба рубл ё юанро истисно накард
ТАСС.  Вазорати корҳои хориҷии Чин иттилоъ дод, ки ҳукуматдорони Чин имкони гузаштан ба рубл ё юанро дар ҷараёни тиҷорати сӯзишворӣ бо Федератсияи Россия рад намекунанд. 
«Истифодаи воҳидҳои пулии миллии худ дар раванди ҳамкории муназзами тиҷоратӣ ва иқтисодӣ метавонад барои пешгирӣ аз хатарҳои асъорӣ ва коҳиши хароҷоти марбут ба мубодилаи асъор кумак кунад», - гуфтааст ВКХ-и Чин.
Вазорати корҳои хориҷии Чин таъкид кард, ки ширкатҳои чинӣ ният доранд,  «бо назардошти тағйирот дар вазъи бозор» дар тиҷорат бо Федератсияи Россия аз рубл ё юан фаъолонатар истифода баранд. «Албатта, бо сабабҳои гуногун мо ҳисоббаробаркуниро бо асъори дигар кишварҳо анҷом медиҳем», - шарҳ доданд дар Вазорат.
 
 
 
Вазири корҳои хориҷии Фаронса муколамаи Макрон ва Путинро зарур мешуморад
ТАСС. Жан-Ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса, изҳори итминон кард, ки музокироти президентҳои Фаронса ва Россия Эммануэл Макрон ва Владимир Путин зарур аст.
Ле Дриан: "Муколамаро бо Президент Путин нигоҳ доштан лозим аст. Аз ин рӯ, Президент Макрон суҳбатҳои телефониро идома медиҳад, то имкони муколамаро нигоҳ дорад", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии France 24. 
Ба гуфтаи вазир, ҳангоми музокирот ҳар як ҳамсуҳбат мавқеи худро равшан баён мекунад. «Возеҳият дар муколамаи ҳар ду тараф мавҷуд аст. Чунин муколамаро нигоҳ доштан муҳим мебошад, то дар вақти муносиб гуфтушунидҳои  асоситар  ба амал оянд. Умедворам, ин лаҳза ба зудӣ фаро мерасад», - таъкид кард ӯ.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед